Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯҳсин Муҳаммадиев ба Тоҷикистон бармегардад


Муҳсин Муҳаммадиев.
Муҳсин Муҳаммадиев.

Мӯҳсин Муҳаммадиев сармураббии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таъйин мешавад.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ аз Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар доданд. Тибқи иттилоъи ин манбаъ, маросими имзои қарордоди сесолаи Мӯҳсин Муҳаммадиев ба ҳайси сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон, фардо, 2 июл соати 15:00 дар қароргоҳи ФФТ баргузор мешавад. Сипас, Мӯҳсин Муҳаммадиев дар як нишасти хабарӣ ба пурсишҳои рӯзноманигорон посух хоҳад дод.


Навгониҳои варзишии 1 июл
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00
Линки мустақим


Мӯҳсин Муҳаммадиев дар ин мақом ҷойгузини мутахассиси сербиягӣ Никола Кавазович мешавад. Қарордоди Кавазович бо ФФТ рӯзи 1-уми апрели соли равон қатъ ёфта буд. Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии Никола Кавазович баъди бохт дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати AFC-2014 дар Бишкек аз мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 0:1 аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ маҳрум гашта буд. Мунтахаби Тоҷикистон айни ҳол дар рейтинг ё феҳристи охирини FIFA дар мақоми 112-ум қарор дорад

Мӯҳсин Муҳаммадиеви 46-сола соли 2008-ум мудири варзишии бошгоҳи футболи “Рубин” таъйин шуда буд. Вай бо бошгоҳи футболи “Рубин”-и Қазон то моҳи декабри соли 2013-ум қарордод дошт, вале дар моҳи июни соли 2012 ин қарордод пеш аз мӯҳлат лағв шуд.

Мӯҳсин Муҳаммадиев дар солҳои 80-уми қарни гузашта аз дӯстдоштатарин бозигарони футболи Тоҷикистон ба шумор мерафт. Ӯ 21-уми октябри соли 1966 дар Душанбе таваллуд шудааст. Мӯҳсин Муҳаммадиев, ки аз соли 1992 дар Маскав ба сар мебарад, оиладор ва соҳиби 3 духтар аст.

Дар дастаҳои машҳур, монанди «Помир» (Душанбе) — 1985-1991, «Локомотив» (Маскав) – 1992-1993, “Анкарагучу” (Туркия) - 1993-1994, «Спартак» (Маскав) – 1994-1995, «Локомотив» (Нижний Новгород) – 1996-1997, «Аустрия» (Вена) – 1997-1998, «Торпедо» (Маскав) – 1998 бозӣ кардааст. Ӯ дар ҳайати «Спартак» соли 1994 ба унвони қаҳрамони Русия мушарраф гаштааст.

Дар ҳайати дастаҳои мунтахаби Русия (1995) ва Тоҷикистон (1992) якборӣ бозӣ кардааст. Аз соли 2003-юм ба кори мураббигӣ гузашт. Солҳои 2003 - 2005 мураббии дувуми «Витяз» (Подолск) ва аз соли 2006-ум то апрели 2008-ум сармураббии ин даста буд. Соли 2007-ум «Витяз» бо роҳбарии Муҳаммадиев ғолиби мусобиқаи дивизиони дувум дар минтақаи «Марказ» гардид ва ба дивизиони аввал баромад. Мӯҳсин Муҳаммадиев аз нимаи дувуми соли 2008-ум мудири варзишии бошгоҳи футболи «Рубин»-и Қазон буд.

Дар ҳамин ҳол дастпарвари дигари футболи тоҷик Олег Ширинбеков низ ба Душанбе хоҳад омад. Ба иттилои масъулини бошгоҳи футболи лигаи олии Тоҷикистон-«Истиқлол»-и Душанбе, Олег Ширинбеков аз байни шаш нафар номзади эҳтимолӣ ба вазифаи сармураббии ин даста мебошад. Бо ӯ дар шаҳри Маскав мудири кулли бошгоҳи «Истиқлол» Муродҷон Умаров гуфтушунид анҷом додааст. Олег Ширинбеков айни ҳол дар Академияи бачагонаи футболи ССКА-и Маскав ба ҳайси мураббӣ фаъолият дорад. Ӯ 2-юми июл ба Душанбе меояд ва бо раиси бошгоҳи «Истиқлол» Шоҳрух Саидов мулоқот анҷом медиҳад ва дар мавриди ба мувофиқа расидан, бошгоҳи «Истиқлол» бо ӯ қарордод ба имзо мерасонад.
XS
SM
MD
LG