Пайвандҳои дастрасӣ

НАТО ба истиқрори мушакҳои Патриот дар Туркия, розӣ шуд


Паймони НАТО рӯзи сешанбе ба пешниҳоди Туркия дар мавриди истиқрори мушакҳои Патриот дар қаламрави он кишвар, мувофиқат кард.

Ба гузориши Асошиэйтед пресс, намояндагони 27 кишвари узви НАТО дархости Туркия барои истиқрори мушакҳо дар марзи ҷанубии Туркияро тасвиб карданд. Туркия мегӯяд, ин дархостро танҳо барои дифоъ аз марзҳояш дар муқобили ҳамлаҳои эҳтимолӣ аз дохили хоки Сурия анҷом додааст.

Андерс Фог Рассмусен, дабири кулли НАТО ба хабарнигорон гуфт, ки ин паймон дар канори Туркия аст. Вай аз ҷумла гуфт, барои ҳар касе, ки бихоҳад ба Туркия ҳамла кунад, мо мегӯем, “ки ҳатто фикрашро накун!”

Дабири кулли НАТО дар Бруссел таъкид кард, ҷобаҷо кардани системаи мушакии Патриот ба маънои эҷоди минтақаҳои парвози мамнуъ дар Сурия ё ҳар гуна амалиёт алайҳи режими Башор Асад нест. Туркия қабл аз ин пешниҳод карда буд, ки як долони башардӯстона дар дохили хоки Сурия эҷод шавад, ки ба гуфтаи таҳлилгарон, эҷоди минтақаи парвози мамнуъ, аз ҷумлаи заруриёти он аст.

Бо ин ҳол, пас аз он ки чанде пеш аз дохили хоки Сурия ба Туркия мушакандозӣ шуд ва чанд шаҳрванди ин кишвар кушта ва захмӣ шуданд, Туркия низ пойгоҳҳои артиши Сурияро чанд дафъа мавриди ҳамла қарор дод. Парлумони Туркия низ ба артиши ин кишвар иҷозат дод, ки дар сурати зарурат, дар дохили хоки Сурия даст ба амалиёти низомӣ бизанад.

Мақомҳои ғарбӣ мегӯянд, системаи мушакии Патриот ба шевае танзим хоҳанд шуд, ки мушакҳо ё ҳавопаймоҳоеро, ки аз Сурия ба Туркия меоянд, раҳгирӣ кунанд. Ба гуфтаи ин мақомҳо, ҳидояткунандагони системаи зиддимушакии Патриот иҷоза нахоҳанд дошт ба ҳарими ҳавоии Сурия рахна кунанд.

Дабири кулли паймони НАТО мегӯяд, истиқрори системаи зиддимушакии Патриот метавонад таниши марзӣ миёни Сурия ва Туркияро коҳиш бидиҳад.

Дар ин баёния ҳамчунин аз азми Олмону Ҳолланд ва Амрико барои додани системаи зиддимушакии Патриот ба Туркия истиқбол шудааст. Русия аз шарикони деринаи Сурия гуфтааст, истиқрори ин система дар Туркия, сабаби авҷ гирифтани хусумату муноқиша мешавад. Андерс Фог Рассмусен гуфт, бо тасвиби дархости Туркия, мушакҳои Патриот дар муддати чанд ҳафта дар ихтиёри он кишвар гузошта хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG