Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додихудоева: "Оташбас ҳадафи аслии гурӯҳи 20-нафарӣ буд"


Набот Додихудоева, узви гурӯҳи миёнҷии иборат аз 20 нафар дар Хоруғ аст, ки ҳаводиси ахир дар ин шаҳрро тавзеҳ дод.

Набот Додихудоева, узви гурӯҳи 20-нафарӣ дар шаҳри Хоруғ аст. Бону Додихудоева раиси созмони иҷтимоии "Мадина", нахуст дар бораи ҳадафи аслии ин гурӯҳ, ки бо шумули мақомоти вилоят ва шаҳри Хоруғ, афроди бонуфузи ҷомеа ва намояндагони ҷомеаи маданӣ ташкил шуда буд, ибрози назар кард:

ДОДИХУДОЕВА: "Албатта аз номи гурӯҳ ҳарф зада наметавонам, зеро тасмим шудааст, ки аз номи гурӯҳ танҳо раҳбари он изҳори назар кунад. Аммо ҳамчун як шаҳрванд метавонам, бигӯям, ки мақсади асосии гурӯҳи 20-нафарӣ расидан ба оташбас буд ва мо ба ин муваффақ шудем. Он тарафаш, чанд гурӯҳ, аз ҷумла гурӯҳи мақомот фаъолият дорад. Аммо гурӯҳи мо дар миёни ҷамоат ба хотири равшанӣ андохтани вазъият дар миёни ҷавонону мардум фаъолият дорад. Дар муддати кӯтоҳ тавонист, корҳоеро аз қабили кушодани роҳу хиёбонҳо ва ҳаракати васоили нақлия ва фаъолияти муассисаву корхонаҳо ва дигар корҳоро анҷом диҳад."

ОЗОДӢ: Чун ҳадафи гурӯҳи Шумо оташбас буд ва ба ҳадаф расидед, пас дигар амалиёти сохторҳои қудратӣ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ матраҳ нест?

ДОДИХУДОЕВА: "Аз оне ки тавассути телевизион дидам ва медонам, гурӯҳҳои мусаллаҳ силоҳҳои худро месупоранд, вазъият дар шаҳри Хоруғ оромтар шуд ва мардум ба кору фаъолияти худ машғуланд ва фикр мекунам, ҳамин тариқ давом мекунад."

ОЗОДӢ: Ба иттилое, ки Шумо доред, кадом гурӯҳҳо, аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳ силоҳҳояшонро таслим кардаанд?

ДОДИХУДОЕВА: "Фақат он чизеро, ки аз тариқи телевизион дидам, ҳамон чизро гуфта метавонам. Зеро дар бораи силоҳбадастони Хоруғ ягон маълумоте ҳам надорам ва ҳатто намедонам, ки он гурӯҳҳо кистанд. Тавре мегуфтанд, дар Хоруғ ин гуна гурӯҳҳои калон набуданд. Аслан мо онҳоро надидем."

ОЗОДӢ: Аммо мегӯянд, музокирот миёни нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳ ҷараён дорад. Ин чӣ гуна музокирот аст ва ба чӣ шева сурат мегирад?

ДОДИХУДОЕВА: "Ман дар ин бора гуфта наметавонам. Чун мақсади гурӯҳи мо то оташбас овардан ва супоридани силоҳ буд. Аммо дар мавриди музокирот як гурӯҳи дигари мақомот машғул буд, барои ҳамин дар ин бора иттилое надорам."

ОЗОДӢ: Аммо гурӯҳи 20-нафарӣ, ки шумо низ узви он ҳастед, ба унвони миёнҷӣ дар музокироти миёни мақомоти давлатӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳ дониста мешавад, Магар ин хел нест?

ДОДИХУДОЕВА: "Бале, мо бо он шахсоне, ки дар ҷамоат нуфуз доранд, бояд онҳоро водор кунем, ки силоҳҳоро супоранд. Аммо музокирот чӣ хел шуд, кӣ омад ва чӣ гуна сурат гирифт, инро намедонем."

ОЗОДӢ: Вале вақте мегӯед, "мақсади мо музокирот буд", аслан музокирот байни киро дар назар доред?

ДОДИХУДОЕВА: "Байни нерӯҳои низомии давлат ва силоҳбадастон."

ОЗОДӢ: Силоҳбадастон, яъне кӣ?

ДОДИХУДОЕВА: "Ҳамонҳое, ки мавриди амалиёти низомӣ қарор гирифтанд. Чун ин амалиёт аз сӯи сохторҳои қудратӣ буд, вале то чӣ андоза аз ин амалиёт хабардор буданд, ман намедонам. Чун шаби қабл аз оғози амалиёт ман бо як нафар хориҷӣ барои баргузории конфронс дар шаҳри Хоруғ сӯҳбат кардам, вай гуфт, ки конфронс баргузор намешавад, чун моро гуфтанд, ки шаҳрро тарк кунед. Аммо мардуми Хоруғро огоҳ накарданд. Ман сокини шаҳри Хоруғ ҳастам ва соати 4-и субҳи ҳамон рӯз таги тирборон мондам ва 17 соат бо кӯдаки думоҳаам натавонистаам, ки сарамро аз хона берун кунам."

ОЗОДӢ: Мақомот амалиётро алайҳи Толиб Айёмбеков, ҳамзамон Имомназар Имомназаров, Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров ва Ёдгоршо Мусалламов роҳандозӣ карданд, ки дар куштори генерал Абдулло Назаров муттаҳам шудаанд. Пас, метавон гуфт, ки музокирот миёни нерӯҳои давлатӣ ва ин афрод сурат гирифт?

ДОДИХУДОЕВА: "Бале, лекин то чӣ андоза кӣ аз ин гурӯҳҳо намояндагӣ ва ширкат кард, инро намедонам. Аммо ҳадафи амалиёт, ки боздошти муттаҳамони генерал Абдулло Назаров буд, танҳо пас аз оғози амалиёт баён шуд ва вақте дар ҷамоат бо мардум сӯҳбат мекардем, сокинон аз он нигарон буданд, ки ҳукумат барои ду нафар корманди сохтори давлатӣ, ки онҳо барои сигарет муросо накарданд, даст ба амалиёт зад. Мардум онро ҷанг барои сигарет меноманд. Аммо ҷабр болои сари мардуми осоишта шуд."

ОЗОДӢ: Аммо гурӯҳи Шумо, ки ҳадафаш мусоидат ба музокироти миёни нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳ унвон мешавад, чӣ кореро барои машварат бо ин ҷонибҳо кардааст?

ДОДИХУДОЕВА: "Гурӯҳи мо бо Имомназар Имомназаров маслиҳат карданд, ки ӯ розӣ шавад, то бо нерӯҳои давлатӣ мулоқот кунад ва вайҳо розӣ шуданд ва ба фикрам, соати 3-и 28-уми июл ин мулоқот баргузор шуд."

ОЗОДӢ: Ин музокирот дар куҷо сурат гирифт?

ДОДИХУДОЕВА: "Инро намедонам ва дар бораи нуктаҳои нозуки ин кор ба мо маълумот надоданд."

ОЗОДӢ: Дар ҳоли ҳозир Имомназар Имоназаров, Муҳаммадбоқир
Муҳамадбоқиров ва Ёдгоршо Мусалламов дар куҷо ҳастанд?

ДОДИХУДОЕВА: "Ҳоли ҳозир дар Хоруғ ягон кас намедонад, ки онҳо дар куҷо ҳастанд, ягон кас хабар ҳам надорад. Зеро мардум пайи зиндагии худ аст. Аз пайи ин ҳам нагаштем, ки онҳо дар куҷоянд. Ман намедонам, онҳо дар Хоруғ ҳастанд ё нестанд. Аммо медонам, ки як гурӯҳ модарон ба номи президент муроҷиатнома навишта хостори авфи ин чаҳор нафар шуданд. Модарон мехоҳанд як комиссияи босалоҳият ташкил шуда ва қазияи кушта шудани генерал Абдулло Назаровро таҳқиқ кунад ва гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ кашонад."

ОЗОДӢ: Дар бораи Толиб Айёмбеков чӣ иттилоъ аст? Гуфта мешуд вай дар қаламрави Афғонистон аст?

ДОДИХУДОЕВА: "Дар Хоруғ ҳар гуна гапҳо аст. Аммо дар бораи дар куҷо будани Толиб Айёмбеков ягон кас чизе намедонад ва ман фикр мекунам, ки як сухани русӣ аст, ки "презумпция невиновности" аст ва то он даме, ки тафтишот нашавад, ҳеҷ кас гуфта наметавонад, ки Толиб Айёмбеков гунаҳкор аст ё не. Ман як шаҳрванде ҳастам, ки аз масоили ҳуқуқии кишвар то андозе бохабарам."

ОЗОДӢ: Пас нерӯҳо барои чӣ ба Хоруғ ворид шуданд? Онҳо дар пайи кӣ мегаштанд?

ДОДИХУДОЕВА: "Агар ҳақиқати гапро гӯем, мо тамоман надонистем, ки ин ба хотири чӣ буд, ҳуҷум ба хотири чӣ, муҳосира ба хотири чӣ? Бисёр саволҳое ҳастанд, ки воқеан ҷавоб мехоҳанд."

ОЗОДӢ: Ҳамакнун нерӯҳои давлатӣ дар куҷо ҳастанд?

ДОДИХУДОЕВА: "Ҳоло нерӯҳои давлатӣ аз маҳаллаи УПД бароварда шуданд ва ин амр барои осоиштагии мардуми Хоруғ хеле муҳим аст. Ҳамакнун нерӯҳои давлатӣ дар дохили гарнизони шаҳри Хоруғ мустақар шуданд."

ОЗОДӢ: Мақомот дар оғози амалиёт эълон карданд, ки он ба хотири боздошти омилони қатли генерал Абдулло Назров аст. Вале назари Шумо чӣ аст?

ДОДИХУДОЕВА: "Аз нуқтаи назари ман ин як муаммо аст. Зеро Имомназар Имомназаров дар куштори генерал даст надошт ва он ду нафари дигар ҳам. Аммо агар Толиб Айёмбеков гунаҳкор аст, бояд додситонӣ ё мақомоти қудратӣ маълум мекарданд. Бо он ки ҳарфу сару садо дар бораи амлиёт зиёд аст. Аммо куштори генерал Абдулло Назаров наметавонист сабаби ин амалиёт шавад."

ОЗОДӢ: Чун аз амалиёт гуфтем, гуфта мешавад, дар сафи гурӯҳҳои мусаллаҳ зархаридони афғон низ ширкат карданд. Мақомот низ аз боздошти чанд нафар афғон дар пайи ин амалиёт хабар доданд. Шумо, ки дар Хоруғ ҳастед, инҳо воқеият доштанд?

ДОДИХУДОЕВА: "Ягон афғон дар ин ҳодисаҳо иштирок накард. Он чор афғоне, ки боздошт карданд, тоҷирони бозор буданд. Рӯзи дигар онҳоро озод карданд, чун дар бозори Хоруғ ҳамчун савдогар фаъолият мекарданд."

ОЗОДӢ: Ба назари Шумо, чаро мақомоти ҳарбӣ дар симои Толиб Айёмбеков таҳдиди амниятӣ мебинанд.

ДОДИХУДОЕВА: "Аз тарафи Толиб Айёмбеков хатаре намебинам. Мутмаинам, агар Толиб Айёмбеков зинда ҳам бошад, бар сари мардуми худ силоҳ намекашад ва бомбаборон ҳам намекунад."

ОЗОДӢ: Аммо бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Бадахшон як минтақаи муҳим ва ҳамзамон ҳассос аст, оё хатари дигаре метавонад вуҷуд дошта бошад?

ДОДИХУДОЕВА: "Бале, дар Хоруғ гапҳои зиёде ҳаст, ки дар ҳодисаҳои ахир дасти нерӯи севум аст. Мардум мегӯянд, дар нооромӣ нерӯҳои давлат ва гурӯҳҳои мусаллаҳ манфиатдор нестанд. Аммо вуҷуди нерӯи севум метавонад омили иғво
шавад. Ба ин хотир мо навбатдории волонтерӣ ё ихтиёриёнро шабона ташкил кардаем, то аз ҳар гуна "провокатсия" ё иғво ҷилавгирӣ шавад."

ОЗОДӢ: Нерӯи севум гуфта кадом нерӯро дар назар доред?

ДОДИХУДОЕВА: "Нерӯи севум метавонанд кишварҳое бошанд, ки ба сарнагун кардани ҳукумати феълӣ дар Тоҷикистон манфиатдоранд ва мехоҳанд, ки инро ба дасти мардуми Бадахшон амалӣ созанд. Аммо мардуми Бадахшон сад дар сад тарафдори ҳукумати феълӣ аст ва кӯшиш мекунад, ки аз ҳар гуна иғво ҷилавгирӣ кунад."

ОЗОДӢ: Шумо, ки дар ин рӯзҳо дар Хоруғ будед, оё нишонаҳоеро аз вуҷуди нерӯи севум дар ҳаводиси ахир мушоҳида кардед?

ДОДИХУДОЕВА: "Албатта, мо инро мушоҳида накардем ва шаҳрванди дигар давлатро надидем. Вале як чизро бояд дар назар гирифт, ки Тоҷикистон, хусусан вилояти Бадахшон марзи тӯлонӣ бо Афғонистон дорад ва эҳтимоли вуруди нерӯи севум вуҷуд дорад. Аммо дар Хоруғ, ки касе ҳодисаҳои ахирро намехост ва давлат низ мутмаинам, инро намехост, аммо рух дод ва куштори генерал Абдулло Назаров чунин фикрҳоеро бар сари мардум овард, ки шояд нерӯи севум пушти ин аст. Фикр мекунам, ноором кардани вазъ дар Хоруғ барои нерӯи севум зарур буд, на каси дигар."

ОЗОДӢ: Бо ин ҳам дурнамои вазъ дар Хоруғро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

ДОДИХУДОЕВА: "Албатта эътимод дорам, ки сулҳ дар Бадахшон барқарор мешавад ва ҳеҷ як сокини ин вилоят, аз ҷумла шаҳри Хоруғ ҷангу хунрезиро намехоҳад. Нерӯҳои солимфикри Бадахшон имрӯзҳо дар миёни аҳолӣ кор мебаранд ва бо намояндагони сохторҳои қудратӣ, ки дар Хоруғ ҳастанд, сӯҳбатҳо доштанд. Ҷонибҳо хоҳони сулҳу субот дар кишваранд ва умедворам, ки асло дигар садои тир шунида намешавад."
XS
SM
MD
LG