Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марде, ки тибқи гузоришҳо фарбеҳтарин инсони рӯи олам аст, ба барномаи муолиҷа ва парҳез мувофиқат кардааст. Хуан Педрои 32-сола 500 килограмм вазн дошта, чанд сол инҷониб аз рахти хобаш дар минтақаи Аквасалиентеси Мексика берун ҳам нашудааст. Хуан Педро тӯли ҳаёташ бо фарбеҳӣ мубориза бурдааст. Мушкилиҳои ӯ дар синни 17-солагиаш баъди ҷароҳате ба маротиб бештар шуданд.

«Ман дар шашсолагиам 60 килограмм вазн доштам. Дар синни 17-солагӣ вазнам 230 килограмм шуда буд. Он замон ман маҷрӯҳ шуда, якунимс солро дар бистарӣ беморӣ сипарӣ кардам.»

Хуан Педро ризоят додааст, ки дар яке аз шифохонаҳои минтақаи Гвадалахара табобат гирад. Модари Хуан мегӯяд, курсҳои пештари муолиҷа ба фарзандаш, ки аз чоқӣ ва диабет ё худ бемории қанд азият мекашад, зиёд кумак накардаанд. Худи Хуан орзу дорад, ки саломатиашро барқарор намуда, ҳар рӯз имкон дошта бошад, дар кӯчаҳо сайру гашт ва мошинсаворӣ кунад. Вале марде, ки гуфта мешавад, чоқтарин инсони рӯи олам аст, дар рӯ ба рӯи як барномаи ҷиддии муолиҷа қарор дорад.

«Ҳадаф аз барнома кам кардани вазн мебошад. Низоми шашмоҳаи шадиди парҳез аз баъзе анвои ғизо бо ҷароҳат ба анҷом мерасад.»

Бар пояи омори Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Мексика 35 дар сади аҳолии калонсол аз фарбеҳӣ азият мекашанд.

XS
SM
MD
LG