Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари сарбоз: "Писари маъюбамро маҷбурӣ ба Артиш бурданд"


Муҳаммадҷон Юлдошев. Акс аз албоми хонагӣ
Муҳаммадҷон Юлдошев. Акс аз албоми хонагӣ

Назира Темирова, як сокини вилояти Суғд, иддао дорад, ки мақомот фарзанди бемори ӯро ба сафи артиш ҷалб кардаанд.

Назира Темирова, модари Муҳаммадҷон Юлдошеви 22-сола, ки тоза ба хизмати сарбозӣ даъват шудааст, мегӯяд, масъулони комиссариати ҳарбии вилояти Суғд вазъи бади саломатии писарашро сарфи назар карда, ӯро ба артиш бурдаанд. Ин ҳодиса, ба гуфтаи хонум Темирова, рӯзи 20-уми ноябри соли ҷорӣ рух додааст. Хонум Темирова нақл кард, ки он рӯз масъулони комиссариати ҳарбӣ “соатҳои тахминан панҷ-шаши субҳ” ба манзили онҳо омада, “ӯро аз ҷойгоҳи хобаш” ба хизмат бурданд.

Ӯ мегӯяд, ду-се сол пеш ҳангоми кор дар Русия дасти чапи писараш "дар дастгоҳи харротӣ тоб хӯрда маъюб шудааст, вале дар натиҷаи муолиҷаи нодуруст, устухони дасташ нодуруст пайванд мегардад." Ба қавли Назира Темирова, вақте ноябри соли гузашта ҳам писари ӯро ба хизмати сарбозӣ ҷалб карданд, духтур санаде дар ихтиёри масъулини даъвати артиш қарор дод, ки маъюб будани дасти Муҳаммадҷон Юлдошевро собит мекард.

"Як дасти Муҳаммадҷон ду дафъа аз як ҷояш шикаста буд ва дар натиҷа, сабзиши устухон нодуруст ҷараён гирифт. Соли гузашта инро дида, духтур ӯро аз хизмат озод кард", - гуфт хонум Темирова. Вай илова кард, ки "Муҳаммадҷон пас аз бозгашт аз Русия зери назари духтур буд."

Дар ин маълумотнома оиди зери назари табибон қарор доштани М. Юлдошев иттилоъ дода шудааст
Дар ин маълумотнома оиди зери назари табибон қарор доштани М. Юлдошев иттилоъ дода шудааст
Хонум Темирова барои ҳалли мушкили фарзандаш ба созмони "Ампаро" (созмони ҳуқуқшиносони ҷавон дар Хуҷанд), ки бештар ба масоили даъвати ҷавонон ба сафи артиш машғул аст, муроҷиат кардааст.

Дилафрӯз Самадова, ҳуқуқшиноси ин созмон, ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо дар навбати худ ба Додситонии низомӣ, раиси комиссияи даъват ва комиссариати ҳарбии вилояти Суғд муроҷиат карда, расидагӣ ба ин қазияро талаб намудаанд.

Ӯ мегӯяд, бино бар аснод ё ҳуҷҷате, ки модари Муҳаммадҷон Юлдошев ба онҳо пешниҳод кард, хидмати ӯ дар сафи артиши Тоҷикистон ғайри қобили қабул аст. Зеро ба гуфтаи Дилафрӯз Самадова, ҳуҷҷатҳо баёнгари онанд, ки дасти чапи Муҳаммадҷон аз сабзиш бозмонда, хуб ҳаракат намекунад.

"Мо дар муроҷиатнома оид ба ҳолати кор маълумот пешниҳод кардем. Оид ба он ки шубҳа дорем, фарзанди Темирова қобили хизмат мебошад. Хостем, ки фиристодани Муҳаммадҷон ба хизмат боздошта шавад. Ӯ такроран аз комиссияи даъватӣ гузаронда шуда, қобили хизмат буданаш муайян карда шавад", - гуфт ҳуқуқшиноси "Ампаро". Дилафрӯз Самадова афзуд, то ҳол мақомот ба номаҳову дархости онҳо посухе нагуфта ва вазъиятро барояшон рӯшан накардаанд.

Ин дар ҳолест, ки ба қавли Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, вақте бо ин масъала ба унвони вазир муроҷиат мешавад, дар асоси мактуби шаҳрванд ӯ ба бемористони ҳарбӣ ё госпитал хобонда шуда, дувумбора мавриди ташхис қарор мегирад. "Агар воқеан ӯ бемор даъват шуда бошад, бояд ҳуҷҷат ба номи вазири тандурустӣ ва раиси комиссияи даъвати ноҳия ё минтақа фиристода шавад. Онҳо нисбат ба духтуре, ки бемории ҷавонро сарфи назар карда, ӯро ҳамчун нафари солим ба артиш тавсия додааст, чораҷӯӣ мекунанд", - афзуд Фаридун Маҳмадалиев.

Назира Темирова, модари Муҳаммадҷон Юлдошев, мегӯяд, хоҳони расидани ҳақ ба ҳақдор аст. Ӯ афзуд, то замоне ки ҳақиқатро ошкор ва фарзанди беморашро аз сафи артиш берун накунад, ором нахоҳад гирифт. Вай гуфт, ки дар тамоми муддати баъди ба артиш ҷалб шудани писараш, ӯ дафъа бо хонавода тамос гирифтааст. "Ман ҳамин тавр фаҳмидам, ки ӯро барои хизмат ба Рашт фиристодаанд, вале аз ин зиёд намедонам", гуфт модар.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Вазорати дифои Тоҷикистон гуфтанд, ки даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи артиш пеш аз мӯҳлат поён ёфтааст. Ба қавли онҳо, комиссариатҳои ҳарбии тамоми навоҳии кишвар "план"-ро пеш аз мӯҳлат иҷро кардаанд. Бархе мунаққидон мегӯянд, ки ҳолатҳои ҷалби ҷавонон ба хизмат тавассути "облава" ҳамоно ҷо дорад.
XS
SM
MD
LG