Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳайати парлумонии НАТО дар Душанбе


Ассамблеяи порлумонии НАТО. Акс аз бойгонӣ.

Ассамблеяи порлумонии НАТО. Акс аз бойгонӣ.

Масъулони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, ҳайати Ассамблеяи парлумонии НАТО (Паймони Атлантики Шимолӣ) бо сафари серӯза ба Тоҷикистон омада, ҳамкориҳоро матраҳ хоҳанд кард.

Ҳайати Ассамблеяи парлумонии НАТО дар сафари серӯза ба Душанбе ҳамкориҳои ин созмони низомӣ бо Тоҷикистонро баррасӣ хоҳад кард. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ хабар дода ва гуфтанд, сафари ин ҳайат аз 22 июн то 24 июн идома мекунад.

НАТО беш аз 20 сол боз, баъди фурӯпошии Шӯрави собиқ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ дорад. Аммо чун вобастагии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Русия зиёд аст, онҳо дар самти ҳамкорӣ бо ин паймони низомӣ ҳамеша аз эҳтиёт кор мегиранд.

Александр Винников, намояндаи НАТО дар Осиёи Марказӣ, дар охири моҳи феврали соли равон дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе аз равобити НАТО бо кишварҳои минтақа тавсиф карда ва гуфта буд, ин ҳамкорӣ ба марҳилаи нав ворид шудааст. Ӯ таъкид кард, Паймони Атлантики Шимолӣ ҳеч кишвареро ба ҳамкорӣ маҷбур намекунад.

Намояндаи НАТО гуфт, ҳоло назарҳое вуҷуд дорад, ки Афғонистон ба дунболи фаъол шудани пайравони гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба Сурияи дувум табдил меёбад ва дар пайи ин ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хатар таҳдид мекунад.

"Воқеан, на танҳо Тоҷикистон, балки дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ аз эҳтимоли ташаннуҷи авзоъ нигаронанд. Албатта, мо фаъолшавии гурӯҳҳои ифротӣ дар ҳар минтақа, аз ҷумла дар Сурия ва Ироқро назорат мекунем, ба хусус, фаъолияти гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро, ки алакай нерӯ ҷамъ кардааст. Аммо барои мо чунин менамояд, ки кишварҳои Осиёи Миёна тавони хуби рӯёрӯӣ бо ин гуна гурӯҳҳоро доранд," -- изҳор дошт намояндаи НАТО дар Осиёи Марказӣ.

Оқои Винников дар идома гуфт, бо вуҷуди ин, ҷомеаи ҷаҳонӣ кишварҳои минтақаро дар рӯёрӯӣ бо гурӯҳҳои ҷангҷӯ танҳо нахоҳад гузошт ва афзуд, "бо кумаки ҷомеаи ҷаҳонӣ тавони ин кишварҳо боз ҳам хубтар хоҳад шуд. НАТО ҳамеша барои кумак омода аст."

Масъулияти иҷрои ваколатҳои сафорати НАТО дар Тоҷикистон дар солҳои 2015-2016 ба дӯши намояндагии дипломатии Олмон дар Душанбе вогузор шудааст. Дар ду соли гузашта ин масъулиятро сафорати Фаронса анҷом медод.

Ҳоло Тоҷикистон дар чорчӯби “Барномаи мушорикат ба хотири сулҳ” бо НАТО ҳамкорӣ дорад. “Барномаи мушорикат ба хотири сулҳ миёни НАТО ва Тоҷикистон” дар соли 2002 ба имзо расидааст. Тамосҳои Тоҷикистон бо НАТО ё Паймони Атлантики Шимолӣ аз тариқи Шӯрои ҳамкориҳои НАТО сурат мегирад. Ҳамкории Тоҷикистон бо ин Шӯро дар соли 1992 оғоз шуда буд. Ҳамкории назарраси Тоҷикистон бо НАТО дар охири соли 2001-ум бо оғози амалиёти байналмилалӣ бар зидди терроризм дар Афғонистон тавсеа ёфт.

Дар соли 2004 Тоҷикистон бо кишварҳои узви НАТО дар бораи транзити борҳо ва кумак ба амалиёти низомии НАТО ва нерӯҳои эътилофи ҷаҳонии зиддитеррористӣ ба имзо расид, ки то ба ҳол идома дорад. Ҳузури нерӯҳои ҳавоии Фаронса дар қаламрави Тоҷикистон низ бахше аз ин қарордод будааст. Ҳамкориҳои дигари НАТО тақвияти марз ва мубориза бо гурӯҳҳои ҷиноии фаромиллӣ аст ва ба ин далел НАТО дар Тоҷикистон курсҳои омӯзиширо ташкил мекунад ва дар ин замина омӯзиши ниҳодҳои Тоҷикистон барои ширкат дар размоишҳои низомии НАТО низ матраҳ аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG