Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошкор шудани 24 узви Ансоруллоҳ дар Хатлон


Баҳром Шарифзода
Баҳром Шарифзода

Баҳром Шарифзода, сардори раёсати корҳои дохилаи вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, алайҳи 24 сокини ин вилоят бо иттиҳоми узвият ваё ҳамкорӣ бо созмони мамнӯи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҷаноби Шарифзода, ки як моҳ пеш ба ин мақом таъин шудааст, гуфт, ин сокинони вилояти Хатлон аз гумроҳӣ ва бесаводӣ ба “Ансоруллоҳ” пайвастаанд. Раиси ҷадиди пулиси Хатлон гуфт, аз ин вилоят ҷавононе ҳам бо ҷурми ҳамкорӣ бо созмонҳои дигари ифротӣ, аз ҷумла “Ал-Қоида”-ву Ҳаракати Исломии Узбакистон ва ҳамчунин бо иттиҳоми ширкат дар ҷанги Сурия таҳти ҷустуҷӯ гузошта шудаанд.

XS
SM
MD
LG