Пайвандҳои дастрасӣ

​Набот Додхудоева: Фармони Оғохон дар намози ҷумъа хонда шуд


Акси Набот Додхудоева аз сайти Анҷумани миллии занони соҳибкори Тоҷикистон гирифта шудааст. Душанбе, соли 2012

Акси Набот Додхудоева аз сайти Анҷумани миллии занони соҳибкори Тоҷикистон гирифта шудааст. Душанбе, соли 2012

Раҳбари созмони ҷамъиятии "Мадина" дар Бадахшон дар як сӯҳбат бо радиои Озодӣ назари худро ба рӯйдодҳои ахири Хоруғ 21 баён кард.

Набот Додхудоева як соҳибкори муваффақ, раҳбари созмони ҷамъиятии “Мадина” буда, 52 сол дорад. Баъди шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ манзили худро дар ноҳияи Ёвон тарк кард ба Хоруғ омад ва зиндагиро ҳамроҳ бо аҳли оилааш аз сифр шурӯъ кард. Ҳоло узви фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон аст. Дар ҳамоишҳои соҳибкорони Тоҷикистон, аз ҷумла бо даъвати президент Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунад. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ аз Хоруғ назари худро ба рӯйдодҳои 21 май ва баъди он баён кард.

Озодӣ: Хонум Додхудоева, вазъи Хоруғ имрӯзҳо чӣ гуна аст?

Додхудоева: Дар Хоруғ вазъи сиёсиву ҷамъиятӣ хеле ором аст. Мутаассифона, ҳоло туристҳои хориҷӣ аз сафар ба Бадахшон худдорӣ мекунанд. Онҳо аз ширкатҳои ҷаҳонгардӣ мешунаванд, ки гӯё вазъ дар Хоруғ ноором аст ва сафарҳои аз пеш банақшагирифташудаи худро бекор мекунанд. Аммо ин дуруст нест, чунки соҳаи туризм яке аз муҳимтарин бахшҳои даромади иқтисоди Бадахшон аст. Як дӯсти ман, ки раҳбари меҳмонхонаи хусусӣ барои 40 ҷои хоб аст, аз ин вазъ нигарон шудааст, чунки рӯзҳои охир барояш зиёд занг зада, иҷораи меҳмонхонаро бекор мекунанд. Дар ҳоле, ки тамоми се моҳи тобистон дар меҳмонхонаи ӯ як хонаи холӣ пайдо намешавад. Шароит дар Бадахшон бисёр орому хуб аст

Озодӣ: Оё аз кори комиссиюни муштараки ниҳодҳои тафтишотӣ ва намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ чӣ хабар?

Додхудоева: Азбаски комиссиюни муштараки таъсисёфта аз оғоз ба ҳама эълон кард, ки ба хотири халал ворид накардан ба ҷараёни тафтишот то анҷоми таҳқиқ аз сӯҳбат бо матбуот худдорӣ мекунад, мо ҳам чизе дар ин бора намедонем. Танҳо аъзои он медонанду халос. Мо фақат медонем, ки кори комиссия идома дорад.

Озодӣ: Ҳоли иншооти сӯхта дар рӯйдодҳои 21 май чӣ гуна аст?

Додхудоева: Сокинони Хоруғ ва ихтиёриҳо ҳамроҳ бо кормандони ҳукумат якҷоя ҳашар карда он сохтмонҳоро тоза карданд, дар баъзе ҷоҳо таъмир шурӯъ шудааст. Ман дидам, ки дар дохили бинои прокуратура кор шурӯъ шудааст, дар милиса ҳам. Ҳамзамон таъмир мекунанд.

Озодӣ: Ҳоло баргардем ба ҳодисаҳои он рӯз – 21 май. Ба фикри шумо, оё чунин бархӯрди ҷавонҳои Хоруғ, яъне оташ задани сохтмонҳои идораҳои қудратӣ баъди як амалиёти кормандони милисаи маҳаллӣ дар маркази шаҳр чӣ маъно дошта метавонад?

Додхудоева: Дар ин ҷо, шояд айби мо ҳам ҳаст, чунки наврасоне, ки ба ин кор даст заданд, дар давраи хеле мушкили Тоҷикистон ба воя расиданд. Вале дар асл, ман ҳам худам ва бисёр мардуми Бадахшон намедонем, ки чӣ воқеа рӯй дод. Ман барои шумо не, барои шахсан худам ҳам ҷавоби ин саволро надорам.

Озодӣ: Аммо дар сӯҳбат бо Озодӣ баъзе донандагони вазъи Хоруғ, аз ҷумла хориҷиҳо гуфтанд, ки баъди амалиёти низомии тобистони соли 2012-и Хоруғ дар ҷомеа як эҳсоси нобоварӣ ба сохторҳои ҳукуматӣ эҷод шудааст ва эҳтимолан, вокуниши ҷавонҳо ҳам метавонад баёнгари ҳамин эҳсос бошад?

