Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наргис Назарова дар бораи JAMForum, бӯҳрони иқтисодӣ ва ояндаи бизнеси Тоҷикистон


Ширкати NextView Consulting ва ташаббускори маҳфили баҳсҳои тиҷоратии JAMForum дар пешбурди тиҷорату соҳибкорӣ, брендинг ва бозорёбӣ кор мекунад. Маҳфили дуюми солонаи JAMForum дар Душанбе ҳафтаи гузашта баргузор шуд. Ба ҳайси мушовирони ин маҳфил – мутахассисони соҳаи тиҷорату соҳибкорӣ аз Русия, Қазоқистону Қирғизистон ва худи Тоҷикистон даъват шуданд, ки шиносоии хуб бо шароити кори бахши хусусӣ, шеваи пешбурди бизнесу тиҷоратро арзёбӣ карданд.

Истилоҳи JAMForum бо такя ба ду мафҳум сохта шудааст: 1. вожаи “ҷамъ”-и тоҷикӣ, ки ба маънои ҳамоиши соҳибкорон аст ва 2. аз калимаи англиси “jam” - ба маънои “афшӯра ё шарбати мева” гирифта шудааст, ки ба маънои маҷмӯи донишҳо дар соҳаи бозорёбиву рекламаро дар назар мегирад

Дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ Наргис Назарова, муассиси 32-солаи ин ширкат гуфт, маҳфилҳои тиҷоратии онҳо, пеш аз ҳама, ба хотири кӯмаки назариявиву амалӣ ба он соҳибкороне ташкил мешаванд, ки имкони андӯхтани таҷрибаи берунаро дар хориҷи кишвар надоранд.

Радиои Озодӣ: Зарурати ташкили JAMForum дар чист? Наргис Назарова: Маҳфилҳои мо бо даъвати мутахассисон дар соҳаи бозорёбӣ ё маркетинг, реклама, таблиғгарон ё коршиносони соҳаи PR пеш аз ҳама ба хотири кӯмак дар пешбурди бизнес ва рушди он зарур аст. Ин маҳфил соле як бор баргузор мешавад ва фурсати хубест барои раҳбарону аъзои ширкатҳои тиҷоратӣ, ки тавонанд аз ҳамдигар чизи наве ёд гиранд ва табодули таҷриба кунанд ва баъдан бо тарҳу идеяҳои нав кори худро пеш баранд. Соли ҷорӣ JAMForum бо назардошти паёмадҳои бӯҳрони иқтисодӣ баргузор шуд, ки ба кори ҳама соҳаҳои тиҷорату соҳибкорӣ таъсиргузор шуд. Ҳадафи мо ин аст, ки бо вуҷуди мушкилот, роҳҳои пешрафт вуҷуд дорад ва бояд дар фикри ҳамин пешрафтҳо буду афсурдаву ноумед нашуд.

Радиои Озодӣ: Вале агар ба воқеиятҳои соҳаи соҳибкории Тоҷикистон муроҷиат кунем, мебинем, ки бисёр вақт монеаҳои нонавиштаи мисли фасоду коррупсия ва ё бартарияти имкониятҳои тиҷорат барои гурӯҳи муайяни соҳибкорон вуҷуд дорад, ки пеши роҳи идеяву тарҳҳои муваффақи дигарро мегиранд.

Наргис Назарова: Ман бояд гӯям, ки кори мо берун аз сиёсат аст. Ман шахсан зидди ҳама гуна коррупсия ва маҳдудсозӣ ҳастам. Ҳадафи мо дигар аст – мо мехоҳем, ки ба соҳибкорони маҳаллӣ роҳи созандаи кору расидан ба ҳадафашонро нишон диҳем.

Радиои Озодӣ: Ба мушоҳидаи шумо, дар панҷ соли охир то куҷо вазъи тиҷорату бизнес дар Тоҷикистон тағйир ёфтааст?

Наргис Назарова: Дар солҳои охир дар Тоҷикистон ҷавонҳои зиёде пайдо шуданд, ки назари хеле созандаву солимро ба пешбурди идеяҳои худ доранд, онҳо медонанд, ки бо кадом роҳ мешавад вазъи бизнесро дар кишвар ва ҳам минтақа беҳтар кард. Онҳо савод доранд, дидгоҳашон нек аст, онҳо ҳадаф доранд ва мехоҳанд, ки ба ин мақсадҳои худ биранад. Вале бӯҳрони иқтисодии ду соли охир таъсири манфӣ гузошт, баъзе ширкатҳои хурду миёна баста шуданд. Онҳое, ки ҷон ба саломат бурданд, ба вазъият мутобиқ шуда тавонистанд. Онҳо бӯҳрони сарзадаро на ҳамчун як мушкил, балки ҳамчун имкони нави рушд қабул карданд ва фаъолияти худро мутобиқ ба вазъият таҳрир карданд.

Радиои Озодӣ: Ба ҳар сурат, ба назари шумо кадом бахшҳо дар бизнеси Тоҷикистон метавонанд ба ҳайси соҳаҳои ояндадор аз назари даромаду пойдорӣ арзёбӣ шаванд?

Наргис Назарова: Пеш аз ҳама IT-технологияҳо, кишоварзӣ ва истеҳсолот мебошад. Аз инҳо соҳаи истеҳсолот чандон рушдкарда нест, сари он бояд кор кард, вале ин соҳа хеле ояндадор аст. бозори Тоҷикистон ба мутахассисони соҳаи технологияи информатсионӣ (IT) эҳтиёҷи зиёд дорад, вале дар маҷмӯъ, бояд гуфт, ки барои ҳама мутахассисони соҳаи худ дар бозор кор пайдо мешавад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG