Пайвандҳои дастрасӣ

Як созмони ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон хостори расидагии Кумитаи СММ оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ба қазияи М. Искандаров дар соли равон шудааст.

Як масъули Дафтари назорат бар ҳуқуқи башари Тоҷикистон гуфтааст, дар заминаи дархост ва шикояти вакили дифоъ ва яке аз пайвандони оқои Искандаров ҷиҳати расидагии сареътари ин қазия дар Созмони милал ба кумитаи марбутаи он паёми инфиродӣ ирсол доштаанд. Қаҳрамон Сангинов - раҳбари бахши ҳуқуқи Дафтари назорат бар ҳуқуқи башари Тоҷикистон гуфт, дар кумитаи марбутаи СММ барои баррасии шикоятҳо фурсати зиёд пешбинӣ шудааст ва ба хотири суръат бахшидан ба ин раванд, дар асоси шикояти катбии бародар ва вакили дифоъи оқои Искандаров ин паёми инфиродиро фиристодаанд. Аз тарафи дигар, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров - масъулияти роҳбарии яке аз созмонҳои сиёсии Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад.

Ба таъйиди ҳамин манбаъ, дар асоси посухе, ки аз Кумитаи СММ дарёфт кардаанд, парвандаи раиси зиндонии Ҳизби демократии Тоҷикистон дар истеҳсолот ва дар дасти баррасии ин кумита қарор доштааст. Аммо замон ва мӯҳлати мушаххасе барои анҷоми расидаи ба ин қазия пешбинӣ нашудааст.

Қаҳрамон Сангинов гуфт, Кумитаи СММ ҳукми мақомоти Тоҷикистон нисбати Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро мавриди баррасӣ ва таҳқиқ қарор нахоҳад дод. Кумита танҳо ҷараёни тафтишоти муқаддамотӣ ва раванди муҳокимаи парванда дар додгоҳро мавриди таҳқиқ қарор медиҳад, ки то куҷо ин марҳалаҳо мунсифона ва дар доираи қонун сурат гирифтааст. Дар сурати ошкор кардани мавориди нақзи ҳуқуқи инсон дар ин марҳалаҳо, Кумита барои ислоҳи он ба давлати Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои узви Созмони милали муттаҳид пешниҳод ва тавсияҳои худро ирсол хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, масъулони Ҳизби демократи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров бо истиқбол аз иқдомоти созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар мегӯянд, дар раванди тафтишоти пешакӣ ва махсусан ба ҳангоми истирдоди Искандаров аз Маскав ба Душанбе қонуншикании ошкоро сурат гирифтааст.

Бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров - раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2005 барои бисту се сол аз озодӣ маҳрум гардид. Мақомоти тафтишотӣ Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро аз рӯи панҷ банди қонуни ҷазои Тоҷикистон: терроризм, бандитизм, нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа ва муҳофизон ва сирқати маблағи давлатӣ ба ҳаҷми калон айбдор мекунанд.

Дар ин миён, давлати Тоҷикистон ду маротиба афви умум эълон кард, ки ҳеҷ яке аз онҳо барои раҳоӣ ва ё коҳиши замони маҳкумияти ӯ шароит фароҳам накардааст.

Кумитаи ҳифзи ҳуқуқи башари СММ дар асоси муқаррароти худ барои расидагии шикотяҳои воридшуда солона се маротиба ҷаласа ташкил медиҳад. Аз соли 2001 то кунун дар ин кумита даҳ парванда аз Тоҷикистон мавриди арзёбӣ қарор гирифтааст, ки бештари онҳо ба ҳаводиси солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон марбут будааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG