Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ 8 сол зиндонӣ шуд


Муҳаммади Раҳматуллоҳ

Муҳаммади Раҳматуллоҳ

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ (Муҳаррамов Муҳаммад Раҳматуллоевич), раҳбари салафиҳои Тоҷикистонро 8 сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Як манбаъ дар додгоҳи Исмоили Сомонӣ 19 июл ба Озодӣ гуфт, ин ҳукм дар охирҳои ҳафтаи гузашта содир ва Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ бар асоси қисми яки моддаи 307-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муҷрим шинохта шудааст.

Ин моддаи Кодекси ҷиноӣ аз "ташкили иттиҳоди экстремистӣ", "тайёр ё содир намудани ҷиноят аз нигоҳи бадбинӣ ё кинаю адовати идеологӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, ё динӣ, ҳамчунин аз нигоҳи бадбинӣ ё кинаю адоват нисбат ба кадом як гурӯҳи иҷтимоӣ" ва "роҳбарӣ ба иттиҳоди экстремистӣ" иборат аст.

Сангин Ғайратзода, раиси додгоҳи Исмоили Сомонӣ, низ ин хабарро дар суҳбати телефонӣ бо Озодӣ тасдиқ кард ва гуфт, ки ҳукми додгоҳ ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст. Аммо вай бо назардошти сиррӣ будани баъзе аз бахшҳои парвандаи Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ намуд.

Толиби Сангин, вакили дифои Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, бо ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва аз болои ин ҳукм ба зинаҳои болотар шикоят хоҳанд бурд.

Парвандаи мазкурро додрас Ҳотам Раҷабзода баррасӣ кардааст.

Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ, нафаре, ки дар миёнаи солҳои 2000-ум, дар авҷи фаъолиятҳои равияи тозапайдои Салафия яке аз сухангӯёни асосии онҳо дар баҳсҳои мазҳабӣ бо рӯҳониёни суннатӣ буд ва пешвои ҷонибдорони ин равия муаррифӣ мешуд, дар моҳи феврали соли ҷорӣ боздошт гардид. Ӯ 43 сол дошта, зодаи ноҳияи Рӯдакист. Вай соли 2001, баъд аз чор соли таҳсил дар факултаи шариати Донишгоҳи байналмилалии исломии Исломобод ба ватан баргаштааст.

Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ баъд аз мамнӯъ шудани равияи Салафия дар Тоҷикистон дар соли 2009-ум кампайдо буд. Моҳи январи соли гузашта хабари боздошти ӯ паҳн шуд, вале мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ онро тасдиқ накарданд. Рамазон Раҳимзода низ дар як нишасти хабарии ниҳодаш дар соли гузашта ҳарчанд боздошти бархе аз аъзои гурӯҳи мамнӯъ ва экстримистии Салафияро таъйид кард, аммо аз боздошти Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ изҳори бехабарӣ намуд.

Пас аз ин хабар чанд матлаби Муҳаммадӣ Раҳматулло алайҳи ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон нашр шуда, дар онҳо ҲНИТ асосан “муздури хориҷиён” дониста мешуд.

Пайравони равияи Салафия тақрибан дар миёнаҳои солҳои 2000-ум дар арсаи мазҳабии Тоҷикистон пайдо шуда, бо тарзи либоспӯшӣ, аз ҷумла пӯшидани шиму эзори қадаш аз буҷулаки по боло, баланд гуфтани "омин" дар миёнаи намоз ва даъвати мардум ба кандани санги мазорҳо фарқ мекарданд. Муҳаммадӣ Раҳматулло аз аввалин нафаронест, ки зимни сӯҳбат дар расонаҳо эълон кард, ки ӯ пайрави Салафия ҳаст. Дар сӯҳбатҳояш таъкид мекард, ки ин равия ба мазҳаби Абӯ Ҳанифа наздик аст ва ӯ танҳо бархе паҳлуҳои нозуки онро дар Покистон омӯхтааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2009 фаъолияти салафиҳоро манъ кард. Баъди афзоиши гузоришҳо дар бораи ширкати ҷангиёни тоҷик дар ҷангҳои Сурия ва инки аксари онҳо пайравони Салафия будаанд, Додгоҳи олӣ бо як ҳукми дигараш аз 14 декабри соли 2014 ин ҷараёнро "экстремистӣ" эълон намуд.

Нахустин гуруҳи салафиҳои Тоҷикистон бо шумули Эшони Сироҷиддин ва писараш – Киромуддин соли 2010 бо қарори додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе равонаи зиндон шуданд. Эшони Сироҷиддин, ки яке аз мубаллиғони ин равияи тозапайдо муаррифӣ ва барои ҳафт сол зиндонӣ шуда буд, бар асоси қонуни афв пеш аз адои муҳлати ҷазояш аз ҳабс озод шуд ва алайҳи ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ ва бастани он изҳорот дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG