Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико мегӯяд, аз хоки Русия ба шарқи Украина мушак партоб шудааст


Вазорати умури хориҷии Амрико мегӯяд, тасвирҳои моҳвораӣ нишон медиҳад, ки чанд мушак аз 11 километрии дохили хоки Русия ба шарқи Украина партоб шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Ассошиэйтед пресс ба нақл аз мақомҳои вазорати хориҷии Амрико, Идораи ҷосусии миллии Амрико тасвирҳои моҳвораиеро мунташир кардааст, ки осори бар ҷоймонда аз нуқтаи партоби мушакаҳо ва чуқуриҳои ба вуҷудомада дар замин дар шарқи Украинаиро нишон медиҳад.

Бар асоси гузориш, тасвирҳои ёдшуда аз партоби мушакҳо байни рӯзҳои 21 а 26 июл, пас аз сарозер шудани ҳавопаймои мусофирбари Малайзия дар шарқи Украина дар рӯзи 17 июл аст. Минтақаи васеи атрофи пойгоҳҳои низомии Украина, ки ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд, нишон медиҳад, ки мушакҳо аз партобкунандаҳои мухталиф андохта шудаанд.

Таниш дар шарқи Украина пас аз афзоиш ёфт, ки Русия дар моҳи март нимҷазираи Қримро тасарруф кард ва Вошингтон аз он вақт ба яке аз мунтақидони сиёсати Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия табдил шудааст.

Мақомоти иттилоотии Амрико борҳо гуфтаанд, ки Русия масъули суқут додани ҳавопаймои мусофирбари Малайзия аз сӯи ҷудоиталабони тарафдори Маскав аст. Ба гуфтаи онҳо, ин ҳавопаймо тавассути як мушаки "замин ба ҳаво"-и сохти Русия сарнагун шудааст.

Дар сарнагунии ин ҳавопаймо, 298 нафар кушта шуданд, ки ҳанӯз боқимондаҳои бархе ҷасадҳо дар онҷо боқӣ аст ва бозрасонҳои байналмилалӣ натавонистаанд аз маҳали ҳодиса дидан кунанд.

Тибқи гузоришҳо, рӯзи якшанбе бинобар даргирӣ миёни нерӯҳои ҳукуматии Украина ва ҷудоиталабони тарафдори Русия дар наздикиҳои маҳали сарнагунии ҳавопаймои Малайзия, кормандони пулиси Австралия ва Ҳулланд маҷбур шуданд боздиди худ аз ин маҳалро лағв кунанд.

Ин дар ҳолест, ки Малайзия рӯзи якшанбе эълом кард, бо ҷудоиталабон ба тавофуқе даст ёфтааст, ки ба афроди пулиси байналмилалӣ иҷоза медиҳанд ба маҳали сарнагун шудани ҳавопаймои мусофирбари Малайзия бираванд.

Наҷиб Раззоқ, нахуствазири Малайзия гуфт, ки вуруди нерӯҳои байналмилалӣ барои пуштибонӣ аз касоне аст, ки барои таҳқиқ дар бораи ин ҳодиса ба маҳал рафтаанд. Австралия рӯзи якшанбе эълом кард, ки шуморе аз афроди мусаллаҳи ин кишвар ҳафтаи оянда вориди маҳалле мешаванд, ки таҳқиқот ҷараён дорад.

Ин макон таҳти контроли ҷудоихоҳони тарафдори Русия қарор дорад. Агарчи мақомҳои Австралия афзудаанд, ки ин афроди мусаллаҳ набояд таҳдид маҳсуб шаванд ва танҳо барои ҳифозат аз муҳаққиқон дар ин минтақа ҳозир мешаванд.

Дар ҳамин ҳол вазорати умури хориҷии Русия аз гуфтугӯи вазирони хориҷии Амрико ва Русия дар рӯзи якшанбе хабар дода ва мегӯяд, ки ду тараф дар он ба зарурияти барқарории оташбас дар шарқи Украина таъкид кардаанд. Тибқи гузоришҳо, рӯзи якшанбе бар асари партоби мушак дар шарқи Украина 13 нафар, аз ҷумла 2 кӯдак кушта шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG