Пайвандҳои дастрасӣ

Паҳлавонони маъруфи тоҷик - Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ва Ҳотамшо Эмомов - барандагони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи ҷумҳуриявии «Наврӯз-2014» гардиданд.

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии миллӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз 29-уми март дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Данғара бо ҳузури беш аз 15 ҳазор тамошогар баргузор шуд. Раҳматшо Камолов, сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, «дар ин мусобиқа, ки таҳти сарпарастии раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барпо гардид, 108 нафар паҳлавонон аз ҳамаи манотиқи кишвар ширкат доштанд. Мусобиқа дар нӯҳ вазн сурат гирифт ва ба голибон мукофотпулӣ ба маблағи 5000 сомонӣ супурда шуд. Инчунин, голибони мутлақи мусобиқа дар ду гурӯҳ – то вазни 75 кг ва аз 80 кило боло бо ҷоизаҳои олӣ - мошинҳои сабукрав – сарфароз гаштанд

Аз рӯи дараҷаи вазнҳо паҳлавонон Акмалиддин Каримов (55 кг, Душанбе), Ҷамшед Халилов (60 кг, Душанбе), Самандар Қаландаров (65 кг, Душанбе), Расул Абдушарифов (70 кг, ноҳияи Рӯдакӣ), Ғаффор Гадоматов ( 75 кг, Душанбе), Аҳтам Расулов (80 кг, Ҳисор), Саидҷалол Саидов (86 кг, Душанбе), Ҷумъахон Назаров (95 кг, Кӯлоб) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+95 кг, Душанбе) ҷойҳои аввалро касб карданд.

Баъдан гуштигироне, ки дар вазни худ ҷойҳои якуму дувумро гирифтанд, ба ду гурӯҳ тақсим шуда, барои шоҳҷоизаҳо талош карданд. Дар гурӯҳи аввал (то 75 кг) Ҳотамшо Эмомов аз ноҳияи Ёвон, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар рақибаш Ғаффор Гадоматов аз Душанбе ғолиб омад, бо мошини сабукрави тамғаи ВАЗ-014 сарфароз шуд.

Дар гурӯҳи дувум (аз 80 кг боло) Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ва Саидҷалол Саидов (ҳарду аз Душанбе) ба финал баромаданд. Қувваозмоии ниҳоӣ бо пирӯзии Абдураҳмонов поён ёфт ва ӯ соҳиби мошини сабукрави тамғаи «Hyundai Access» гардид.

Ҷоизаҳоро ба ғолибони мусобиқа Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Давлатшо Гулмамадов, раиси вилояти Хатлон ва Маҳмадулло Сайдалиев, раиси ноҳияи Данғара, супурданд.

Аксҳо аз ҷараёни гуштии Данғараро инҷо бубинед:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG