Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари муваққати Тоҷиксодиротбонк аз мақомаш дар Бонки миллӣ рафт


Бинои Бонки миллии Тоҷикистон

Бинои Бонки миллии Тоҷикистон

Мирҳаёт Ёқубов - раҳбари муваққати "Тоҷиксодиротбонк" - аз мақоми пешинааш дар Бонки миллӣ даст кашидааст. Вай муовини раиси Департаменти идораи захираҳои байналмилалии Бонки миллӣ буд ва моҳи май баъди омадан ба "Тоҷиксодиротбонк" ҳамзамон дар ҳарду вазифа кор мекард.

Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 15 сентябр дар суҳбат бо Озодӣ гуфтанд, ки "Мирҳаёт Ёқубов бо ихтиёри худаш ариза навишта ва ин вазифаро канор гузошт. Зеро вай наметавонад, ду масъулиятро ҳамзамон иҷро кунад. Барои ҳамин, салоҳ донист, ки яке аз вазифаро бо масъулият иҷро кунад."

“Тоҷиксодиротбонк” яке аз бонкҳои бузурги Тоҷикистон ба шумор мерафт ва аз лиҳози ҳаҷми гардиши маблағ аз “Ориёнбонк”-у “Амонатбонк” болотар меистод.

Мирҳаёт Ёқубови 32-сола моҳи майи имсол, баъди бад шудани вазъи молии "Тоҷиксодиротбонк" барои се моҳ раҳбарии муваққати ин бонкро бар дӯш гирифт. Баъдан, дар моҳи август маъмурияти муваққатии ӯ ва ҳамроҳонаш барои се моҳи дигар тамдид карда шуд.

Моҳи гузашта хабаре нашр шуд, ки раҳбари муваққати “Тоҷиксодиротбонк” сардори хадамоти ҳифзи меҳнат, мудофиаи гражданӣ ва назорати бехатарӣ ва сӯхтори ин ниҳодро мавриди латту кӯб қарор додааст. Дафтари матбуоти "Тоҷиксодиротбонк" рӯзи 16 август бо нашри як изҳорот суханони Абдулмӯъмин Оевро дар бори латту кӯб шудани ӯро аз тарафи раҳбари муваққатии ин бонк Мирҳаёт Ёқубов беасос донист. Дар ин изҳороти "Тоҷиксодиротбонк" гуфта мешавад, "аз ҷониби раҳбарияти нави нисбат ба Абдулмӯъмин Оев ҳеҷ гуна фишори ҷисмонӣ истифода нагардидааст."

Ин дар ҳолест, ки сардори хадамоти ҳифзи меҳнат, мудофиаи гражданӣ ва назорати бехатарӣ ва сӯхтори "Тоҷиксодиротбонк" иддао кардааст, рӯзи 8 август аз тарафи раҳбари муваққатии ин бонк Мирҳаёт Ёқубов дар ҳузури кормандони дигар латту кӯб шудааст. Абдулмӯъмин Оев, ки дар беморхонае дар Душанбе бистарӣ буд, гуфт, сабаби латту кӯб шуданаш, дарёфт шудани дастгоҳи сабти пинҳонӣ ва ё "жучок" дар утоқи раиси муваққатии ин бонк Мирҳаёт Ёқубов будааст.

Дар изҳороти дафтари матбуоти "Тоҷиксодиротбонк" гуфта мешавад, ки Абдулмӯъмин Оев аз соли 2008 ба ин тараф дар мақоми сардори хадамоти ҳифзи меҳнат, мудофиаи гражданӣ ва назорати бехатарӣ ва сӯхтор дар ин бонк кор мекунад ва масъули пешгирии сӯтор дар биноҳои ин бонк аст.

Аммо тибқи ин изҳороти "Тоҷиксодиротбонк", "муайян карда шуд, ки сенсорҳои зиддисӯхторӣ аз рӯи таъиноташон амалӣ нагашта, дар чанде аз онҳо камераи банаворгирӣ ва сабти овоз насб карда шуда, ба дигар мақсадҳои номаълум барои ба навор гирифтан ва гӯш кардани кормандон ва мизоҷони Бонк истифода карда шудаанд, ки ин амал хилофи талаботи қонунгузорӣ мебошад."

Изҳороти дафтари матбуоти "Тоҷиксодиротбонк" мегӯяд, ки раҳбарияти муваққатии бонк ҳоло барои пешгирии ба гуфтаи онҳо "омилҳои ғайрқонунӣ" ва ба ҷавобгарӣ кашидани афроде, ки дар ин амал даст доштанд, ба мақомоти ҳифзи ҳукуқ муроҷиат менамоянд.

“Тоҷиксодиротбонк” яке аз бонкҳои бузурги Тоҷикистон ба шумор мерафт ва аз лиҳози ҳаҷми гардиши маблағ аз “Ориёнбонк”-у “Амонатбонк” болотар меистод. Аммо пас аз таъсири манфии бӯҳрони иқтисодӣ вазъи “Тоҷиксодиротбонк” якбора бад шуд ва муштариён ҳам натавонистанд, аз банкоматҳои он пул бигиранд.

Тоҷиддин Пирзода

Тоҷиддин Пирзода

Дар моҳи майи соли ҷорӣ Бонки миллии Тоҷикистон барои беҳтар кардани вазъи “Тоҷиксодиротбонк” мудирияти онро ба даст гирифт. Дафтари матбуоти бонк рӯзи 19 май хабар дод, ки ҳадаф аз ташкили мудирияти муваққатӣ дар ин бонки бузург, "ҳимояи манфиатҳои соҳибони пасандозҳо ва қарздеҳон аст."

Бонки миллӣ ба маъмурияти муваққатӣ дастур дод, ки "фаъолияти худро дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ ба роҳ монда", барои беҳтар кардани вазъи молиявии "Тоҷиксодиротбонк" чораҳои зарурӣ андешанд.

Мирҳаёт Ёқубов, раҳбари гурӯҳ, ба ҷойи Тоҷиддин Пирзода мудирияти "Тоҷиксодиротбонк"-ро бар ӯҳда гирифт. Тоҷиддин Пирзода аз соли 2007 узви Шӯрои нозирон ва аз соли 2012 раҳбари "Тоҷиксодиротбонк" аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG