Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кабирӣ: "Вазъи Сурия ҳолати солҳои 90-и Тоҷикистонро мемонад"


Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ.
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ.

Раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз Эрон, Арабистони Саудӣ ва Туркия хостааст, ки дар эҷоди ҳалли мусолиматомези қазия Сурия кӯмак кунанд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ дар конфронси байналмилалии «Ҷаҳони ислом ва таҳдидҳои байналмилалӣ», ки дар шаҳри Истанбули Туркия идома дорад, аз кишварҳои пурқудрат дар ҷаҳони ислом даъват кардаасст, ки дар эҷоди субот дар ин кишвари ҷангзадаи арабӣ мусоидат намоянд.

Тибқи иттиллои дафтари матбуоти ҲНИТ, ҷаноби Кабирӣ дар ин росто аз таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон ёдоварӣ намуда, ки он ба осонӣ ба даст наомада ва баъд аз кушта шудани беш аз 150 ҳазор, ҳам ҳукумат ва ҳам мухолифон ба натиҷа расиданд, ки ҳеҷ тараф ба мағлуб кардани тарафи дигар нест.

Муҳиддин Кабирӣ дар ин ҳамоиш гуфтааст: "Ҳолати Сурия ҳолати солҳои навадуми точиконро мемонад. Дар Сурия беш аз саду панҷоҳ ҳазор нафар кушта шудааст ва ҳамчунин маълум гашт, ки хеч яке аз тарафҳо наметавонад тарафи мукобилашро мағлуб кунад."

Ӯ аз оқибати бади ҷанги Сурия изҳори нигаронӣ карда ва гуфтааст, ки: "Агар қазияи Сурия ба ҳамин минвол давом кунаду ҳалли мусолиматомези худро наёбад, адади қурбониёни он аз саду панҷоҳ ҳазор ба панҷсад ҳазор мерасад. Чаро мунтазир бошем ки ним миллион кушта шавад, баъд дар фикри роҳи ҳалли сиёсии ин қазия шавем?!"

Муҳиддин Кабирӣ низ муассисаҳои ҷомеаи маданӣ дар ҷаҳони исломро, ки қудрати таъсир дар Сурияро доранд, даъват кардааст, ки саҳми хешро дар ҳалли ин қазияи инсонӣ бигзоранд. Ӯ аз камрангии нақши муассисахои исломӣ дар ҳалли қазияи Сурия интиқод карда ва гуфтааст: "Чаро илова бар кӯшишҳои муассисаҳои байналмилалӣ, муассисаҳои исломӣ ҳам фаъол набошанд?"

Аз оғози бӯҳрони Сурия беш аз се сол мегузарад ва тибқи омори дафтари паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид, дар ҷараёни даргириҳои мусаллаҳона беш аз 200 ҳазор нафар кушта шуда ва миллионҳо нафар ба кишварҳои Туркия, Ироқ, Лубнон ва Урдун паноҳ бурдаанд.

Ибрози назари Муҳиддин Кабирӣ дар мавриди ҳодисаҳои Сурия дар ҳолест, ки теъдоди ҷангиёни тоҷики ҷанги зидди режими Башор Асад дар ин кишвари дури арабӣ 190 нафар гуфта мешавад. Мақомоти Тоҷикистон маъмулан аз ширкати ҷавонони тоҷик дар ҷанги Сурия барои бадном кардани рақибони сиёсиашон, аз ҷумла ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ ва рӯҳониёни дигарандеше, чун Тӯраҷонзодаҳо истифода мебаранд.

Дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон дар дастикам ду маврид ҷангиёни тоҷики ҷанги Сурияро аъзои ҲНИТ ва дар ду мавриди дигар парвардаҳои мадрасаи “Муҳаммадия”-и Тӯраҷонзодаҳо хондаанд. Иддаое ки ҳам Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва ҳам Тӯраҷонзодаҳо башиддат рад мекунанд.
XS
SM
MD
LG