Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Миср ҳизбҳоро ба муколама даъват кардааст


Абдулфаттоҳ ас Сисӣ, фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Миср
Абдулфаттоҳ ас Сисӣ, фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Миср

Фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Миср, генерал Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ нерӯҳои сиёсии кишварашро ба муколама даъват кардааст.

Хабаргузории МЕНА-и Миср рӯзи сешанбе хабар дод, ки ас-Сисӣ аз тамоми ҳизбҳои сиёсии Миср хостааст, ки рӯзи чоршанбе вохӯрда, ҳамаи ихтилофҳои мавҷударо рафъ намоянд.

Даъвати ас-Сисӣ замоне садо дод, ки дар Қоҳира гурӯҳҳои ба ҳам рақиби тарафдорони назархоҳии умумимардумии 15-уми декабр ва мухолифини он гирдиҳамоиҳо ташкил карда буданд.

Бо пешниҳоди президенти Миср, Муҳаммад Мурсӣ 15-уми декабр назархоҳии умумимардумӣ барои қабули сарқонуни нави Миср муқаррар шудааст. Президент Мурсӣ гуфтааст, ҳозир аст, дар музокироти ваҳдати миллӣ, ки рӯзи чоршанбе доир хоҳад шуд, ширкат варзад.

Вале гурӯҳи асосии мухолифи Мурсӣ, Ҷабҳаи Наҷоти миллӣ гуфтааст, ки қарорашро дар ин бора дар давоми рӯзи чоршанбе эълон мекунад. Қаблан ин ҷабҳа даъватҳои низомиён барои муколамаро рад карда буд.

Субҳи рӯзи сешанбе дар бархӯрди миёни тарафдорон ва мухолифини президенти Миср камаш 9 кас ҷароҳат бардоштанд. Ба навиштаи хабаргузориҳои мисрӣ ҳамлакунандагон ба тарафи эътирозгарони майдони Таҳрири Қоҳира тир холӣ карда, зарфҳои саршор аз маводи сӯхт партоб намуданд.

Аммо як эътирозгар бо номи Аҳмад Саид мегӯяд, ӯ то замони таъхиргузории назархоҳии кноститутсионӣ майдонро тарк намекунад: “Мо кӯшиш мекунем, ки то рӯзи шанбе чизе ба даст наояд. Мо ҳозирем, ки ҷони худро диҳем, то шанбе наояд, яъне назархоҳӣ ба Миср наояд. Агар шанбе омаду, мо бетағйир бошем, пас Худо мисриҳоро дар амони худ нигаҳ медорад!”

Дар сӯҳбат бо шабакаи британиявии Би-Би-Сӣ Муҳаммад ал-Бародаъӣ, яке аз пешвоҳои Ҷабҳаи Наҷоти миллии Миср, гуфтааст, ки тарафдори таъхири назархоҳӣ мебошад. “Ин сарқонун ҳуқуқи асосии моро нодида мегирад.Он низоми муносиби демократӣ бунёд намекунад. Хуллас, мо дар ин ҷо ҳастем, то бо дандону нохун бар зидди назархоҳии рӯзи шанбе ҷадал кунем.”-изҳор доштааст Муҳаммад ал Бародаъӣ.

Бӯҳрони сарқонуни нави Миср бузургтарин хушунат аз замони барканоршавии президенти пешини Миср, Ҳуснӣ Муборак мебошад. Дар бархӯрдҳои ҳафтаи гузашта миёни тарафдорону мухолифини сарқонуни нав камаш 7 кас кушта шудаанд.

Лоиҳаи сарқонунро дар парламент, зери назорати муттафиқони исломии Мурсӣ таҳия кардаанд. Мухолифин ва ҳомиёни ҳуқуқ ин лоиҳаро маҳкум намуда, исрор меварзанд, ки он озодиҳои асосӣ ва ҳифзи занону ақаллиятҳоро нодида мегирад.
XS
SM
MD
LG