Пайвандҳои дастрасӣ

Зарбаи аввали бӯҳрон ба соҳибкорӣ дар Тоҷикистон (ВИДЕО)


Баррасии барномаи зиддибӯҳронии ҳукумат дар ҳамоиши соҳибкорон дар Душанбе, 22 апрел, 2015

Баррасии барномаи зиддибӯҳронии ҳукумат дар ҳамоиши соҳибкорон дар Душанбе, 22 апрел, 2015

Сарони Бонки Миллии Тоҷикистон, намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, ширкатҳои бузург ва соҳибкорону коршиносон дар Душанбе амалкарди барномаи зиддибӯҳронии ҳукуматро баррасӣ мекунанд.

Дар пайи бӯҳрони иқтисоди рар Русия даромади бизнеси хурд дар Тоҷикистон ҳудуди 60 дарсад коҳиш ёфтааст. Ин маълумот 22−уми апрел дар як ҳамоиши вежаи намояндагони бизнес ва Ҳукумати Тоҷикистон дар Душанбе, эълон шуд.

Илҳом Маҳкамбоев, роҳбари иҷроияи Утоқи бозоргонии Амрико дар Тоҷикистон дар ин ҳамоиш гуфт, бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия ба харидуфурӯш дар Тоҷикистон таъсир гузошта ба ҷайби соҳибкорон зарба мезанад. “Сатҳи фурӯш таи шаш моҳи охир то 30 дарсад коҳиш ёфтааст. Мутаносибан даромади соҳибкорон низ кам шудааст. Агар қаблан соҳибкор дар як моҳ аз 700 то 900 доллар даромад мегирифт, ҳоло даромадаш то ба 300 доллар коҳиш ёфтааст. Ба ҳисоби миёна як соҳибкор аз 5 то ҳафт нафарро мехуронад. Аммо даромаде, ки имрӯз мегирад ночиз аст ва фаъолияташ фоида намеорад.Ин аст мушкиле, ки сари ҳалли он мо имрӯз ин ҷо ҷамъ омадем,”- гуфт ҷанби Маҳкамбоев.

Ба гуфтаи Илҳом Маҳкамбоев бахши хусусӣ ва давлат бояд дар ин шароит чорае андешанд. Ӯ бо такя ба арқоми Сандуқи Байналмиллалии Пул гуфт, ки соли гузашта даромади кишвар аз ҳисоби пулҳои интиқолии муҳоҷирон 300 миллион сомонӣ коҳиш ёфт ва давлат бо бахши хусусӣ бояд бояд роҳи пур кардани ин холигоҳро пайдо кунанд.

Дар ин ҳамоиш, ки намояндагони беш аз 50 ширкату соҳибкорони алоҳида ширкат доштаанд, ҷанбаҳои гуногуни мушкилоти бизнес дар шароити бӯҳронӣ баррасӣ шуд. Нигаронии бахши умдаи аз топ−менеҷерони ширкатҳо аз ҷаҳиши қурби доллар дар қиболи сомонӣ буд ва соҳибкороназ Ҷамшед Юсуфиён, муовини раиси Бонки миллӣ пурсиданд, ки қурби доллар дар ояндаи наздик дар кадом сатҳ қарор хоҳад гирифт. Ҷаноби Юсуфиён дар посух ба ин суоли соҳибкорон гуфт: “ дақиқан пешбинӣ кардани қурби доллар дар ояндаи наздик душвор аст. Аммо ман аниқ гуфта метавонам, ки он ҷаҳише, ки дар моҳҳои январ ва феврали соли ҷорӣ доллар дошт дигар такрор нахоҳад шуд.”

Юсуфиён аз бурдани кадом рақами мушаххасе, ки доллар дар он сатҳ бояд қарор бигирад худдорӣ варзид. Ба гуфтаи муовини раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, маҳдудиятҳое, ки дар заминаи хариду фурӯши доллар дар қаламрави кишвар ҷорӣ шудаст, муваққатӣ буда, баробари ба эътидол омадани авзо лағв хоҳанд шуд.

Ҳамзамон Муовини раиси Бонки миллӣ аз соҳибкорони тоҷик дархост кард, ки бештар ба истеҳсолот рӯ биёранд ва иқтидори содиротии кишваррро бештар кунанд. Ӯ афзуд, соҳибкорон бояд мол истеҳсол то ки ҷои маҳсулоти воридотиро дар кившар пур кунанд.

Ду маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистонпахта ва аллюминиюм аст. Таи солҳои охир нархи ҳардуи ин маҳсулот башиддат поён рафтааст. Дар пайи ин коҳиш хоҷагиҳои кишварзӣ низ майдони кишти пахтаро коҳиш доданд ва корхонаи алюминиюми Тоҷикистон− Талко истеҳсоли ин металро то 45 дарсад поён бурд. Бинобар ин дар шароити феълӣ даромади давлат аз ҳисоби содироташ чандон зиёд нест. Тоҷикистон, дар соли гузашта ба кишварҳои хориҷӣ ба миқдори 977 миллион доллар маҳслуот содир карда, аммо аз хориҷа ба миқдори 4 миллиарду 338 миллион дуллар мол ворид кардааст.

Кишвар барои рушди арсаи нассоҷӣ, коркарди сангҳои қимматбаҳо ва содироти полезиҳо имконияти хуб дорад, аммо бинобар гарон будани мизони қарзҳои бонкӣ, сарбории андоз ва дигар душвориҳо дар пешбурди бизнес ин арсаҳо рушди чашмгире надоранд.

Дар ин нишаст соҳибкрон аз шароити душвори пешбурди бизнес ва андозҳои баланд дар кишвар шикоят карданд.

Матлуба Улҷабоева, роҳбари Анҷумани ширкатҳои хурду миёна гуфт, ки барои рақобат пазир шудани маҳсулоти ватанӣ давлати Тоҷикистон бояд барои соҳибкорон шароит фароҳам орад. “Мо бояд барои соҳаи кившарҳои имтиёзҳои хос бидиҳем. Маслан дар Қирғизистон парвариши растанӣ аз ҳама гуан андоз озод аст. Инчунин коркарди маҳсулоти кишоварзӣ низ аз андоз озод аст. Мо низ бояд, дар маврид андеша кунем. Чунки аз ин рақобатпазирии кишварамон вобаста аст,” - гуфт Матолуба Улҷабоева.

Хонум Улҷабоева аз Қирғизистон намуна овард, ки бо фароҳам сохтани шароити беҳтар дар соҳаи саноати бофандагӣ ба бештар шудани теъдоди сармоягузорон ва сармояҳо роҳ боз кардааст. Ин дар ҳолест, ки гуфт Улҷабоева, Тоҷикистон бештар аз Қирғизистон пахта истеҳсол мекунад.

Ба ин пешниҳоди хонум Улҷабоева намоядагони Бонки миллӣ, Вазорати рушди иқтисод ва Кумитаи давлатии саромоягузорӣ, ки дар ин нишаст ҳузур доштанд, чизе нагуфтанд.

Давлати Тоҷикистон дар оғози солӣ ҷорӣ як барномаи вежаи зиддибӯҳрониро қабул кард, ки аз 54 банд иборат аст ва аз ҷумла беҳтар кардани ҳолати молиявии ширкати “Барқи тоҷик”, “Агроинвестбонк”, (беш аз нисфи саҳимияҳояш давлатӣ аст) ва ширкати арзизи Талкоро дар назар дорад. Аммо соҳибкорони хурду миёна мегӯянд, дар шароити бӯҳрон онҳо низ ба имтиёзҳои давлат ниёз доранд. Дар ин шароит онҳо аз ҷумла хостори коҳиш додани мизони андозҳо ҳастанд. Тоҷирони алоҳида ҳамчунин аз Умед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод хоҳиш карданд, ки давлат дар ин шароит нархи кирояи маконҳои савдоро боло набарад. Аммо дувуммӣ гуфт, Тоҷикистон роҳи иқтисоди бозориро пеш гирифтааст ва имкон надорад, ки Ҳукумат мизони нархи маконҳои савдои иҷрора муқаррар кунад.

Муколамаи зиддибӯҳронии ҷомеаи соҳибкорон бо ҳукумат бо ибтикори маҷаллаи "Элита" ва Палатаи бозаргонии Амрико дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG