Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон имсол дар вазъе баргузор мешавад, ки бори аввал раҳбарону фаъолони як ҷониби сулҳ ё дар маҳбасанд ё дар ғурбат.

Тантанаҳои Рӯзи Ваҳдати миллӣ рӯзи 27 июн дар шаҳри Хоруғ баргузор хоҳанд шуд. Ба иттилои расмӣ, имсол дар чаҳорчӯби таҷлил аз ин ид, аз ҷумла, баргузории ҷашнвораи байналмилалии фарҳангӣ-сайёҳии "Боми Ҷаҳон", мизи гирд дар бораи нақши расонаҳо дар таҳкими ваҳдати миллӣ", конфаронси "Нақши раисиҷумҳури Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ", Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар Бадахшон ва намоиши бузурге дар варзишгоҳи шаҳри Хоруғ бо ширкати ҳунармандони маъруфи Тоҷикистон тарҳрезӣ шудааст.

Абдулмалики Қодир.

Абдулмалики Қодир.

Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки ба хотири имзои созиши сулҳи тоҷикон ва пас аз дасти ҳам фушурдани ҳукуматдорону мухолифини мусаллаҳ таъсис шудааст, аз нигоҳи таҳлилгари тоҷик Абдумалики Қодир, эътибори пешини худро аз даст додааст. “Ман дар таҷлили ин ид мазмуну маъниеро намебинам, зеро дар он як ҷониби сулҳ аслан ҳузур надорад ва аз аз ин рӯ, як хароҷоти зиёдатӣ ва бори гарон барои буҷаи кишвар дар вазъи бӯҳронии феълӣ аст”, меафзояд ӯ.

Маҳз даъват нашудани як ҷониби сулҳи тоҷикон ба тантанаҳои Рӯзи ваҳдати миллӣ, нодида гирифтани нақши онҳо дар эътидоли авзоъ дар кишвари гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ, тарғибу ташвиқии фақат ҳукумат ва таҳияи филмҳои якҷониба дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ, ба гуфтаи таҳлилгарон, ин идро камранг кард. Хукумат солхои ахир ба таври рӯшан аломат медиҳад, ки "он тараф" ба сулҳ ҳеҷ рабте надорад ва хамчунон тарафи ҷанг боқӣ хоҳад монд.

Соли гузашта раҳбарони Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистонро ба тантанаҳои Рӯзи ваҳдати миллӣ даъват накарда буданд, Муҳиддин Кабирӣ ҳам, ки баъд аз нокомии ҳизбаш дар интихоботи парлумонии рӯзи 1 март дар хориҷи кишвар ба сар мебурд, ба ваъдааш барои ширкат дар ин ҷашн содиқ намонд. Як тан аз масъулони ҳизб дар сӯҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ба Тоҷикистон барнагаштани Кабирӣ бо эҳтимоли боздошташ аз сӯи мақомоти амниятӣ рабт дорад.

Се моҳ баъд аз Рӯзи ваҳдати миллӣ ба думболи ҳаводисе, ки мақомот аз он чун “ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода” ном мебаранд, ду муовин ва аъзои Шӯрои сиёсиву фаъолони Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистонро боздошт карданд ва худи ҳизб аз сӯи Додгоҳи Олии Тоҷикистон «террористӣ» эълон шуд. Имсол Рӯзи ваҳдати миллӣ бори аввал дар ҳоле таҷлил мешавад, ки гурӯҳи бузурги аъзои Шӯрои сиёсӣ ва фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон маҳкум ба зиндон шуданд ва гурӯҳи дигари онҳо дар ғурбат ба сар мебаранд.

Амнияти Абдуназар

Амнияти Абдуназар

Амнияти Абдуназар, сиёсатшиноси тоҷик, бар ин аст, ки ҳанӯз ҳам дар бораи ваҳдат дар Тоҷикистон ҳарф задан ва рӯзи ваҳдатро қайд кардан барвақт аст, зеро бо гузашти тақрибан ду даҳсола аз имзои созиши сулҳ, ҳанӯз ҳам дар кишвар адолати иҷтимоӣ ва волоияти қонун барқарор нашудааст.

Вале Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, ношири рӯзномаи «Нигоҳ», мегӯяд, Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки рӯзи имзои созиши сулҳи тоҷикон ва хотимаи як саҳифаи нангин дар таърихи миллат аст, бо вуҷуди он, ки нухбагони сиёсӣ - ҳам онҳое, ки дар кишваранд ва ҳам онҳое, ки дар хориҷа ба сар мебаранд, ба ин рӯзу ин ҷашн чӣ назар доранд, аз сӯи аксари мардум бо шевае таҷлил ваё ҳадди аққал аз он ёд хоҳад шуд.

Ба гуфтаи сиёсатшинос, албатта, як ҷониби сулҳ ҳақ дорад, ки аз ҳузур надоштанаш дар ин тантанаҳо шикоят кунад, вале ҳам ҳукумат ва ҳам мухолифин бояд дар ёд дошта бошанд, ки онҳо на фақат як тарафи сулҳ, балки як тарафи ҷанг ҳам буданд ва мардум то ба ҳол бераҳмиҳову тирборон аз ҳарду ҷонибро аз ёд набурдаанд, зеро кушташудаҳо аз хуну рагу пайванди онҳо буданд. Ва Рӯзи ваҳдати миллӣ ҳадди аққал ба хотири ёдбуди қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ бояд чун рӯзи сурхи тақвим боқӣ бимонад.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, Рӯзи ваҳдати миллӣ “баҳонае хубест барои дарки воқеъиятҳои имрӯз, хоса он нукта, ки ҳарду ҷониб ё бо амал ё бо беамалии худ сулҳи тоҷиконро халалдор карданд ва ҳоло созмонҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои ҷудогона ба мазаммати воқеъиятҳои Тоҷикистон пардохтаанд". «Ҳоло ҳам, ки дер нашудааст, бояд дуввумбора мусолиҳаи миллӣ аз сар гирифта шавад, зеро даҳҳо ҳазор ҷавононе, ки дар гурӯҳу ҳаракатҳои гуногуни мазҳабӣ ҷамъ омадаанд, наметавонанд берун аз таваҷҷуҳи ҳукумату ҷомеъа бимонанд», мегӯяд ӯ.

Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, таҳлилгари тоҷик.

Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, таҳлилгари тоҷик.

Сиёсатшиноси тоҷик меафзояд, Созишномаи сулҳи тоҷикон, санаде, ки Рӯзи ваҳдати миллӣ бар пояи он таъсис шудааст, ҳанӯз эътиборашро то ба охир аз даст надодааст, ҳарчанд “дар сиёсати воқеӣ борҳо аснод ё ҳуҷҷатҳои сарнавиштсоз баъд аз муддате беқурб шудаанд, хоса дар тамаддуни шарқии мо ва Русия, ҳампаймони асосии кишварамон”. Ҳуҷҷат ё созишнома дар он тамаддуне қурб доранд, ки Аҳд ва Қонун эҳтиром мешаванд, мутмаин аст мусоҳиби мо.

19 соли пеш - 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи истиқрори сулҳ миёни ҳукумат ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини пешин имзо шуд ва ба ҷанги панҷсолаи тоҷикон хотима бахшид. Ин ҷанг ҷони тақрибан 150 ҳазор танро рабуда, ба Тоҷикистон миллиардҳо доллар зиён овард. 27 июн дар Тоҷикистон рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG