Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

2014 - Пурбинандатарин видеоҳои Радиои Озодӣ (ВИДЕО)


Омезае аз аксҳои видеоҳои пурбинанда
Омезае аз аксҳои видеоҳои пурбинанда

Кӣ ҷавононро ба ҷиҳоди Сурия мебарад? Мошинҳои гаронбаҳои олмонии Душанбе моли дуздиянд? Донишҷӯро кӣ бераҳмона латукӯб кард? Гадои хиёбони Душанбе дар 10 дақиқа чанд сомонӣ меёбад?

Дар давоми соли 2014-и мелодӣ Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ зиёда аз 1000, дақиқтар гуфта шавад, 1096 гузориши видеоӣ омода ва нашр кард. Ҳамаи ин наворҳо дар сафҳаи Озодӣ дар шабакаи Ютюб низ нашр шуданд. Бино бар арқоми ин шабака ҳоло 5 навореро, ки беш аз ҳама бинанда доштаанд, бароятон пешниҳод мекунем.

Ёдовар мешавем, ки барномаи таҳлилии “Военкомате, ки тоҷиконро ба Сурия мебарад” навори рекордии барномаи “Чашмандоз” буд, ки наздик ба 145 ҳазор дафъа дида шудааст.

Наворҳои дигар низ ба мавзӯъҳои ҷолибу хотирнишин бахшида шудаанд. Агар видеои дӯстдоштани Шумо дар ин феҳраст нест, луфтан, дар бораи он дар гӯшаи шарҳу назарҳо ақидаи хешро баён намоед.

2014 - Пурбинандатарин видеоҳои Радиои Озодӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:32 0:00

XS
SM
MD
LG