Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷлили ҷашни байналмиллаи Наврӯз бо пуштибонии шаҳрдории Маскав рӯзи 22-уми март дар Кохи давлатии консертии «Россия» воқеъ дар мавзеи Лужникии пойтахти Русия баргузор хоҳад шуд.

Аз сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 12-уми феврал ба радиои "Озодӣ" иттилоъ доданд, ки дар маросими таҷлили Наврӯз намояндагони ҳамаи миллатҳое, ки ин идро ҷашни миллии худ медонанд, ширкат хоҳанд кард.

Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, соли сеюм аст, ки бо мусоидати сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар, дар пойтахти Русия иди Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мешавад. Дар рӯзи таҷлили Наврӯз намояндагони ҳукумати шаҳри Маскав, намояндагони сафоратҳои кишварҳои ИДМ, созмонҳои ҷамъиятиии русиягӣ ширкат мекунанд.

Ҳамаи намояндаҳои кишварҳое, ки Наврӯзро ҷашни миллӣ медонанд барномаҳои ҳунарии худро пешкаши тамошобинон карда, ҳамчунин намоишгоҳи осоири санъати миллӣ ва таомҳои мииллӣ баргузор мегардад.

Ба гуфтаи Муҳаммад Эгамзод, дар ҳамоҳангӣ бо сафорат, ҳамаи ҷамъиятҳои тоҷикон дар ин кишвар ва дигар созмонҳои ҷамъиятӣ барои таҷлили Наврӯз омодагӣ мебинанд. Ҳамчунин ҳунармандон аз Тоҷикистон ба Маскав хоҳанд рафт. Аммо ҳоло маълум нашудааст, ки аз ҳунармандони эстрадаи тоҷик ки ҳо ҳунарнамоӣ мекунанд.

Дар назар аст намояндагони вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳам дар иди Наврӯз дар Маскав бо теъдоде аз ҳунармандон ва санъаткорон ширкат кунанд.

Соли гузашта ҳам бо дастгирии ҳукумати шаҳри Маскав ҷашни умумишаҳрии «Наврӯз-2013» рӯзи 24 март дар Кохи давлатии марказии консертии «Россия», воқеъ дар мавзеи «Лужники»-и пойтахти Русия, бо шукуҳу шаҳомат баргузор шуда буд.

XS
SM
MD
LG