Додхудоева: Ҳодисаҳое, ки бо хушунат вобаста ҳастанд, одамро ба эҳсосот меорад ва ҳар хушунат то дер дар майнаи сари инсон боқӣ мемонад. Вале ман бояд як чизоро бигӯям, ки шояд 98 фоизи сокинони Бадахшон зидди ин сӯхторҳо буданд. Русҳо мегӯянд, “активное меньшинство и пассивное большинство”. Шояд ки солҳои охир зиёиён ҳам хеле бетараф шуданд ва бахусус дар тарбияи насли наврас, ки ҳамеша подоши худро дорад. Ҳар коре, ки мо ба муқобили коррупсия мекунем, бояд дар чаҳорчӯби қонун кунем. Мо мубориза бо бедодгариву коррупсия гуфта набояд худамон қонуншиканӣ кунем. Ман тарафдори ин нестам, ки муқобили қонунвайронкунӣ аз роҳи қонунвайронкунӣ биравем.

Озодӣ: Яъне манзури шумо амалиёти рӯзи 21 май аст, ки гуфтанд, дар маркази шаҳри Хоруғ тир кушоданд ва баъди ин ҷавонҳо хеста даст ба бетартибӣ заданд?

Додхудоева: Бале, он тирпарониро ман маҳкум мекунам, чунки ин хатои мақомоти қудратӣ буд.

Озодӣ: Ҳамон шабу рӯз баъзеҳо ҳодисаҳои Хоруғро ба қазияи Қрим шабоҳат медоданд. Вале шумо, ҳамчун як узви фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Хоруғ ба он ҳодисаҳо чӣ баҳои сиёсӣ медиҳед?

Додхудоева: Мутаассифона, пеш аз ҳодисаҳои ахири Хоруғ ҳам бисёриҳо дар шабакаҳои интернетӣ Бадахшонро ба Қрим шабоҳат медоданд, ки ин хатои маҳз аст. Бадахшон ҳеҷ гоҳ нияти ҷудо шудан аз ҳудудҳои Тоҷикистонро надошту надорад. Даъвоҳои баъзе сиёсатмадорон дар ин замина асос надорад. Мо як миллат ҳастем, мо бо як забон ҳарф мезанем, маданияту маърифати мо як аст. Мо ҳеҷ вақт ба ягон давлати дигар ҳамроҳ намешавем ва ҳамроҳ шуданӣ ҳам нестем. Ин масъалаест, ки дар атрофаш аз беруни вилоят, ба қавле, спекулятсия мекунанд. Ман 30-сола будам, ки ҷанги шаҳрвандӣ сар шуд. Тамоми чизу чораи ман аз даст рафт, ман гуреза шудам ва бо як азоб зиндагиро аз нав сар кардам. Ман намехоҳам, ки дубора аз сари мо ин ҳодисаҳо гузарад. Ман ҳам муқобили коррупсия, қонунвайронкунӣ ҳастам, лекин мехоҳам, ки ин мубориза бе хуну хушунат ва бе марги касе ба роҳ монда шавад. Мо мебинем, ки дар ҷангҳои Сурия, дар кишварҳои Араб чӣ мегузарад, вуҷуди меъёрҳои дугунаро медонем. Миллатҳои кӯчак, агар ба фалокат дучор шаванд, аз касе кӯмак дарёфт карда наметавонанд. Агар хоҳем, ки ба пеш равем, набояд дуюмбора садои тирро шунавем. Муборизаи мо бо ҷиноятҳо, аз ҷумла бо коррупсия бо роҳи ҷангу хун намешавад. Танҳо бо роҳи қонунӣ бояд пеш равем.

Озодӣ: Оё дар иртибот бо ҳодисаҳои ахири Хоруғ шоҳзода Оғохон ба мардуми Бадахшон ҳеҷ паёме ироа карданд? Ду сол пеш мо медонем, ки чунин паёми Имом дар шабу рӯзи ҳодисаҳои амалиёти низомии ҳукумат дар масҷидҳо пахш шуда буд.

Додхудоева: Ҳамеша мегӯяд. Ҳам тавассути сохторҳои Оғохон, ҳам дар масҷид. Беҳтарин суханҳое, ки Ҳазрат мегӯяд, ин аст, ки “қонуни давлатеро, ки дар он зиндагӣ мекунед, риоя кунед”. Ӯ мегӯяд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд фаъол бошад ва бо фаъолияти худ қонунҳоро беҳтар кунад, ба муқобили ҷиноят мубориза барад. Ва гапи дуюми муҳимаш ин аст, ки “мо бояд ба сӯи пешрафт ҳаракат кунем ва бо роҳи рост биравем”. Паёми он кас ин аст, ки мардум бояд орому осуда ва сулҳомез зиндагӣ кунанд. Дар иртибот бо ҳодисаҳои 21 май бошад, ҳарчанд изҳороти расмӣ набуд, вале дар масҷидҳои вилоят дар намозҳои ҷумъа фармонҳои он кас дар ин бора хонда шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG