Пайвандҳои дастрасӣ

Сарвазири Ҳолланд мегӯяд, аз маҳалли суқути ҳавопаймо дар шарқи Украина дар бораи мавридҳои яғмогарӣ гузориш шуда, ҳатто дар чанд маврид талош кардаанд, то аз кортҳои бонкии қурбониён пул бикашанд.

Бино ба гузоришҳо, аз 298 ҷасади қурбониёни суқути ҳавопаймои Малайзия 190 ҷасадро аз маҳалли суқут берун кашдаанд. Дар ин бора ҳам хабаргузориҳои Русия ва ҳам хабаргузориҳои Украина гузориш додаанд.

Дар гузоришҳо гуфта мешавад, ки ҷои интиқоли ин ҷасадҳо маълум нест, вале хабаргузории Ройтерз чунин авиштааст: “Кормандони роҳи оҳан иддао мекунанд, ки баъзе ҷасадҳоро ба истгоҳи роҳи оҳани Торез бурдаанд ва дар яхдонҳо ҷой додаанд”. Торез аз маҳали ҳодиса 15 километр дуртар аст.

Андрий Лисенко - сухангӯи Шӯрои амнияти Украина 20 июл гуфт, ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия ҳама корро мекунанд, то нишонаҳои мушаки Русия дар ҳавопаймои задашударо аз байн бибаранд. Вай дар бораи ҷасадҳо гуфт: “Ҷасадҳоеро, ки то ҳол ошкор шуданд, террористҳо ба ҷое мебаранд, мо аз он хабар надорем. Онҳо 38 ҷасадро ба бемористони бозрасии беҳдоштиву додгоҳии минтақа бурданд. Дар бораи ҷасадҳои дигар мо маълумоти дақиқ дар ихтиёр надорем.”

Аммо шабакаи телевизионии Россия-24 гузориш дод, ки ҷасадҳоро ба сардхонаи шаҳри Донетск бурдаанд.

Андрей Пургин - муовини нахуствазири ҷумҳурии мардумии худхондаи Донетск ва яке аз раҳбарони ҷудоихоҳон саломатии комили коршиносони байналмиллалиро барои боздид аз маҳали суқути ҳавопаймо замонат додааст ва гуфтааст, ки агар Киев ба оташбас розӣ шавад.

Нозирони САҲА дар маҳалли суқути ҳавопаймо

Нозирони САҲА дар маҳалли суқути ҳавопаймо

Як гурӯҳи нозирон аз Созмони амнияту ҳамкории Аврупо рӯзҳои 19 ва 20 июл ду бор тавонистааст хеле кӯтоҳ аз маҳалли суқути ҳавопаймо боздид кунад, вале аъзои ин ҳайат мегӯянд, афроди мусаллаҳи ҷудоихоҳ дағалона онҳоро бозпурсӣ карда, нагузоштанд, ки нозирон ба маҳали ҳодлиса дастрасии комил дошта бошанд.

Дар ҳамин ҳол дар Ҳолланд, ки ҳавопаймои суқуткардаи ширкати Малайзия аз фурудгоҳи Амстердам ба ҳаво бархоста буд, калисоҳо аз мардум даъват кардаанд, ки барои қурбониёни ин ҳодиса дуо хонанд. 193 нафари қурбониён шаҳрвандони Ҳолланд будаанд.

Марк Рутте - нахуствазири Ҳолланд бо такя ба гузоришҳо ғазаболуд гуфт, ки ҷасади баъзе қурбониёнро ғорат кардаанд ва талош доштаанд, ки кортҳои бонкии онҳоро барои гирифтани пул истифода баранд. Рутте чанд бор ба раисиҷумҳури Русия Владимир Путин занг задааст ва аз ин вазъ изҳори таассуф кардааст. Вай аз Путин хостааст, ки бо истифода аз нуфузи худ бар ҷудоихоҳон онҳоро ташвиқ кунад, ки бо коршиносони байналмиллалӣ дар амалиёти бозрасӣ ҳамкорӣ кунанд. Рутте гуфт:

“Падидаи наҷибу маъмулист, ки хешовандони қурбониёни ин фоҷеаи даҳшатбор бояд битавонанд ҳади ақал боқимондаи ҷасади бастагони худро бигриранд.”

Тонни Аббот - нахуствазири Австралия низ аз вазъи бесарусомон дар маҳали суқути ҳавопаймо интиқод кард. Дар ин ҳодиса 30 нафар шаҳрвандони ин кишвар ҷон бохтаанд.

Филип Ҳаммонд - вазири корҳои хориҷаи Британия рӯзи 20 июл гуфт, кишвари вай мехоҳад, ки кишварҳои аврупоӣ дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо 22 июл роҷеъ ба таҳримҳои бештар бар зидди Русия ба тавофуқ расанд.

Александр Бородай

Александр Бородай

Дар ҳамин ҳол, Александр Бородай, сарвазири худхондаи ба ном “Ҷумҳурии мардумии Донетск” рӯзи 20 июл гуфт, ҷудоиталабони рӯ ба Русия “баъзе чизҳо ва эҳтимолан қуттиҳои сиёҳ”-и ҳавопаймои суқуткардаро пайдо карда, ба шаҳри Донетск, ки таҳти назорати ҷудоиталабон қарор дорад, фиристодаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG