Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштироки даҳҳо раҳбар дар ҷанозаи Шимон Перес


Дар Байтулмуқаддас маъракаи хоксупории нахуствазири собиқи ин кишвар, дорандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Шимон Перес баргузор шуд, ки дар он раҳбарони даҳҳо кишвари ҷаҳон, бо шумули президенти ИМА Барака Обама, раҳбари фаластиниён Маҳмуд Аббос ва шоҳзодаи Британия Чарлз иштирок карданд. Шимон Перес рӯзи 28 сентябр дар синни 93 бар асари хунравии мағзъ даргузашт.

Ҳудудан 70 кишвар ба хотири ибрози эҳтиром ба шахсияти Шимон Перес, ки дар тули даҳсолаҳо аз як шоҳин ба вакили содиқи сулҳ табдил шуд, ба ҷанозаи ӯ намоянда фиристоданд.

Маҳмуд Аббос, раҳбари фаластиниҳо ва Бенямин Нетаняҳу рӯзи ҷумъа дар дар ҷанозаи Перес, ки барои сулху салоҳ бо Фаластин эътирофи ҷаҳонӣ пайдо кард, бо ҳам салом ва як-ду ҷумла радду бадал карданд.

Раиси ҷумҳури ИМА Барак Обама зимни суханрониаш ҳузури Маҳмуд Аббосро дар ҷаноза, "кори нотамоми сулҳ дар байни Исроил ва фаластиниён" номид.

XS
SM
MD
LG