Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сомонаи интернетии LifeNews сабти видеоии саҳнаи куштори навраси тоҷикро дар нашр кардааст.

Ин сомона бо истинод ба навори видеоӣ мегӯяд, ки рӯзи 26 феврал, соатҳои тақрибан 22:28 дар лаҳзаи куштори Муқимҷон Абдуғаниеви 15-сола, ки дар як маҳалли серодам дар наздикии фурӯшгоҳи азиме рӯй дод, ҳеҷ як аз муҳофизони ин маркази тиҷоратӣ ба кӯмаки ҷабрдида шитоб накард.


Ин сомона менависад, ки моҷарои бархоста миёни чаҳор наврас ва як ҷавони ношинос бо куштори тоҷикписар анҷомид. “Миёни наврасон ва як ношинос ҷанҷоле бархост, онҳо занозанӣ карданд. Вале ҳеҷ нафар аз муҳофизони маркази тиҷоратие, ки дар ҳамон наздикӣ буду тавассути камераҳояшон аз ин моҷаро мушоҳида мекарданд, ба кӯмаки бачаҳо нашитофт”, чунин гуфтааст як манбаъ дар сохторҳои ҳифзи тартибот ба сомонаи интернетии LifeNews.



Дар сабти видеоӣ инчунин дидан мумкин аст, ки қотил баъди кордзании наврас аз ҷои ҳодиса фирор мекунад ва танҳо баъд ду ходими гурӯҳи муҳофизатӣ, ки дар остинашон бо ҳарфи калон “ОХРАНА” навишта шудааст, “бешитоб” ба назди ҷавони маҷрӯҳ наздик мешаванд. “Қотил фирор кард ва ҷавони кордхӯрд дастонашро ба шикамаш зер карда уфтод ва аз ҳуш рафт”, тасвир кардаанд шоҳидони айнӣ ба сайти LifeNews.




Ҳамроҳони Муқимҷон Абдуғаниев гуфтаанд, ки ҳамлагар ҳамсинни онҳо, яъне тақрибан 15-17-сола буд ва баъди кордзанӣ зуд фирор кард. Тибқи иттилои хабаргузориҳо, Муқимҷон то шифохона нарасида дар дохили мошини ёрии таъҷилӣ ҷон дод.


Дар ҳамин ҳол, сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, ки ҳанӯз хулосаҳои муқаддамотии ҷинояти содиршударо дастрас накардааст. Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорат дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки баробари расидани хулосаҳои аввалияи Кумитаи тафтишотии Маскав, ки масъули таҳқиқи ҳодисаи куштори писарбачаи 15-сола аст, изҳороти худро пахш хоҳад кард.


Вай мегӯяд ин ҳодиса як куштори бераҳмона буда, дар сатҳи матбуоти Русия ҳам дар миёни шаҳрвандони Тоҷикистон сару садо кардааст. “Мо ин ҳодисаро дунбол мекунем ва аз мақомоти тафтишотӣ пайдо ва муҷозот шудани қотилро тақозо хоҳем кард”, гуфт ӯ. Аз рӯи иттилои сафорат, Абдуғаниев Муқимҷон Мухторович 26 сентябри соли 1997 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ӯ дар мактаби рақами 1951-и Маскав таҳсил мекард. Тибқи иттилои пешакӣ, хонаводаи ӯ мисли дигар муҳоҷирони тоҷикистонӣ ба Маскав барои дарёфти рӯзӣ омадааст. Феълан ҳеҷ иттилоъ роҷеъ хонаводаи қурбонӣ ҳам дастрас нест. Масъулини дафтари матбуоти Кумитаи тафтишотии Русия дар сӯҳбат бо Озодӣ тасдиқ карданд, ки дар паи ҳодисаи куштори писарбачаи наврас парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Як ходими ин ниҳод гуфт, ки парванда аз рӯи моддаи 111, қ. 4-и Кодекси ҷиноии Русия, яъне “куштори наврас дар натиҷаи беэҳтиётӣ дар паи расонидани зарари ҷисмонӣ” боз шудааст. “Тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ки як марди ношинос дар истгоҳи нақлиёти мусофирбар дар рӯбарӯи фурӯшгоҳи “Электромаркет”, ки дар гузари Локомотивнии шаҳри Маскав қарор дорад, дар паи моҷарое бар пояи хусумати шахсӣ ба як сокини 15-солаи Маскав ҳамла карда, ба ноҳияи рости қафаси синаи ӯ корд задааст. Дар натиҷаи осеби узвҳои дарунии бадан, ҷабрдида ба ҳалокат расид”, гуфт корманди дафтари матбуоти Кумитаи тафтишотии Маскав дар сӯҳбати телефонӣ бо Озодӣ. Вай гуфт, ки ҳоло таҳқиқи ин ҳодиса ва сабаби рух додани ҷиноят мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст.


Ба саволи Озодӣ оид ба эҳтимоли сар задани ин ҷиноят бар пояи хусумати нажодӣ ё миллӣ ходими Кумитаи тафтишот изҳори бехабарӣ кард ва гуфт, ки тафтишот шурӯъ шудааст ва тамоми тафсилот дар ҷараёни таҳқиқ маълум хоҳад шуд. Вай илова кард, ки ҳанӯз ҳуввияти қотили эҳтимолӣ маълум нест, чун ин шахс аз ҷои ҳодиса фирор кард. Тахмин меравад, ки ҳамлагар ва навраси тоҷик ҳамдигарро намешинохтанд, гуфт ӯ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG