Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

​Дар Тоҷикистон ба зудӣ расмиёт барои тағйири номи даҳҳо деҳа дар чаҳор ноҳияи кишвар шурӯъ мешавад ва мақомот мегӯянд, ки тағйири номи ин рустоҳо бо талаби сокинон сурат мегирад.

Маҷлиси Миллии Тоҷикистон охири моҳи июл чаҳор қарореро тасвиб кард, ки бар асоси онҳо номи 52 деҳа тағйир дода мешавад.

Барои мисол, дар шаҳри Ваҳдат, воқеъ дар наздикии пойтахти Тоҷикистон, рустои Гургхӯрда ба Чаманзор ва деҳаи Пӯстхӯр ба Шоҳрух тағйири ном мекунанд. Деҳаи Юмсуроқ низ бояд дар харитаҳо ислоҳ шавад ва ба ҷойи он номи Файзрезро нависанд. Ин қарор рӯзи 21 июл аз сӯи Маҳмадсаид Убайдуллоев -- раиси Маҷлиси Миллӣ имзо шуда, табдили номи 12 деҳа дар шаҳри Ваҳдатро, ки аксарияташон решаҳои туркӣ доранд, дар назар дорад.

Бар асоси қарори дигар, дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон 14 рустову маҳалла номи нав мегиранд. Баъзе аз ин рустоҳо қабл аз замони Шӯравӣ ном гирифтаанд ва баъзеи дигар номҳои мероси замони Шӯравист. Масалан, деҳаи Перепадная ба Шаршар ва Ленинград ба Зархез тағйири ном мекунанд, Қаралангро ба Деҳқонобод ва Қучқорбулоқро ба Офтобрӯя табдил медиҳанд.

Дар ноҳияи Файзобод 14 рустову маҳалла аз номҳои пешинаашон маҳрум мешаванд ва номҳои дигар мегиранд. Шулашакро Себистон мекунанд ва ҷойи Қулободро Хуросон мегирад. Рустои Бунгакиёни Файзобод “Дурахшон” мешавад ва сокинони рустои Қашқараҳа маҷбур мешаванд, ба номи нави Орифон одат кунанд. (Дар баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон як навъи ҳашаротро “бунгак” меноманд)

Маҳмаюсуф Имомов, узви Маҷлиси Миллӣ, зимни муаррифии қарорҳо дар бораи тағйири номи маҳаллаву деҳоти чаҳор ноҳияи Тоҷикистон дар Маҷлиси Миллӣ гуфтааст, ки тағйири номи маҳаллаҳои аҳолинишин бо дархости сокинон ва бо ҳадафи гиромидошти таъриху фарҳанги кишвар сурат мегирад. Тағйири номҳои қадимаи рустоҳои Тоҷикистон ва ё баргардондани баъзе аз номҳои пешин ба ноҳияҳо дар кишвар тарафдор дорад.

Муртазо Зайниддинов, номзади улуми филологӣ ва мудири кафедраи назарияи адабиёти навини форсӣ-тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, яке аз онҳост. Ӯ рӯзи 1 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин қарорҳоро саривақтӣ номид ва гуфт, "баъзе аз минтақаҳое буд, ки мардуми мо худашон зарурат надоштанд, мардумони кӯчӣ ё ба умеди зиндагӣ ва ё ба умеди чарогоҳ сохтану молбонӣ кардан, ба ҳамон маҳалҳо омада макони зист интихоб карда, ба таври худашон ҳамон ҷойҳоро номгузорӣ карданд. Масалан, ҳар куҷое, ки чашмае ба назарашон расид, онҷоро бо номи булоқ ёд карданд. Давраи дувум ба давраи Шӯравӣ рост меояд. Дар ин ҷо ҳам бе ихтиёри мо номгузориҳои бисёр бемавқеъ сурат гирифт, аз қабили Будёниёобод, Советский, Калининобод ва ҳазору як Ворошиловгород ва чизҳои дигар."

Ҳукумати Тоҷикистон аз чанд соли пеш ба тағйири номи ноҳияву маҳаллаҳои аҳолинишин шурӯъ кард ва пештар аз ҳама номҳои мероси замони Шӯравиро тағйир дод, аз ҷумла бузургтарин вилоят, ки Ленинобод буд, номи қадимаи Суғдро гирифт. Аммо солҳои ахир номҳои деҳаву шаҳракҳоро иваз мекунанд, ки аксарияташон решаҳои туркӣ доранд.

Дар ноҳияи Варзоб, ки бояд расмиёти тағйири номи 6 русто шурӯъ шавад, ба ғайр аз номҳои Чормағзакони тоҷик ва Чормағзакони узбек, ки тоҷику узбек бо “болову поён”-ро иваз мекунанд, бақияи номҳое, ки бояд ислоҳ шаванд, решаи туркӣ доранд. Тасмими тағйири номҳои деҳоту маҳаллаҳо дар Тоҷикистон, тарафдор доранд, вале мухолифони ин гуна тасмимҳо низ кам нест. Ин мухолифон мегӯянд, ки номҳое, ки аз қадим омадаанд, таърихи ба вуҷуд омадани ҳамон маҳалро дар худ доранд ва бояд бимонанд.

Гурӯҳи дигар мегӯяд, қарорҳои ҳукумат барои тағйири ном мисли он аст, ки хонаи вайронаеро берунашро тармим мекунанд ва дар дохилаш на об дорад, на барқ ва на шароите барои зиндагӣ. Ба гуфтаи мухолифон, ба ҷойи тағйири ному харҷи изофӣ барои таҳияи санадҳои наву ислоҳ кардани харитаҳо беҳтар аст, “Бунгакиён” бо ҳамон номаш монад, вале барои ҷавонони бекораш ҷойи кор муҳайё созанд.

Муртазо Зайниддинов, донишманди тоҷик мегӯяд, ин гуфтаҳо мантиқ доранд, вале, “ман дарди он мардумро мефаҳмам. Гапи он мардум аз як тараф такя ба мантиқ мекунад, гапашон дуруст аст, лекин ин иқдоме, ки мо пеш гирифтем, ин такя мекунад, ба ҳуввияти миллӣ, ба ифтихори миллӣ, ба таърихи мо. Дар ҳама давру замон ҳуввияти миллӣ ва ифтихори таърихӣ аз ҳама чизи дигар қиматтару болотар меистад.”

Қабули қарорҳои шабеҳ ва табдили номҳои туркии маконҳои ҷуғрофӣ дар Тоҷикистон дар гузашта дар Узбакистони ҳамсоя ба вокунишҳои манфӣ рӯбарӯ шудааст. Бархе аз корбарони узбак дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо озурдагӣ навиштаанд, ки пас мақомоти Узбакистон низ бояд номҳои тоҷикиро ба узбакӣ иваз кунад. Яке аз онҳо навиштааст, ки исми Сиёҳбозори Самарқандро - ба Қарабозор, Шаҳрисабзро - ба Яшилшаҳар ва Деҳнавро ба Янгиқишлоқ иваз кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG