Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба зудӣ дар Ӯзбакистон сарулибосе, ки қаблан “динӣ” унвон шуда, пӯшиданаш дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ буд, “миллӣ” эълон хоҳад гашт.

Кумитаи дини назди Шӯрои вазирони Ӯзбакистон мегӯяд, қонуне, ки бо “либоси ибодат” пайдо шудани шаҳрвандонро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ мекард, ба зудӣ иваз хоҳад шуд, зеро таърифи “либоси ибодат” дар ин қонун тағйир меёбад. Аз ин ба баъд, тибқи таҳрири нави қонун, рӯмол, тоқӣ, куртаи дароз ва яктаҳ “либоси миллӣ” номида хоҳанд шуд ва пӯшидани онҳо дар мазҳари ом мамнӯъ нахоҳад буд.

Ин дар ҳолест, ки бо истифода аз манъи пӯшидани либоси ибодат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, кормандони умури дохилӣ аз сари занону духтарон рӯмол ва ҳиҷоби онҳоро мекашанд. Даҳҳо нафар аз занони мусулмон дар ин бора ба Кумитаи дини назди Шӯрои вазирони Ӯзбакистон шикоят бурдаанд ва ахиран раиси ин ниҳод Ортиқалӣ Юсуфов бар пояи ин шикоятҳо ба порлумони ин кишвар муроҷиат кард, то қонун ислоҳ шавад. Вай дар номаи расмияш менависад: ”Дар шариати исломӣ мафҳумҳое ба монанди “либоси ибодат” ё “либоси махсуси динӣ” вуҷуд надоранд ва аз даврони қадим дар кишварамон яктаҳ, тоқӣ, рӯмол ва пӯшоки мисли ин сарулибоси миллӣ шумурда мешаванд.”



Дар ин нома ҳамчунин гуфта шудааст, ки либоси миллӣ дар тӯли таърих худ бо сатри исломӣ оемзиш ёфтаву як шудааст ва бо ҳамин гуна либос ибодат кардан низ мумкин аст. Ин нукта низ зикр ёфтааст, ки бино бар мазҳаби ҳанафия рӯйи занону духтарон аврат шумурда намешавад. Раиси Кумитаи дини Ӯзбакистон бо нигаронӣ аз афзоиши шикояти занону духтарон суолеро ба миён гузоштааст, ки оё аз сари онҳо ба зӯрӣ кашидани рӯмол паст задани шаън ва поймол кардани ҳаққи шаҳрвандон нест?

Намояндаи Кумитаи дини Ӯзбакистон дар гуфтугӯ бо Бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ гуфт, аз ирсол шудани чунин нома хабар надорад, вале як аз рӯҳониёни бонуфуз, шайх Абдулазиз Мансур гуфт, ҳоло ҳуқуқшиносон ба банди 14-и Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ шарҳи наве менависанд, ки бояд мафҳуми “либоси ибодат”-ро рӯшан кунад. Дар ин бан гуфта мешавад: “Шаҳрвандони Ӯзбакистон (ба истиснои ходимони созмонҳои динӣ) наметавонанд, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо либоси ибодат гаштугузор кунанд.”

​Ҳарчанд, ҳадафи қонунгузорон роҳ надодан ба роиҷ шудани ҳиҷобу чодару фаранҷӣ шумурда мешавад, норӯшании мафҳуми “либоси ибодат” сабаб гаштааст, ки полис занону духтарони рӯмолдор ё мардонеро, ки дар сар арақчин доранд, боздошт намояд. Бино бар банди 1841-и Кодекси маъмурии Ӯзбакистон, онҳое, ки бо “либоси ибодат” дар мазҳари ом пайдо мешаванд, ба пардохти ҷаримаи баробар бо 5 то 10 музди камтарин ё 15 шабонарӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум мешуданд.

Бар пояи ин қонун, кормандони умури дохилӣ солона садҳо нафарро боздошт мекарданд. Риши ҷавонон низ аломати динӣ шумурда мешуд ва сабаби он мегашт, ки милиса нисбати ҷавонони шубҳаангез даст ба амал занад. Дар ҳоле ки қонун тафсилот надодааст, кормандони милиса талаби қонунро ба салоҳдиди худ шарҳ медиҳанд, ки рӯмоли хурд ё сарбандак либоси динӣ набуда, вале рӯмолҳои калон ва куртаҳои доманашон дароз “либоси ибодат” ба шумор мераванд ва ба камияш сабаби огоҳӣ додан ба соҳибони онҳо мешаванд. Ягона гузашт ин буд, ки дар фасли сармо милиса ба чунин сарулибоси занону духтарон кордор намешуд.

Ба гуфтаи шайх Абдулазизи Мансур, дар шарҳе, ки ҳуқуқшиносон ба банди 14-и Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ менависанд: Дар шаҳрҳо рӯмол, тоқӣ, калушу маҳсӣ, куртаҳои дароз ва монанди инҳо сарулибоси миллӣ номида хоҳад шуд.” Вале ин рӯҳонӣ низ гуфта натавонист, оё риш низ аломати динӣ шумурда хоҳад шуд ё на.

Аммо ҳуқуқшиноси ӯзбак Дилором Абдуллоева гуфтааст, ба сурати умум банди 14-и Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ ва ҳам банди 1841-и Кодекси маъмурии Ӯзбакистон, ҳарду хилофи Қонуни асосии ин кишваранд, ки ба шаҳрвандон одамон дар интихоби сарулибос озодӣ медиҳад.

Дар кӯчаҳои Душанбе

Дар кӯчаҳои Душанбе

Масъалаи либосе, ки баёнгари мансубияти динист, дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон баҳсҳои зиёд ва қонунгузориҳои гуногун шудааст. Аз ҷумла дар Фаронса, Белгия, Испания, Қазоқистон пӯшидани ҳиҷоб манъ буда, дар Русия бо ҳиҷоб вориди муассисаҳои таълимӣ шудан, ба истиснои Тотористон мумкин нест.

Моҳи октябри соли гузашта тарафдорони ҳиҷоб дар назди вазорати маорифи Озарбойҷон дар Боку тазоҳурот карданд ва бо полис даргир шуданд. Аз соли 2007 ба ин сӯ пӯшидани ҳиҷоб дар мактабу донишгоҳҳои Тоҷикистон манъ аст ва талоши чанд донишҷӯдухтар барои ҳифзи ҳуқуқи конститутсионии худ дар додгоҳ ноком анҷомид. Аммо гаштугузори шаҳрвандон бо сарулибоси динӣ дар Тоҷикистон мамнӯъ нест.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG