Пайвандҳои дастрасӣ

Пуртамошобинтарин видеоҳои Озодӣ дар Youtube (бо 13 ВИДЕО)


Видеоҳои гузоштаи бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар сомонаи Видеоҳои гузоштаи бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар сомонаи Youtube –ро дар соли 2013 қариб 2 миллион нафар тамошо кардаанд.

528 видеои Озодӣ дар ин сомонаро дар 3 сол дар маҷмӯъ 2 745 782 нафар дидаанд. –ро дар соли 2013 қариб 2 миллион нафар тамошо кардаанд. 536 видеои Озодӣ дар ин сомонаро дар 3 сол дар маҷмӯъ 2 745 782 нафар дидаанд.

Соли 2013 барои бахши тоҷикии Радиои Озодӣ аз нигоҳи пешрафт дар арсаи чандрасонаӣ парвози фавқулоддае кард. Дар саҳифаи вижаи бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Youtube - http://www.youtube.com/user/Ozodivideo - то имрӯз 528 видео гузошта шудааст ва танҳо дар соли 2013 ва танҳо дар Youtube гузоришҳои видеоии Озодиро 1 960 000 нафар тамошо кардаанд.

Танҳо дар 3 моҳи охир, ки бахши тоҷикии Радиои Озодӣ афзоиши гузоришҳои видеоиро дар меҳвари стратегияи рушдаш қарор дод, саҳифаи Озодӣ дар Youtube беш аз 800 000 тамошобин пайдо кард. Яъне бештар аз 796 ҳазор тамошобине, ки http://www.youtube.com/user/Ozodivideo дар ду соли аввали кораш, яъне дар солҳои 2011 ва 2012 доштааст.

Аммо дар ин матлаб мехоҳем 10 видеои пуртамошобинтарин дар саҳифаи бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар шабакаи Youtube-ро бароиятон муаррифӣ кунем.

“Паёми мардум ба Раҳмон” – дар ҷои аввал

Аз байни видеоҳое, ки дар соли 2013 бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Youtube гузошт, “Паёми мардум ба президент Эмомалӣ Раҳмон” бо 65 263 тамошобин пуртамошобинтарин видеои сол дониста мешавад. Ин видео моҳи апрел, дар арафаи ироаи паёми солонаи президент Эмомалӣ Раҳмон нашр шуда, дар ин нишонӣ қобили тамошост:

http://www.youtube.com/watch?v=noD9QGomTK0&list=TLm-auVl7HeLjBIc5mlh1sozPZnafqq26k



Қазияи Зайд Саидов – 2-юм, 7-ум, 9-ум

Дигар мавзӯъи пуртамошобини сол қазияи Зайд Саидов буд. Мусоҳибаи ихтисосии Радиои Озодӣ бо ин соҳибкор, ки рӯзи 12 май, як ҳафта қабл аз боздошташ, замони ҳанӯз дар Порис буданаш анҷом дод, қарор дошт, бо 58 520 тамошобин дар даҳгонаи соли 2013 дар ҷои дувум меояд.

http://www.youtube.com/watch?v=X23QNvsYghM&list=TLFlpXxgrFXPreAvp4btbcjTCEwsf4Hi3S

Дар ин даҳгона боз ду матлаби видеоӣ роҷеъ ба Зайд Саидов ва ҳизби Тоҷикистони нави ӯ роҳ ёфтаанд. Мизигирди Радиои Озодӣ дар мавзӯъи “Тоҷикистони нав чӣ рисолат хоҳад дошт?” моҳи апрел, дуруст баъди эълони азми Саидову ҳамфикронаш ба таъсиси ҳизб нашр шудва то имрӯз бо 12 427 тамошобин дар даҳгонаи мо дар мақоми панҷум қарор дорад.

http://www.youtube.com/watch?v=IjMRIcRvy08

Аммо сӯҳбати ихтисосӣ бо муовини Зайд Саидов дар гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав Маҳмудҷон Қосимов бо номи “Зайд Саидовро танҳо нахоҳем гузошт” рӯзи 31 май, 12 рӯз баъд аз боздошти ин соҳибкори шинохта баъди бозгашташ аз сафари Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе нашр шуд ва даҳгонаи видеоҳои соли Озодӣ дар мақоми 9-ум меояд. Ин наворро дар Youtube то имрӯз 10 457 нафар тамошо кардаанд.

http://www.youtube.com/watch?v=FJr94D8JoSc

Достонҳои талх: Гум шудани Маликаву Сабина ва паноҳҷӯии Фиребо

“Баъд аз дуздида шудани Малика ва Сабина”-ро, ки қиссаи талхи дар моҳи март гум шудани ду духтари хурдсол дар Душанбест, то имрӯз 23 824 нафар тамошо кардаанд.

http://www.youtube.com/watch?v=Hi-bHKeiUlM

Достони Фиребо ном духтари афғон, ки дар Тоҷикистон паноҳҷӯст, аз 11 сентябр ба ин тараф 23 429 нафарро ба ҳаяҷон оварда, дар даҳгонаи пуртамошобинтарин видеоҳои соли Озодӣ дар мақоми чорум қарор дорад.

http://www.youtube.com/watch?v=3dvUVdPRstk


Аз "Вазифаи хонагӣ" то сӯҳбати Толеъ

Панҷгонаи пуртамошобинтарин видеоҳои соли 2013 аз бахши тоҷикии Радиои Озодиро матлаби сиёсие таҳти унвони “Вазифаи хонагӣ” барои Эмомалӣ Раҳмон” ба худ ихтисос додааст. Ин гузоришро, ки 31 октябр, ҳанӯз як ҳафта қабл аз эълони пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии Тоҷикистон нашр шуд, тайи 2 моҳ 20 108 нафар тамошо кардаанд:

http://www.youtube.com/watch?v=qIOwQ9YGDC8

Сӯҳбати Озодӣ бо Умаралӣ Қувватов, раҳбари “Гурӯҳи 24” баъди раҳоияш аз боздоштгоҳи Дубай бо номи “Умаралӣ Қувватов: Маро ба Душанбе бурда натавонистанд” бо 14 180 тамошобин дар ҷои 6-ум аст:

http://www.youtube.com/watch?v=3-ycL02m9Rw

Ҷойҳои 7-ум ва 9-ум дар даҳгонаро, тавре зик кардем, ду матлаби дигар роҷеъ ба Зайд Саидов гирифтаанд. Аммо дар мақоми 8-уми ин рейтинг як сӯҳбати мизигирди Радиои Озодист дар мавзӯъи “Чаро баъзе муҳоҷирон дар Русия зан гирифта, оилаҳояшонро дар Тоҷикистон фаромӯш мекунанд?” Ин сӯҳбати видеоӣ аз 11 октябр то имрӯз 11 258 тамошобин доштааст:

http://www.youtube.com/watch?v=ObOTWCop2yA

Ва даҳгонаи пуртамошобинтарин видеоҳои соли 2013 аз бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар шабакаи Youtube-ро “Сӯҳбати Радиои Озодӣ бо ҷаҳонпаҳлавон Толеъ Холназаров” ба поён мебарад. Ин матлабро дар Youtube 9096 нафар тамошо кардаанд.

http://www.youtube.com/watch?v=q8URlQ58XIY

Аммо агар аз оғози оғоз бигирем ва ба тамоми тӯли таърихи сесолаи саҳифаи бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар шабакаи Youtube нигоҳ кунем, сӯҳбати Шабнами Сурайё бо номи Шабнами Сурайё: "Зани хушбахтам" / شبنم ثریا: زن خوشبختم аз 2 марти соли 2012 бо 216 342 тамошобинаш пуртамошобинтарин видео боқӣ мемонад. Зимнан дар соли 2013 низ ин сӯҳбати Шабнам бо Озодиро 117 000 нафар тамошо кардаанд.

http://www.youtube.com/watch?v=VmhDDNkXYg8

“Эшони Нуриддин дар додгоҳ”

(http://www.youtube.com/watch?v=uYynpjpiJKM)

дар бораи баҳси додгоҳии хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо бо муфтӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода бо 160 941 тамошобин ва навори “Фирӯза Ҳафизова дар Озодӣ (Firuza Hafizova)فیروزه حفیظوفا”

(http://www.youtube.com/watch?v=GTFS8L53JiQ)

бо 105 516 тамошобин низ дар ин рейтинги сесола дар мақомҳои дувуму сеюм ҷой гирифтаанд.

Ин се навор, ки ҳар кадом марраи 100 000 тамошобинро пушти сар гузоштаанд, тими видеои Радиои Озодиро гӯё ҳидоят медиҳанд, ки ҳанӯз қуллаҳои зиёди фатҳношудае дар пеш аст. Қуллаҳое, ки Радиои Озодӣ умедвор аст, дар соли 2014 ва ҳатман бо кумаки шумо, мухлисонаш, фатҳ кунад.

Ҳамаи 536 видеои Озодӣ дар шабакаи Youtube дар ин нишонӣ дастрасу қобили тамошост:

http://www.youtube.com/user/Ozodivideo
XS
SM
MD
LG