Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷомеашиносон: "Набояд қаҳрамонтарошӣ кунем"


Овезае бо акси Файзалӣ Саидов, аз раҳбарони Фронти халқӣ, ки дар ба сари қудрат овардани ҳукумати кунунӣ нақши бориз дошт.
Овезае бо акси Файзалӣ Саидов, аз раҳбарони Фронти халқӣ, ки дар ба сари қудрат овардани ҳукумати кунунӣ нақши бориз дошт.

Ҷомеашиносони Хатлон мегӯянд, мақомотро мебояд натанҳо аз тарғиби иштирокдорони муқовиматҳои сиёсии солҳои 90-ум даст бикашанд, балки барои рафъи осори он ҷанг, ки то ҳанӯз ба чашм мерасад, талош ба харҷ диҳанд.

Водии Вахши вилояти Хатлон дар солҳои ҷанги шаҳрвандии 1992-1997 дар Тоҷикистон мавзеъи аслии даргирӣ миёни ду ҷониби низоъ маҳсуб меёфт. Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси собиқи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсионии тоҷик, зодаи ноҳияи Вахш буда, дар ин водӣ аз маҳбубияти хос миёни мардум бархӯрдор буд. Аммо ҳамзамон таърихдонҳо нақшу таъсири қумандонҳои Фронти халқӣ, бахусус Сангак Сафаров, Файзалӣ Саидов, Лангарӣ Лангариев, дертар Хӯҷа Кариму Маҳмуд Худойбердиевро дар шаклгирии авзои минтақа дар солҳои 90-ум бузург мехонанд.

Ҷанги шаҳрвандӣ ҳазорҳо сокини Вахшонзаминро бехонаю фирорӣ кард, даҳҳо ҳазор кушта дод, ҷиноятҳои қатлу роҳзанӣ дар он солҳо ба авҷи аъло расида буд. То ҳанӯз мақомоти вазорати корҳои дохилӣ беш аз панҷ ҳазор ҷинояти нокушода аз солҳои 90-умро таҳқиқ дорад. Парвандаи кушта шудани Сангаку Файзалӣ ва Лангарӣ, мавридҳои қатли умумии даҳҳо ҷавонмард аз рустоҳои мардумони раштӣ, куштори ваҳшиёнаи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳайдар Қосимов ва дигар ҷиноятҳои пурсарусадои замони ҷанги шаҳрвандӣ то имрӯз нокушода боқӣ мондаанд.

Ҷомеашинос Ҷамолиддин Сайфиддинов мегӯяд, дар ҳоле ки маҳз навоҳии водии Вахш шоҳиди аслии низоъҳои ҳамватании солҳои 1992-1997 буд, то ҳанӯз осори ҷанг дар мисоли манзилҳои тахрибшуда, ноболиғони бепарастору хонаводаҳои нодору ниёзманд мушоҳида мешавад.

«Муноқишаҳои миллии солҳои 90-ум дар водии Вахш сарчашма мегиранд. Аввалин тир дар ҳамин ҷо ба ҳаво хест, аввалин низоъу даргириҳои мусаллаҳона дар ҳамин ҷо рӯй дода буд. Талафоти бисёри ҷонию молӣ ва иқтисодӣ дар Вахшонзамин сабт шуд. Ҳатто пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ҳам, ноҳияи Вахш тараққиёти зиёд надошт. Барои барқарор кардани хоҷагии халқи фалаҷшуда солҳои зиёд пушти сар шуд. Ҳоло ҳам хонаҳое ҳастанд, ки баъди дар ҷанг хароб шудан, пурра таъмиру тармим нашудаанд. Қисмати зиёди ҷавонон ва мардони қобили меҳнат, ки дар гузашта гуреза шуда буданд, ҳоло дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд ва манбаи асосии даромади хонаводагиашон ҳам ҳамин аст. На ҳамаи мардуме, ки гуреза шуда буданд, ҳоло зиндагии хуб доранд», - афзуд Ҷ. Сайфиддинов.

