Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ҷумҳури Афғонистон дар вокуниш ба ҳамлаи интиҳории рӯзи шанбе дар Кобул, як рӯз мотами умумӣ эълон кард. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамлаи хунин дар Кобулро, ки беш аз 80 кушта ба ҷой гузошт, маҳкум намуд.

24 июл дар Афғонистон рӯзи мотам эълон шудааст. Ин дар ҳолест, ки як рӯз пеш, 23 июл дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозии сулҳомези “Ҷунбиши рӯшноӣ”-и ақалиятҳои ҳазора дар минтақаи Деҳмазанги Кобул дар натиҷаи се таркиши маргталабона бештар аз 80 нафар кушта, 231 нафари дигар захм бардоштанд.

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, дар баробари онҳое, ки азизони худро дар ин таркишҳо аз даст додаанд, доғ дорад ва шарики дарду ғами ҳар хонавода мебошад. Вай афзуд, ҳар касе, ки дар ин таркишҳо даст дошта бошад, хоҳ аз ҳукумату давлат ва хоҳ берун аз он, муҷозот хоҳанд шуд.

Ашраф Ғанӣ ин суханонро аз тариқи телевизион дар як барномаи мустақим изҳор дошт: “Дастури эҷоди комиссияи босалоҳиятро иборат аз шахсиятҳои давлативу ғайридавлатӣ ба раҳбарии Додситонии кулли кишвар содир кардаам, то дар хусуси воқеа таҳқиқоти ҳамаҷониба анҷом диҳанд.”

Ин ҳамлаи маргталабона баъд аз вуруди неруҳои Амрико ба Афғонистон, яъне баъд аз соли 2001 то ҳол хунинтарин ҳамла дар Кобул будааст. Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”, ки бо номи ДОИШ маъруф аст, масъулияти ин ду таркишро бар душ гирифт.

Сухангӯи раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, ҳукумат қабл аз оғози тазоҳуроти эътирозии “Ҷунбиши Рӯшноӣ” хабар ёфта буд, ки чунин ҳамла сурат мегирад, бинобар ин ба созмондиҳандагони тазоҳуроти эътирозӣ ҳушдор дода буд, ки аз баргузории он худдорӣ кунанд.

Ҳомид Чахансурӣ, сухангӯи раиси ҷумҳури Афғонистонгуфт, ки онҳо “дар рӯзҳои охир аз шабакаҳои кашфи худ маълумот дарёфт карда буданд, ки чунин ҳамла сурат мегирад ва террористҳо мехоҳанд доманаи муноқишаҳои қавмиву мазҳабиро ба хоки кишвари мо кашонанд.”

Баъд аз ин таркишҳо хабаргузории “Аъмоқ”-и ДОИШ гузориш дод, ки ҷангҷӯёни ин гурӯҳ камарбандҳои моддаи таркандаи худро дар миёни эътирозгарон таркондаанд. Дар ин эътирозҳо ҳудуди 10 ҳазор нафар ширкат доштаанд.

Собира -- яке аз шоҳидони айнии ин таркишҳо ва ширкаткунандаи ин тазоҳурот ба хабарнигори бахши афғонистонии Радиои Озодӣ дар маҳали ҳодиса гуфт: “Мо ором он ҷо нишаста будем. Дафъатан садоро шунидем. Ҳама гурехтанд. Он тараф нигоҳ кардем, ки ҳама тикаву пора шуда буданд. Ҳеҷ кас набуд, ки онҳоро ҷамъ кунад.”

Амрико ва Русия ин ҳамлаи террористиро маҳкум карданд ва қавл доданд, ки барои таъмини амният ба Кобул ёрӣ мерасонанд. Кохи Сафед дар эъломияи худ гуфт, “мо ӯҳдадор ҳастем, ки як ҷо бо неруҳои амниятии Афғонистон ва кишварҳои минтақа барои таъмини сулҳу субот ва пешрафт ба неруҳое, ки ба амнияти Афғонистон таҳдид мекунанд, муқобила нишон диҳем”.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия таъкид кард, ки “омода аст, то дар мубориза бо ҳар навъи терроризм бо Афғонистон ҳамкорӣ кунад.”

Тодамичӣ Ёмамото, намояндаи вижаи СММ барои Афғонистон ин ҳамларо як ҷинояти ҷангӣ ва ғайриқобили тавҷеҳ хондааст. Сафорати Амрико дар Афғонистон низ ин ҳамларо маҳкум кардааст ва дар баёнияи худ гуфтааст, ки ИМА дар канори дӯстону шарикони афғони худ, ки мехоҳанд дар кишварашон сулҳу суботро таъмин кунанд, хоҳад истод.

Ақаллияти қавмии ҳазора дар тазоҳуроти худ тақозо мекарданд, ки шабакаи интиқоли барқи 500-киловатӣ аз Туркманистон ба Кобул аз қаламрави вилоятҳои марказии кишвар, аз ҷумла аз вилояти Бомиён бигзарад ва онҳо низ аз неруи барқ баҳраманд шаванд. Дар ин вилоят аҳолии зиёди ҳазора ба сар мебарад.

Дар нақшаҳои аввалияи ҳукумат шабакаи мазкур бояд аз ҳамин масир мегузашт, вале баъдтар онро тағйир доданд ва гуфтанд, ки эҳдоси ин шабака аз ин масир маблағи зиёд ва вақти зиёро мехоҳад ва он акнун аз кӯтали Соланд бояд бигзарад.

Ҳоло дар Афғонистон аз 30 то 40 дарсади аҳолӣ бо нируи барқ таъминанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG