Пайвандҳои дастрасӣ

Сафири Русия дар Афғонистон хостори имзои мувофиқатномаи амниятӣ миёни Маскав ва Кобул шудааст.

Александр Мантиский, сафири Русия дар Кобул дар мулоқоташ бо Муҳаммад Муҳаққиқ, муовини раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон умедворӣ кардааст, ки тарҳи пешниҳодкардаи кишвараш дар мавриди имзои қарордодӣ амниятӣ, аз сӯи ҳукумати Афғонистон пазируфта шавад. Муҳаммад Муҳаққиқ, муовини дувуми раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, талаби сафири Русияро дар Шӯрои вазирони он кишвар матраҳ кардааст.

Сафири Русия дар Кобул дар ин мулоқот гуфтааст, ки Маскав аз соли 2010 то ба ҳол барои беш аз сесад тан аз нерӯҳои амниятии афғон заминаи омӯзиши кӯтоҳмуддат ва дарозмуддатро фароҳам кардааст ва ба зудӣ гурӯҳе аз маъмурони вазорати умури дохилии Афғонистон барои омӯзиш ба Русия фиристода мешаванд

Сафири Русия дар Кобул қаблан дар мулоқот бо раиси ҷумҳури Афғонистон Ашрафғанӣ Аҳмадзай гуфта буд, ки кишвараш барои ҳимоят аз ҳукумати нави Афғонистон омода аст. Ӯ гуфт, ки дар замони фаъолияташ дар Афғонистон, талош хоҳад кард то равобити миёни Афғонистон ва Русия густариш пайдо кунад ва ҳамзамон таъкид кардааст, ки кишвараш омодааст, то тарҳҳои нотамоми Шӯравии собиқ дар он кишварро оғоз ва такмил намояд.

Ба гуфтаи коршиносон, Русия пас аз хуруҷи бахши асосии нерӯҳои НАТО аз Афғонистон ва поёни маъмурияти ҷангии ин нерӯҳо, дар пайи густариши нуфузи худ дар он кишвар аст. Мақомҳои рус низ гуфтаанд, ки бо анҷоми маъмурияти ҷангии нерӯҳои НАТО, Маскав аз ҳукумати Кобул ҳимоят мекунад.

Бо ин ҳол, сафири Русия дар Афғонистон дар дидори худ бо Муҳаммад Муҳаққиқ гуфтааст, ки бар асоси қарордоди имзошуда миёни Амрико ва Русия, Маскав шаст чархболи наъи MI-17-ро ба ҳукумати Афғонистон месупорад ва таҷҳизоти ин чархболҳоро низ таҳия карда ва халабонҳои афғонро омӯзиш медиҳад.

Соли 2014 табодули коло миёни Русия ва Афғонистон 966 миллион доллар будааст, ки ба гуфтаи сафири Русия муқими Кобул, нишондиҳандаи муносибатҳои хуб миёни ду кишвар будааст.

То кунун Афғонистон бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва НАТО паймони амнияӣ ба имзо расонида ва қарор аст бо бархе аз кишварҳои дигар, аз ҷумла Эрон, Ҳинд, Покистон ва Чин чунин созишномаҳоро ба тасвиб бирасонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG