Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Ихвонулмуслимин" ба "ҷумъаи хашм" даъват кард


Гурӯҳи «Ихвонулмуслимин» аз ҷонибдорони худ хостааст, то дар «ҷумъаи хашм», тазоҳурот кунанд.

Хабаргузории Франс-пресс, ки ин қавлро аз сӯхангӯи ин гурӯҳ нақл кардааст, мегӯяд, ин даъват нигарониҳоро аз афзоиши хушунатҳо дар он кишвар бештар намудааст.

Хушунатҳои камсобиқае, ки рӯзи чаҳоршанбеи ҳафтаи ҷорӣ дар саркӯбии таҷаммӯи ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси барканоршудаи ин кишвар рух дод, садҳо қурбонӣ ба ҷой гузошт. Рӯзи панҷшанбе низ танишҳо фурӯкаш накард ва аз ҳамлаҳои ду ҷониба гузориш шудааст. Давлати муваққати Миср рӯзи гузашта вазъияти фавқулодда эълон кард ва ба ҳамин далел мушаххас нест, нерӯҳои амниятӣ ин бор дар баробари раҳпаймоии эҳтимолии ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ даст ба чӣ иқдоме бизананд.

Ба вижа вазорати умури дохилии Миср ба нерӯҳои амниятии ин кишвар фармон додааст, ки барои ҳимояти аз марказҳои амниятӣ ва низомӣ дар сурати қарор гирифтан дар рӯбарӯи хатар аз сӯи тазоҳургарон, аз «гулӯлаи ҷангӣ» истифода кунанд. Аз сӯи дигар мушаххас нест, ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ ин бор дар баробари хушунатҳо чи вокунише нишон диҳанд.

Созмони Милали Муттаҳид аз тарафҳо дар Миср хостааст, ки «ҳадди аксар»-и худдориро аз худ нишон диҳанд. Ҳамзамон Бритониё, Австралия, Фаронса ба таври муштарак хостори баргузории нишасти изтирории Шӯрои амнияти СММ барои баррасии вазъ дар Миср шуданд.

Вазорати умури хориҷии Амрико низ эълом кардааст, ки анҷоми «ҳама кӯмакҳо»-и худро аз нав баррасӣ хоҳад кард. Пештар, раиси ҷумҳури Амрико Барак Обама аз таваққуфи машқи низомии муштарак бо Миср хабар дода буд.

Раҷаб Таййб Эрдуғон, нахуствазири Туркия рухдодҳои рӯзи чаҳоршанберо «куштор» ном ниҳодааст. Туркия сафири худ аз Қоҳираро низ фаро хонд.

Нови Пеловӣ, мақоми аршади умури ҳуқуқи башари СММ хостааст, то таҳқиқоти «мустақил, муассир ва қобили эътмод» дар мавриди рухдодҳои рӯзи чаҳоршанбеи Миср анҷом шавад.

Вазорати тандурустии Мир дар охирин омори худ, шумораи кушташудагони рӯзи чаҳоршанбе дар саросари Мисрро 638 нафар эълон кард. Гуруҳи "Ихвонулмуслимин" шумори кушташудагонро беш аз 2600 нафар эълом кардааст.

XS
SM
MD
LG