Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулло Ҳайдар ҷонибдори кам кардани масҷидҳост


Ҳоҷӣ Ҳайдар Шарифзода

Ҳоҷӣ Ҳайдар Шарифзода

Дар шаҳри Кӯлоб фаъолияти се масҷиде, ки дар онҳо хондани намози ҷумъа муваққатан манъ шуда буд, то охири ин моҳ дубора аз сар гирифта хоҳад шуд.

Шариф Абдулҳамидов, сармутахассиси Кумитаи дин дар минтақаи Кӯлоб, мегӯяд, қаблан панҷ масҷиди ҷомеъро барои надоштани ҳуҷҷат ва нақзи қонуни Иттиҳодияҳои динӣ ҳушдор дода буданд. Аз ин миён ду масҷид фаъолияташро дар доираи қонун ба роҳ монд, вале имомхатибони се масҷид ҳушдорҳои пай дар пайи онҳоро ба эътибор нагирифтанд.

Ҷаноби Абдулҳамидов мегӯяд, онҳо масҷидҳоро комилан набастаанд ва дар онҳо намози панҷвақта баргузор мешавад. Ӯ мегӯяд, имомхатибон ҳоло дар ҳоли дуруст кардани ҳуҷҷатҳояшон ҳастанд ва то охири моҳ ҳамчун масҷиди ҷомеъ ба фаъолият оғоз хоҳанд кард.

Ӯ гуфт, воқеан, то ҳол фаъолияти аксари масоҷид боиси нигаронист: «Масҷид низомномаи худро дорад, ки бояд дар доираи мазҳаби Имоми Аъзам фаъолият кунад. Ҳоло дар бисёре аз масҷидҳо ба назар мерасад, ки фарзро мехонанд, вале суннатро нохонда, аз масҷид берун мешаванд. Имомхатибон бояд дар ин бора бо намозгузорон сӯҳбат кунанд. Ин гуна рафтор боиси ихтилоф дар ҷомеа мегардад.»

Аз се масҷиди басташуда, ду тои он дар дохили шаҳр ва дигаре дар деҳаи Панҷосиёби ҷамоати Зарбдори Кӯлоб ҷойгир мебошанд. Намозгузорони масоҷиди дохили шаҳр мегӯянд, интизори бозшавии масоҷидашон ҳастанд, зеро дар дигар масоҷид бинобар норасоии ҷои намозгузорӣ, бо мушкил рӯ ба рӯ мебошанд. Аммо намозгузорони масҷиди деҳаи Панҷосёб мегӯянд, онҳо маҷбуранд, намози ҷумъаро дар шаҳри Кӯлоб гузоранд, ки 7 километр дур аст.

Дар ҳамин ҳол, Ҳайдар Шарифзода, рӯҳонии маъруфи ин минтақа мегӯяд, ӯ ҷонибдорӣ коҳиш додани теъдоди масоҷиди ҷомеъ аст. Бад ин далел, ки ба қавли ӯ, масоҷиди бисёр иттиҳодро аз байн бурда, боиси нофаҳмиҳо дар маҳалҳо мегардад.

Ӯ гуфт: «Имрӯз дар бехи ҳар як хона ва баъди 50 метр як масҷид бино шудааст, ки аксаран аз намозхон холӣ ҳастанд. Маънои масҷидро кам карданаш ҳамин аст, ки мардум ҷамъ шаванд ва тифоқ шаванду аз як гиребон сар бароранд. Ҳоло он ки масҷидҳои бисёр боиси фахри маҳаладорӣ, боиси кибр, боиси ин мардумро аз он мардум ва он гузарро аз он гузар ҷудо кардан шудааст, ки ин як намуди тафриқа аст. Аз масҷидро бисёр кардан чӣ манфиат дида истодаем. Ба ғайри ҷанҷол, ба ғайре, ки ин домулло ақидаи худро мебарад ва қавмро шиа мекунад ва дигаре салафию дигару дигар мекунад, дигар чи фоида дида истодаем. Имрӯз ҳамин корро мо олимон худ карда истодаем, ба хотире, ки нони даҳанамон зиёдтар шавад.»

Ин иддаои Ҳайдар Шарифзода дар ҳолест, ки дар дохили шаҳри Кӯлоб ҳоло беш аз 20 масҷиди панҷвақта ва шаш масҷиди ҷомеъ фаъолият мекунад. Ин дар ҳолест, ки 20 соли пеш дар ин шаҳр танҳо ду масҷиди ҷомеъ, ки якеро Ҳайдар Шарифзода ва дигареро Мулло Абдураҳим раҳбарӣ менамуданд, вуҷуд дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG