Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки миллӣ мутахассиси замонавӣ мехоҳад


Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳо ё ҷойҳои холӣ дар Дастгоҳи марказӣ ва беш аз даҳ департаменту идора ва шӯъбаҳои ин бонк озмун эълон кардааст.

Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 20 август зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “ин озмун дар паи санҷиши тахассусӣ, ки ҳамакнун аз ҷониби раҳбарияти бонк ё Кумиссиюни вижа дар ҳоли анҷомёбист ва тибқи он ҷойҳои кории холӣ пайдо шудаанд, сурат мегирад”. Ба гуфтаи ҷаноби Қурбонов, ҳадафи санҷиши тахассусӣ он буд, ки афроди муносиб ва дорои донишу тахассуси бонкии замони муосир ва низоми бонкдории ҷаҳон барои кор дар бонк ҷалб шаванд. Ба ин далел онҳое, ки ба ин талабот мувофиқат намекарданд, аз кор ҷавоб дода шуданд ва ҳамакнун афроди дигар, ки ҷавобгӯи талаботи Бонки миллӣ ҳастанд, метавонанд дар ин озмун ширкат кунанд, гуфт ӯ.

Ҳарчанд ҷаноби Қурбонов, шумораи дақиқи ҷойҳои холишуда ё кормандонеро, ки “ба талабот ҷавобгӯ набудаанд” нагуфт, аммо таъкид кард, ки барои ишғоли вазифаҳо дар Департаменти назорати бонкӣ, Департаменти аудити дохилӣ, Департаменти мониторинги молиявӣ, Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ, Департаменти технологияи иттилоотӣ, Идораи ҳисобдорӣ, Идораи амалиёт дар бозори озод, Идораи муносибатҳои байналмилалӣ, Шӯъбаи хизматрасонии хазинавӣ, Шӯъбаи ҳуқуқ, Бахши харид, озмун эълон шудааст. Вай гуфт,

Абдуғаффор Қурбонов
Абдуғаффор Қурбонов

рӯзҳои наздик шумораи дақиқи номгӯи ҷойҳои холӣ дар Бонки миллӣ эълон хоҳанд шуд. Эълони озмун аз ҷониби Бонки миллӣ дар ҳолест, ки ин бонк ду моҳ пеш гуфта буд, ки ҳудуди 200 кормандашро ихтисор хоҳад кард. Ба таъкиди масъулони Бонки миллӣ, ин амр дар паи ихтисори кадрҳо сурат мегирад ва аз 1 сентябри соли равон бо 492 корманд дар дастгоҳи марказӣ ва 306 корманд дар шӯъбаҳои минтақавӣ ба кор шурӯъ хоҳад кард.

Абдуғаффор Қурбонов мегӯяд, ҳангоми таҳияи сохтори нав «принсипҳое ба инобат гирифта шудаанд, ки дар таҷрибаи байналмилалӣ истифода мешаванд. Аз ҷумлаи ин меъёрҳо оптималӣ ва камшумор будани воҳидҳои корӣ, самаранокии сохтори бонк, маҳдуд намудани бархӯрди манфиатҳо, роҳ надодан ба такрори вазифаҳо, пешгирӣ аз фасод тавассути баланд бардоштани масъулият ва таъминоти моддӣ ва иҷтимоии кормандон ва муайян намудани музди меҳнати кормандон бар асоси фаъолияти онҳо номбар шудаанд”. Бонкдорони собиқадор мегӯянд, паёмадҳои бӯҳрони молӣ ва беқурбшавии пули миллӣ дар чанд моҳи охир Бонки миллиро ногузир дар рӯбарӯи ислоҳоти дигар қарор дод.

Хусусан баъди табдили навбатии раҳбарони Бонки миллӣ дар ду моҳи пеш. Коршиносони соҳаи бонки Тоҷикистон ба ду ҷанбаи муҳим таъкид мекунанд ва мегӯянд, агар аз як сӯ чунин тасмим масъулиятро бештар ва дахолат ба кори бонкҳоро камтар кунад, аз тарафи дигар, ихтисори кормандон бо назардошти сатҳи таъминоти бонк бо фанновариҳои муосир асароти манфие низ дорад. Зимнан, табдили раҳбарони Бонки миллӣ дар ибтидои моҳи май дар ҳоле сурат гирифт, ки қурби пули миллии Тоҷикистон – сомонӣ дар муқобили доллару евро пайваста поин мерафт ва ин ҳол бесомониҳоеро дар бозори асъор ба вуҷуд овард. Президент бо як амри худ раиси Бонки миллӣ ва ҳамаи муовинони ӯро барканор карда, Ҷамшед Нурмаҳмадзодаро раис ва домодаш Ҷамолиддин Нуралиевро муовини якуми раиси Бонки миллӣ таъйин кард.

XS
SM
MD
LG