Вале мақомоти давлатӣ мегӯянд, то имрӯз тақрибан тамоми шаҳрвандоне, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ гуреза шуда буданд, ба ватан баргашта, феълан дар зодгоҳҳои худ зиндагии осоишта доранд. Масъулони ҳукуматҳои маҳаллӣ дар ҷаласаҳои расмӣ ва мулоқотҳо бо мардум ҳар дафъа аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ёд оварда, мардумро ба ваҳдату шукргузорӣ аз сулҳу салоҳ даъват мекунанд ва мегӯянд, «ҷанги шаҳрвандӣ қаҳрамон надорад». Аммо ҳамзамон бархеҳо дастовардҳои сулҳро танҳо ба як ҷониби сулҳ рабт медиҳанд. Ҳанӯз ҳам бархе мақомоти давлатӣ дар Вахшонзамин аз қумандонҳои замони ҷанг ба истилоҳ «қаҳрамонтарошӣ» мекунанд.

Пайкараи сарони Фронти халқӣ дар Бохтар (акс аз бойгонӣ)
Пайкараи сарони Фронти халқӣ дар Бохтар (акс аз бойгонӣ)
Абдуалим Исмоилов, раиси ноҳияи Бохтар, соли гузашта аз Файзалӣ Саидов, ки зодаи ҳамин ноҳияи вилояти Хатлон аст, ба унвони қаҳрамони миллӣ ном бурд: «Файзалӣ Саидов яке аз родмардони асили ноҳияи Бохтар буд, ки барои барқарор кардани сохти конститутсионии Тоҷикистон ҷони худро нисор кардааст. Имрӯз мо вазифадорем, ки номи ҳамин родмардони Ватан, қаҳрамонони миллат, номбардорони миллатро абадӣ гардонем…»

Ин изҳороти раиси ноҳияи Бохтар бо интиқоди ҷиддии ҷомеаи шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд. Иддае аз таҳлилгарони маҳаллӣ чунин баёнияҳои мақомоти давлатиро мисли «пошидани намак ба захмҳои бардоштаи мардум аз солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ» унвон карданд. Ҳайдар Алиев, раиси созмони хатлонии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, мақомотро мебояд натанҳо аз тарғиби иштирокдорони муқовиматҳои сиёсии солҳои 90-ум даст бикашад, балки барои рафъи осори он ҷанг талош ба харҷ диҳад. Вай ба вуҷуди нимпайкараҳои Сангаку Файзалӣ ва Лангарӣ, қумондонҳои Фронти халқӣ, ишора кард, ки аз арзиши фарҳангӣ тиҳӣ буда, бо таваҷҷуҳ ба одоби сиёсӣ бояд аз шаҳри Қӯрғонтеппа бардошта шаванд.

«Дар бораи ин нимпайкараҳо ба наслҳои оянда маълумот додан душворӣ пеш меорад. Чунки онҳо ба ҳодисаҳои бисёр нангини ҳаёти мардуми Тоҷикистон, ки ба ёд оварданашон эҳсосоти гуногун, аз ҷумла манфии одамонро ба бор меорад, бахшида шудааст. Ин хел ҳайкалу нимпайкараҳое, ки масалан ба якпорчагии миллату давлат халал мерасонанд, бояд нигоҳ дошта нашаванд», - афзуд Ҳ. Алиев.

Чанд сол муқаддам идораи фарҳанги вилояти Хатлон ҳам изҳор дошта буд, ки нимпайкараҳои замони ҷанги шаҳрвандӣ қимати фарҳангию бадеӣ надоранд. Масъулони идораи фарҳанг пешниҳод карда буданд, ки бояд осорхонаи вижаи замони низоъҳои ҳамватанӣ дар Тоҷикистон бунёд шуда, тамоми нимпайкараҳои қумондонҳо ва дигар осори боқимонда аз ҷанги шаҳрвандӣ он ҷо гирд оварда шаванд. Аммо бо гузашти чанд сол аз ин пешниҳод, ҳанӯз ҳам мақомоти расмӣ онро ба баррасӣ нагирифта, аз тасмими худ ҳам хабар надодааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тайи солҳои охир чанд ширкату корхона, кӯчаю хиёбонҳо ва қисмҳои ҳарбии вазорати мудофиа, ки номи Сангалу Файзалӣ ва Лангарӣ – қумандонҳои маъруфу замоне шуҳратёри Фронти халқӣ аз вилояти Хатлонро доштанд, батадриҷ табдил шуданд.
XS
SM
MD
LG