Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ансамбли “Фалак” дар мадрасаи исломӣ


Мадрасаи мутавасситаи ба номи «Имоми Аъзам» яке аз 5 мадрасаи дар ҳоли ҳозир фаъол дар вилояти Суғд аст, ки 14 сол пеш таъсис ёфта.

Мадрасаи мутавасситаи ба номи «Имоми Аъзам» яке аз 5 мадрасаи дар ҳоли ҳозир фаъол дар вилояти Суғд аст, ки 14 сол пеш таъсис ёфта.

Ҷудо шудани ду синфхонаи мадрасаи исломии Хуҷанд ба номи Имоми Аъзам ба гурӯҳи ҳунарии фалаксароӣ баҳсҳоеро дар маҳфилҳои мухталифи Суғд барангехтааст.

Мадрасаи мутавасситаи исломии Хуҷанд дар канори ҷанубии маҷмааи масҷиди ҷомеи Шайх Муслиҳиддин ҷой гирифтааст. Орифҷон Байзоев, мудири мадрасаи мазкур, субҳи имрӯз, 28-уми феврал, қазияи дар ихтиёри идораи фарҳанг гузоштани 2 синфхонаи мадрасаро чунин шарҳ дод: “Аз замони таъсиси мадраса дар соли 1999 мо 2 утоқи канории бинои Арт-галерея, собиқ “Хонаи пешоҳангон ё пионерон”-ро бо мувофақаи раҳбарияти қаблӣ бо мақомот чун синфи дарсӣ истифода мекардем. Аммо молики аслии онҳо аз рӯи ҳуҷҷатҳои расмӣ идораи фарҳанги вилоятӣ буд. Акнун онҳо аз мо талаб карданд, ки он утоқҳоро баргардонем ва як ҳафта мӯҳлат ҳам доданд ва мо синфхонаҳоро холӣ карда ба онҳо додем. Барои худ аз ҳисоби утоқҳои худамон 2 синфхонаи дигар фароҳам кардем. Ин ягон ҷои нигаронӣ надорад”.

Орифҷон Байзоев - мудири мадраса

Орифҷон Байзоев - мудири мадраса

Байзоев афзуд, шароити мадраса барои таълиму тадрис тангӣ мекунад. Вале ин мушкил бо анҷоми сохтмони бинои нави мадраса имсол анҷом хоҳад ёфт.

Атрофи маҷмааи Шайх Муслиҳиддин, ки мадрасаи исломӣ дар канори ҷанубии он воқеъ аст, панҷарабандӣ шуда, бинои он ба Арт-галерея пайваст аст. Вале даромад ба Арт-галерея аз беруни маҷмаа аст. Ба гуфтаи мудири мадраса, баъд аз ба идораи фарҳанг баргардонидани 2 синфхона тасмим гирифтаанд, дари он аз дохили маҷмааро маҳкам кунанд.

Мудири мадрасаи Хуҷанд дар бораи он ки мақомоти фарҳанг ба чӣ мақсад синфҳонаҳоро бозпас гирифтаанд, чизе нагуфт.

Вале Анварҷон Каримов, муовини мудири Арт-галерея, дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт, идораи фарҳанг синфхонаҳоро дар ихтиёри ансамбли “Фалак” хоҳад гузошт.

Анварҷон Каримов - муовини мудири Арт-галерея

Анварҷон Каримов - муовини мудири Арт-галерея

Вай афзуд: “Баъзеҳо мегуфтанд, ки ансамбли фалаксароӣ дар паҳлӯи масҷид, ин чӣ хел мешавад, як тараф дарсу тарафи дигар сурудхонӣ, ба якдигар халал намерасонанд? Аммо ин ҷо раҳбари ансамбли “Фалак” омада буданд, гуфтанд, ки ин утоқҳоро фақат барои нигаҳдории асбобу таҷҳизоти мусиқиву сару либосҳои саҳнавии худ истифода мекунанд. Аммо машқҳои худро дар толори театри ба номи Камол анҷом медиҳанд”.

Аммо рӯзи панҷшанбеи 28-уми феврал, вақте ки ба мадраса рафтем, дари синфхонаҳои пештара баставу масъулони ансамбли “Фалак” ҳанӯз ба коргоҳи нави худ ҳозир нашуда буданд.

Давлатманд Қутбиддинов, овозхони ҷавон ва раҳбари гурӯҳи ҳунарии “Фалак”, дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» корбурди коргоҳи нави худро дигаргуна шарҳ дод: “Калиди он ду утоқи дар истифодаи мадрасаро имрӯз соати 12 гирифтем. Онҳоро таъмиру тармим мекунем. Баъд фаъолияти худро дар ин коргоҳи навамон ба роҳ мемонем. Ният дорем дар як утоқи он студияи сабти овоз таъсис диҳем”.

Вай афзуд, ҳайати эҷодиву техникии “Фалак” иборат аз 46 нафар буда, ба коргоҳи нави худ кӯч хоҳанд баст.

Ин гурӯҳи ҳунарӣ дар маркази вилояти Суғд 5 сол пеш таъсис ёфта, то ҳол толори алоҳидаи худро надошт ва дар ба дар буд. Кохи фарҳанги ба номи Рӯдакӣ, театри Камол, театри тамошобини наврас нагузоштанд, ки ансамбли «Фалак» дар кӯча монад. Билохира, бо мусоидати раёсати фарҳанг соҳиби коргоҳ шуд, вале он ҳам дар 2 синфхонаи мадрасаи исломӣ.

Оё ин ҳамсоягӣ ба кору фаъолияти онҳо халал намерасонад?

Давлатманд Қутбиддинов - раҳбари гурӯҳи ҳунарии “Фалак”

Давлатманд Қутбиддинов - раҳбари гурӯҳи ҳунарии “Фалак”

Ба ин савол раҳбари гурӯҳи ҳунарии “Фалак” чунин посух дод: “Мо кӯшиш мекунем халал нарасонем. Фалаксароӣ ҳам муноҷот ба худо аст ва умедворам, ин моро ба ҳам наздиктар мекунад. Аввал як ҳайати дунафара аз гурӯҳи эҷодиамон дар якҷоягӣ бо намояндаи раёсати молия ва масъули раёсати фарҳанг ба Шӯрои уламо рафта, масъаларо матраҳ карданд. Онҳо розӣ шуданд ва дуои нек доданд”.

Мадрасаи мутавасситаи ба номи «Имоми Аъзам» яке аз 5 мадрасаи дар ҳоли ҳозир фаъол дар вилояти Суғд аст, ки 14 сол пеш таъсис ёфта, дар он 65 ҷавон ва 70 нафар духтарон маълумоти миёнаи махсуси динӣ мегиранд. Муддати таҳсил барои ҷавонон 4 ва барои духтарон 2 сол аст. Аз соли 1999 ба ин сӯ ҳудуди 300 нафар ин мадрасаро бо ихтисосҳои “имом-хатиб ва мударрис” (ҷавонон) ва “мударрис” (духтарон) хатм кардаанд.

Вазорати маорифи Тоҷикистон ҳанӯз ин мадраса ва барномаҳои таълимии онро тасдиқ накардааст ва дипломи хатмкардагони онро ба расмият намешиносад. Аз ин рӯ, мушкили аслии дастпарварони ин ва дигар мадрасаҳои Тоҷикистон надоштани иҷозаи кор дар муассисаҳои таълимии давлатӣ аст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG