Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Модари духтаре, ки худкушӣ кард, аз таҷовуз ба номус ҳарф мезанад


Хонзода Раҳматуллоева, ки дар 15-солагӣ худкушӣ кард

Хонзода Раҳматуллоева, ки дар 15-солагӣ худкушӣ кард

Модари толибаи синфи 9, ки аз тарси беобрӯӣ худкушӣ карда буд, маҳкум шудани ҷавонеро мехоҳед, ки ба номуси духтараш расидааст.

Ду духтар ҳамдигарро оғӯш кашида, худро зери қатори роҳи оҳан партофта буданд. Худкушии ду дугона дар аввали моҳи майи соли равон Узбакистонро такон дода буд. Дар ҳоле ки баъдан овозаҳои гуногуне паҳн шуд, ҳоло модари яке аз духтарон талаб дорад, ки гунаҳкори худкушии духтараш – ҷавоне, ки бо фиреб ӯро ба ҳамхобагӣ ҷалб кардааст, ҷазо гирад.

Хонзода Раҳматуллоева, толибаи синфи 9-и мактаби рақами 23-и Янгийул, наздикии Тошканд, пеш аз худкушӣ тамоми достонро ба модараш, Нодира Нишонова, ки он рӯзҳо дар Туркия будааст, ҳикоят кардааст.

Акнун хонум Нишонова талош дорад, сабабгори худкушии духтараш ба ҷавобгарӣ кашонда шавад. Ин зани 37-сола рӯзи 5 август ба Бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, ки чанд моҳ пеш аз воқеа як ҷавон “ба номуси духтари ӯ расидааст”.

“Як ҳафта пеш аз худкушияш духтарам ба ман занг зад. Вай қиссаро гуфт ва афсӯс хӯрд, ки ҳамин хел ҳодиса рӯй додааст. “Вай маро фиреб доду ҳамин кор шуд. Вақте бисёр гиря кардам, вай маро назди модараш бурд, он гоҳ модараш ба ман гуфт, ки баъд аз тамом кардани мактаб маро бо писараш тӯй мекунад”, гуфт духатарам. Ин дар моҳи сентябр шудааст. Баъд наздикиҳои соли нав духтарам ба он зан телефон кардааст. Пурсидааст, ки чаро гуфта будед, ба хонаи мо одам мемонед, вале накардед”. Онҳо гапи дуруст нагуфтаанд. Духтарам гуфтааст, “ман акнун чӣ кор мекунам? Дар мактаб фаҳман чӣ кор мекунам. Шарманда мешавам”, гуфта гиристааст”, -- мегӯяд модари Хонзода.

Як ҳафта баъд аз ин гуфтугӯи телефонӣ Хонзода ҳамроҳи дугона ва ҳамсинфаш аз деҳаи Ниёзбошии Янгийул худро зери поезд партофтааст. Сабаби ба ин худкушӣ ҳамроҳ шудани дугонаи Хонзода маълум нест. Нодира Нишонова низ дар ин бора чизе гуфта наметавонад. Вале маълум аст, ки ду духтар пеш аз худкушӣ ҳамдигарро дар телефонҳои худ акс гирифтаанд.

“Ҳарду охирин акси ҳамдигарро гирифтаанд. Дар додситонӣ ин аксҳоро ба ман нишон доданд. Ҳоло ин аксҳо ва телефонҳо дар дасти додситониянд,” – мегӯяд Нодира Нишонова.

Акси як моҳ пеш аз худкушии Хонзода

Акси як моҳ пеш аз худкушии Хонзода

Модари Хонзода ном ва нишони ҷавонеро, ки ба номуси духтараш расидааст, медонад ва ба додситонӣ хабар додааст, вале намедонад, чаро ин раванд пеш намеравад.

Вай меафзояд: “Ба фикрам, ин ҷо чӣ муомилае сурат гирифтааст. Он ҷавон ягона фарзанди хонадон аст ва ин оила барои ҳабс нашудани ӯ тамоми корро мекунад. Ман боздошт шудани он ҷавонро мехоҳам. Чаро дар озодист? Муфаттишон ба ман ваъда додаанд. Гуфтаанд, ки ҷангу ҷанҷол накунам ва агар он ҷавон гунаҳкор барояд, ҳатман аз рӯйи банди 118 ҳабс мешавад. Шумо ягон кор намекунед, мегӯянд. Аммо се моҳ мегузарад ва чизе нест. Маро ба додгоҳ даъват намекунанд.”

Марги ду духтари наврасро дар роҳи оҳан Додситонии нақлиётии шаҳри Тошканд баррасӣ мекунад. Ба гуфтаи намояндаи ин ниҳод пажӯҳиш ҳанӯз ба поён нарасидааст. Дар ин парванда банди 118-и қонуни кайфарии Узбакистон – “таҷовуз ба номус” низ мавҷуд аст. Ин банд барои шахси гунаҳкор аз 10 то 15 соли зиндон пешбинӣ мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG