Пайвандҳои дастрасӣ

Бемории қалби Мубин Эргашев баъди бохти Тоҷикистон ба Австралия


Мубин Эргашев

Мубин Эргашев

Мубин Эргашев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон, баъд аз мағлубияти дастааш дар бозӣ бо тими Австралия, дар Маркази миллии тиббии Душанбе бистарӣ шудааст.

Мубин Эргашев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон, баъд аз шикаст хӯрдани дастааш аз тими миллии Австралия бо ҳисоби бузурги 0:7 ва бозгашт ба Душанбе ба иллати бемории қалб дар Маркази миллии тиббӣ бистарӣ шудааст. Дар ин бора мақомоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон пас аз бозгашт аз Аделаидаи Австралия рӯзи 27 март ба омодагӣ ба бозии охирини марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 шурӯъ кардааст. Вале футболбозони тоҷик дар майдони Варзишгоҳи марказии Душанбе бидуни Мубин Эргашев тамрин кардаанд.

Ба мутахассиси 42-солаи тоҷик, ки чанд рӯз боз саломатиаш хуб набудааст, пизишкон тавсия додаанд, ки аз футбол худдорӣ кунад ва барои табобат дар беморхона бистарӣ шавад.

Ба иллати беморӣ Мубин Эргашев дар бозии даври ниҳоии марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи "В" муқобили мунтахаби Қирғизистон, ки 29 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад, иштирок карда наметавонад.

Бинобар ин мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозӣ таҳти раҳбарии мураббии калони даста Роман Пилипчук ба майдон меояд. Ин мутахассиси украинӣ дар нишасти матбуотӣ, ки пеш аз бозӣ бо Қирғизистон, имрӯз, 28 март, дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» соати 11:30 шурӯъ мешавад, ба ҷойи Мубин Эргашев иштирок хоҳад кард.

Дастаи мунтахаби Қирғизистон таҳти раҳбарии сармураббии даста Александр Крестинин, мутахассиси русиягӣ, бо шумули 20 бозигар рӯзи якшанбеи 27 март ба пойтахти Тоҷикистон омадааст.

Ёдовар мешавем, пеш аз даври охирини мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи «В» мунтахаби Австралия, қаҳрамони феълии Осиё, бо 18 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Урдун бо 16 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Мунтахаби Қирғизистон бо 11 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад. Мунтахаби Тоҷикистон бо 5 имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст. Мунтахаби Бангладеш бо як имтиёз дар зинаи охирин – панҷум – ҷойгир шудааст.

Дастаҳои мунтахаби Австралия ва Урдун новобаста аз натиҷаи бозии охирин миёни ҳарду ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд ва барои ғолибият дар гурӯҳ талош хоҳанд кард.

Мавқеи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Қирғизистон сарфи назар аз натиҷаи бозии охирин миёни ҳарду дар ҷадвал тағйир намеёбад.

Бояд гуфт, ки Мубин Эргашев ҳамзамон сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе маҳсуб мешавад. Имсол қаҳрамони феълии Тоҷикистон дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) ба нокомӣ дучор шуда, дар се бозӣ ҳамагӣ як имтиёз гирифтааст ва дар ҷадвали гурӯҳи “В” дар зинаи охирин қарор дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG