Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳолномаи Мулло Умар паҳлӯҳои махфии зиндагиашро ошкор кард. ВИДЕО


Танҳо аксе, ки аз раҳбари Толибони Афғонистон ба матбуот роҳ ёфтааст

Танҳо аксе, ки аз раҳбари Толибони Афғонистон ба матбуот роҳ ёфтааст

Дар шабакаи интернет ахиран Толибони Афғонистон дар як матни иборат аз 5000 калима зиндагиномаи раҳбари худ Мулло Муҳаммад Умарро нашр карданд.

Дар шабакаи интернет ахиран Толибони Афғонистон дар як матни иборат аз 5000 калима зиндагиномаи раҳбари худ Мулло Муҳаммад Умарро нашр карданд. Ин санад ба таври мухтасар фаъолияти низомӣ, ҳаёти шахсӣ ва ҳам баъзе хусусиёти инсонии раҳбари инак 19 соли охири Толибони Афғонистонро тасвир мекунад. Дар ҳоле, ки акс ё навори видеоии худи Мулло Умарро аз соли 2001, замони шурӯи мухолифатҳои Толибон зидди нирӯҳои байналмилалии ҳофизи сулҳ дар Афғонистон касе надидааст ва ҳамин чиз ҳам боиси пайдо шудани овозаҳо дар бораи бемор ё ҳатто мурда будани ӯ гардид, ҳоло Толибон дар бораи ҳолномаи ӯ дарак медиҳанд. Аз рӯи иттилои нашршуда, Мулло Умар 55-сола буда, дар Қандаҳор таваллуд шудааст ва баъди таҷовузи шӯравӣ ба хоки Афғонистон ба ҷиҳод пайваст. Ба иддаои Толибон, Мулло Умар зинда буда, раҳбарии шӯришиёнро идома медиҳад.

Сӯҳбате бо хабарнигори бахши англисии радиои Озодӣ, муаллифи гузорише,ки дар бораи ҳаёти махфии Мулло Умар баҳс мекунад, хабарнигор Фруд Бежан тақдим мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG