Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Андалеб” ситораҳои навро кашф мекунад


Дар саҳнаи озмуни ҷумҳуриявии "Андалеб"

Дар саҳнаи озмуни ҷумҳуриявии "Андалеб"

Дӯстдорони мусиқӣ натиҷаҳои даври ниҳоии озмуни ҳунари мардумии “Андалеб” ва садо додани номи “ситораҳои оянда”-ро интизоранд.

Чанде аз овозхонҳои машҳур, ба монанди Дӯстмурод Алиев, Нигина Рауфова, Нигина Амонқулова, Парда Қосимов ва дигарҳоро маҳз озмуни ҳунари мардумии “Андалеб” ба ҷомеа ошно намуд ва акнун дар ҳоле ки дар Душанбе даври ниҳоии он оғоз ёфтааст, мухлисони созу наво интизоранд, имсол чӣ касоне ба дунболи ин силсила хоҳанд омад.

Озмун дар саҳнаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашриф Ҷӯраев баргузор гашта, ба 20-солагии Сарқонуни кишвар бахшида шудааст.

Андалеб идомаи озмуни маъруфи ҳунарҳои мардумии "Бӯстон" аст, ки ҳар сол дар Тоҷикистон бо ширкати мутрибони ғайрикасбӣ баргузор мешавад. Барандагони он баъдан ба муассисаҳои консертӣ ё Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон даъват мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG