Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Изҳороти генерал Мушарраф ҷанҷол барангехт


Парвиз Мушарраф, президенти пешини Покистон.

Парвиз Мушарраф, президенти пешини Покистон.

Изҳороти ахири президенти пешини Покистон, генерали бознишаста Парвиз Мушарраф, ки Толибон, шабакаи Ҳаққонӣ ва Усома бин Лодинро қаҳрамонони ин кишвар хонд, ҷанҷолбарангез шудааст.

Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳури пешини Покистон ва сарфармондеҳи собиқи артиши он кишвар, ахиран дар як мусоҳиба бо шабакаи хабарии CNN гуфтааст, ки Покистон дар солҳои 90-и қарни гузашта Толибонро омӯзиш дода ва барои ҷанг бо русҳо ба Афғонистон фиристод ва бинобар ин, Толибон, шабакаи Ҳаққонӣ ва раҳбарони пешин ва кунунии Ал-Қоида Усома бин Лодин ва Айман Завоҳирӣ қаҳрамонони он кишвар ба шумор мераванд.

Ба дунболи ин суханони Парвиз Мушарраф, расонаҳои покистонӣ аз қавли Сартоҷ Азиз, мушовири нахуствазири Покистон дар умури хориҷӣ эълом карданд, ки онҳо бар Толибон нуфуз доранд, аммо наметавонанд онҳоро контрол (назорат) кунанд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти Афғонистон ин изҳори назари Сартоҷ Азизро рад намуда ва мегӯянд, ки ҳукумати Покистон ҳанӯз ҳам 80 дарсад бар Толибон нуфуз дорад. Муовини аввали раиси парлумони Афғонистон Муҳаммадназир Аҳмадзай рӯзи 29 октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, изҳороти Парвиз Мушарраф собит сохт, ки шикоятҳои чандинсолаи ҳукумати Афғонистон дар мавриди ҳимояти Покистон аз Толибон дуруст будааст.

"Дар мавриди изҳороти Парвиз Мушарраф назари парлумони Афғонистон ин аст, ки чунин ҳарфҳо аз забони худашон баромад ва бо ин эътирофашон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ошкор сохтанд, ки шикояти ҳукумати Афғонистон ва мардуми он аз мудохилаи Покистон дар умури ин кишвар дуруст будааст ва ин масъаларо ба таври рӯшан Мушарраф баён кард," --афзуд Аҳмадзай.

Аммо коршиноси масоили сиёсӣ дар Афғонистон Ҳоҷӣ Саиддовуд рӯзи 29 октябр ба Радиои Озодӣ дар робита ба ин суханони Парвиз Мушарраф гуфт, ки "Мушарраф хост ба шевае дунёро бифаҳмонад, ки мо дар ҷанги сард муттаҳиди Шумо будем ва ин афрод ва ин ашхосро бо машварати Шумо ҷой дода будем. Аммо ҳоло Шумо Покистонро интиқод мекунед."

Ин таҳлилгари афғон мегӯяд, ки агар Покистон аз Толибон ҳимоят намекард, дар беш аз чаҳордаҳ соли гузашта ин гурӯҳи хурд ҳаргиз наметавонист дар муқобили 150 ҳазор аскари хориҷӣ ва 350 ҳазор нерӯи афғон истодагарӣ намояд.

Аммо коршиноси дигари афғон Аҳмад Саид, ки чанд муддат ба ҳайси дипломат дар Покистон кор кардааст, мегӯяд, ки бо дарназардошти ин гуна изҳорот, ҳукумати Афғонистон бояд аз қудрат алайҳи Толибон ва дигар мухолифони мусаллаҳ истифода барад.

Ҳукумати Афғонистон ҳам аз Покстон хоҳони иқдоми низомӣ алайҳи гурӯҳи Толибон, шабакаи Ҳаққонӣ ва дигар гурӯҳҳои покистонӣ аст ва мегӯяд, ки Исломобод дар ин росто содиқона рафтор накардааст. Аммо Навоз Шариф, нахуствазири Покистон мегӯяд, ки онҳо наметавонанд ҳам Толибонро бикушанд ва ҳам онҳоро ба мизи музокирот бикашонанд.

Расонаҳои расмии Покистон аз қавли Сартоҷ Азиз, мушовири нахуствазири Покистон дар умури хориҷӣ гузориш додаанд, ки Амрико ва Покистон хостори роҳандозии дубораи гуфтугӯҳои сулҳи Афғонистон ҳастанд ва ҳукумати Афғонистон бояд музокиротро оғоз намояд, то ҳукумати Покистон заминаи онро мусоид созад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG