Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

НАТО боз ҳам Афғонистонро баррасӣ мекунад


Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон ва Андерс Фог Рассмусен, дабири кулли паймони НАТО. Акс аз бойгонӣ.

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон ва Андерс Фог Рассмусен, дабири кулли паймони НАТО. Акс аз бойгонӣ.

Афғонистон яке аз мавзӯъҳои меҳварии нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узви паймони НАТО хоҳад буд, ки фардо дар Бруссел баргузор мешавад.

Дар ин нишаст шеваи танзим ва идора намудани кӯмакҳои ваъданамудаи ин паймон ба Афғонистон баъд аз соли 2014, ки солона 4 миллиард долларро ташкил медиҳад, баррасӣ хоҳад шуд.

Як дипломатии НАТО гуфтааст, ки ҳукумати Афғонистон мехоҳад танзим ва роҳҳои идора намудани ин маблағҳоро дар ихтиёр дошта бошад, вале нигарониҳои Ғарб дар мавриди мавҷудияти фасоди густурда дар сохторҳои давлатии ин кишвар, ҷонибҳои мададрасонро водор мекунад, ки танзими ин кӯмакҳоро дар ихтиёри худ бигиранд.

Қарор аст, ки дар ин нишасти дурӯза, Афғонистонро Зулмай Расул, вазири умури хориҷии ин кишвар намояндагӣ намояд.

Нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узви паймони НАТО дар ҳоле баргузор мешавад, ки фишорҳо дохилӣ дар Ғарб дар мавриди поён додан ба ҷанги Афғонистон афзоиш ёфтааст. Ҷанге ки ба гуфтаи коршиносон ва огоҳи умур пешравии зиёде мушоҳида намешавад ва дирӯз дар идомаи ҳамин нооромиҳо, як пойгоҳи ҳавоии амрикоӣ дар шарқи Афғонистон мавриди ҳамлаи тундравон қарор гирифт.

Дар ин нишаст Ҳино Раббонӣ Кҳар, вазири умури хориҷии Покистон низ, ки кишвараш дар суботи Афғонистон нақши калидӣ дорад, ширкат хоҳад кард. Покистон ахиран ба озод кардани зиндониёни Толибон оғоз кардааст, то дар раванди сулҳи Афғонистон кӯмак намояд.

Сухангӯи НАТО гуфтааст, қарор аст дар ҳошияи ин нишаст вазирони умури хориҷии Амрико ва Русия дидору гуфтугӯ намуда, аз ҷумла масъалаи хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистонро баррасӣ намоянд.
XS
SM
MD
LG