Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мулло Абдураҳим: Қасди фирор аз Тоҷикистонро надорам


Абдураҳим Каримов, маъруф ба Мулло Абдураҳим

Абдураҳим Каримов, маъруф ба Мулло Абдураҳим

Абдураҳим Каримов, маъруф ба Мулло Абдураҳим, хабарҳо дар мавриди имкони фирор карданаш аз Тоҷикистон ва эҳтимоли тақозои паноҳандагӣ дар Олмонро рад кард.

Абдураҳим Каримов (Мулло Абдураҳим), мудири бахши филологияи араби Донишкадаи исломии Тоҷикистон, сарусадо дар бораи қасди фирораш аз кишварро "дурӯғ, тӯҳмат, фитна ва иғвоандозӣ" номид. Ӯ рӯзи 18 май дар суҳбати телефонӣ бо Озодӣ гуфт, ки ҳадафи пахши чунин хабарҳои, ба қавли ӯ, "дурӯғин", бадном кардани ӯ ва хонаводааш асту бас.

Сарусадо дар бораи имкони фирори Мулло Абдураҳим аз Тоҷикистон баъд аз боздошти домоди ӯ аз тарафи маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон пахш шуданд.

Аз ҷумла, торнамои мухолифони ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 17 май матлаберо бо номи "Мулло Абдураҳим Каримов қасди фирор дорад" пахш карда ва навишт, ки ӯ ба далели хатари эҳтимоли боздошт шуданаш қасд дорад аз Тоҷикистон биравад. ​Ин манбаъ барои тақвияти фарзияи худ се далел ҳам овардааст:​ хонуми дуюми Мулло Абдураҳим Шаҳноза бо панҷ фарзандаш дар Олмон паноҳанда шуда, писаронаш Инояту Ҳикмат дар Арабистони Саудӣ таҳсил мекунанд ва ҷиянаш Саъдулло ба гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" пайваста, дар набардҳо дар Сурия кушта шудааст.

Аммо ба гуфти Абдураҳим Каримов (Мулло Абдураҳим), ҳамсараш Шаҳноза бо фарзандон дар назди бародараш дар Русия буда, Иноят дар Кумитаи дин ва Ҳикмат дар Кумитаи гумруки Тоҷикистон фаъолият доранд. "Ягон нафар аз пайвандони ман ба Сурия нарафтаанд," - афзуд ӯ.

Ҳамзамон, ӯ хабари боздошт шудани домодаш Мирзоназар Фозиловро тасдиқ карда ва гуфт: "Хабари боздошти домод дуруст аст. Сабаби боздоштро намедонам. Агар тафтишот муайян кунад ва ин гап рост бошад, мо ҳам тарафдори қонунем, ки муҷозот шавад."

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои манобеи ғайрирасмӣ, Мирзоназар Фозилов аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба иттиҳоми узвият дар ҷараёни тозапайдои "Салафия" боздошт шудааст. Бо вуҷуди талошҳои зиёд имкони тасдиқ ё радди ин хабар аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба Озодӣ муяссар нашуд.

Яке аз наздикони Мирзоназар Фозилов рӯзи 16 май дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст, ки Фозилов қасд дошт аз сафорати Русия мавзӯи будубоши расмӣ (переселение) дар қаламрави он кишварро дархост кунад. Бино ба маълумоти ғайрирасмӣ, Фозилов бо раҳбари худхондаи гурӯҳи "Салафия" Муҳаммадии Раҳматуллоҳ, ки дар моҳи феврали соли ҷорӣ боздошт шуда буд, робитаи дӯстӣ доштааст. Муҳаммадии Раҳматуллоҳ ҳанӯз соли 2008 эътироф карда буд, ки ӯ пешвои гурӯҳи "Салафия" аст, вале то дер гоҳ дар озодӣ буд ва танҳо пас аз боздошти даҳҳо узви гурӯҳаш ҳабс шуд. Мақомот ӯро ба се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла ба барангехтани кинаю адовати динӣ муттаҳам медонанд.

Мирзоназар Фозилов хатмкардаи Донишгоҳи байналмилалии исломии Исломободи Покистон ва соҳиби панҷ фарзанд будааст.

Абдураҳим Каримов (Мулло Абдураҳим) дар гузашта намояндаи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар шаҳри Кӯлоб буд ва замони ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ба Афғонистон паноҳ бурд ва яке аз фармондеҳони низомии мухолифон ҳисоб меёфт. Пас аз имзои созишномаи сулҳи тоҷикон, аз роҳи саҳмияи 30 дарсадии мухолифон ба ҳайати ҳукумати Тоҷикистон шомил шуд ва тайи чанд сол дар мақоми раиси Кумитаи гумруки Тоҷикистон фаъолият дошт.

Абдураҳим Каримов тайи шаш соли охир дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба ҳайси мударрис ва ахиран ба унвони раҳбари факултети филологияи араб фаъолият дорад. Дар солҳои ахир Мулло Абдураҳим алайҳи ҳамсафони пешини худ дар ҲНИТ сухан мегӯяд. Ӯ ҳудуди се сол қабл дар суханроние дар мулоқоти ҳайати Кумитаи дин бо сокинон дар ҷамоати Оббурдони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд гуфта буд, “ҳизбҳое, ки ба худ номи исломиро мегузоранд, асоси Қуръонӣ надоранд ва ислом ба ягон ҳизб эҳтиёҷ надорад».

Дар моҳи апрели соли гузашта дар семинаре таҳти унвони «Ҳамкории ҷавонон бо мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза бар зидди ифротгароӣ», ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, Абдураҳим Каримов, устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва аз фармондеҳони муҷоҳиддин пешини тоҷик, даъват кардааст, ки фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қатъ карда шавад.

Абдураҳим Каримов гуфта буд, ки ин ҳизб давоми панҷ соли ҷанги дохилӣ ба сари миллат "бадбахтиҳо" овард, ки ба гуфтаи ӯ, "занони бешумор бева монда ва кӯдакони зиёде ятим шуданд". Ба ин далел, ӯ пешниҳод дошт, ки ин ҳизб ҳамчун созмони террористӣ ва экстремистӣ эълон шуда ва баста шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG