Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истироҳат дар ... хона ё бо хешу табор


Ҳар сол аз 8 миллион аҳолии Тоҷикистон ҳамагӣ 200-300 ҳазор нафар, ё танҳо 2,5 - 3 дарсадаш барои истироҳат ягон ҷо мераванд. Аксарият рухсатии худро дар хона мегузаронанд ё ба аёдати хешу табор мераванд...

Дар Тоҷикистон, ки 8 миллион аҳолӣ дораду камтар аз нисфи он афроди қобили меҳнатанд, дар як сол каме беш аз 200 ҳазор нафар истироҳат мекардаанд.

Руслан Шодиков - муовини раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ки масъули бахши сайёҳӣ дар ин ниҳод аст, мегӯяд, таи чанд соли охир дар Тоҷикистон туризми дохилӣ рушд карда истода аст ва мардум баҳри истироҳат ва беҳбуд бахшидан ба саломатии худ бештар аҳамият медиҳанд. Вай афзуд: “Туризм якчанд навъ дорад. Туризми истироҳатӣ ва табобатӣ. Туристони дохилӣ бештар ба туризми табобатӣ майл доранд. Ҳар сол аз 200 то 300 ҳазор нафар шаҳрвандони мо дар марказҳои истироҳативу табобатии кишвар истифода мекунанд."

Руслан Шодиков
Руслан Шодиков

Ҷаноби Шодиков мегӯяд шумораи сайёҳони хориҷӣ низ сол то сол ба Тоҷикистон зиёд мешавад ва танҳо дар шаш моҳи соли равон 74 ҳазор нафар аз шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон сайёҳат кардаанд. Ба таъкиди Шодиков аз ҳисоби сайёҳон иқтисоди Тоҷикистон 37 миллион доллар фоида дидааст. Ба ҳисоби миёна, ҳар сайёҳи хориҷӣ дар Тоҷикистон то 500 доллари амрикоӣ харҷ мекардааст.

Аммо ба фарқ аз хориҷиҳо хеле камтар аз шаҳрвандони худи Тоҷикистон имкони сайёҳат ва истироҳат дар мавзеҳои сайёҳии ватанашонро доранд.

Кодекси меҳанти Тоҷикистон ҳафтаи кории 40 соата ва рухсатии муздноки на камтар аз 28 рӯзаро кафолат медиҳад. Аммо сокинон мегӯянд бинобар камии маош имкони сипарӣ кардани рухсатиашон дар истироҳатгоҳу санатароияҳо ва беҳтар кардани вазъи саломатиашонро надоранд.

Солеҳа Розиқова - муаллимаи мактаби миёна дар ноҳияи Шаҳринав мегӯяд маоше, ки вай аз мактаб барои таълими хонандагон мегирад барои харидории хӯрокворӣ ва либос базур мерасад. Вай меафзояд: “Маоши ман танҳо барои хароҷоти рӯзмарари рӯзгор ба зур мерасад. Пуле боқи намемонад, ки пасандоз кунему ҳангоми рухсатӣ ба истироҳатгоҳҳо рафта дам гирем ва ё табобат кунем. Мо муаллимон тобистон ҳангоми таътили хонандагон ба рухсатӣ мебароему ба кори хоҷагӣ машғул мешавем, то барои зимистон ягон захирае кунему чархи зиндагиро пеш мебарем.”

Хонум Розиқова мегӯяд 17 сол аст дар мактаби деҳа ба хонандагон таълим медиҳад, аммо боре ҳам истироҳат накардааст ва дар фикраш ҳам нест чунки маоши барои ин “орзӯ” кифоят намекунад. Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд дар мактаби онҳо иттифоқи касаба вуҷуд дорад, аммо кайҳо боз ин иттифоқ ба муаллимон роҳхати ройгон ба истироҳатгоҳҳоро намедиҳад.

Осоишгоҳи "Хоҷаобигарм" дар Варзоб
Осоишгоҳи "Хоҷаобигарм" дар Варзоб

Аммо Муродалӣ Солеҳов - раиси Федерасюни иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон мегӯяд ҳоло ҳам миёни ин Иттифоқҳоли касаба ва вазорату идораҳои Тоҷикистон як қарордод вуҷуд дорад, ки тибқи он ба коргарон роҳхат ба истироҳатгоҳ дода мешавад. Вай афзуд: “Ҳар корхона барои кормандаш андози иҷтимоии 25 дарсадӣ месупорад ва 1,4 фоизи ин маблағ барои ҳифзи иҷтимоии кормандон нигоҳ дошта мешавад. Аз ҳисоби ҳамин маблағҳо Иттифоқи касабаи ҳамон корхона вобаста ба ҳаҷми маблағ ба кормандон бо ними нарх ва ё ройгон ба истироҳатгоҳҳо роҳхат медиҳад.”

Ҷаноби Солеҳов афзуд, ҳамчунин ҳар сол онҳо бо Ҳукумат як қарореро дар мавриди истироҳати кӯдакону наврасон ба имзо мерасонанд ва тибқи он фарзандони кормандони идораву вазоратҳои кишвар ба лагерҳои тобистона фирситода мешаванд. Ба гуфтаи Солеҳов, Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҳар сол то 400 ҳазор кудакону наврасон ва 10 ҳазор нафар корагронро ба истироҳату табобат мефиристад. Аммо ба таъкиди ин ҳамсӯҳбати мо, дар аксар корхонаҳои навтаъсис Иттифоқи касаба вуҷуд надорад ва аз ин рӯ кормандон дар ин гуна корхонаҳо аз имконияти истироҳати ройгон ва ё ниммаройгон маҳрум мемонанд.

Бо қарори Созмони Милали Муттаҳид, рӯзи 27 сентябр ҳамчун рӯзи байналмилалии сайёҳӣ таҷлил карда мешавад.

XS
SM
MD
LG