Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кремл Киеву Тифлис ва Кишинёвро "ҷазо" медиҳад


Кремл
Кремл

Русия ба 3 кишвари пасошӯравӣ аломат медиҳад, ки қаробати бештари онҳо бо Иттиҳодияи Аврупо беоқибат нахоҳанд монд ва Маскав алайҳи ин се кишвари саркаш "ҷазо"-ҳоеро ба кор хоҳад бурд.

Русия ҳушдор додааст, ки имзои Аҳдномаи ҳамкориҳои Украинаву Гурҷистон ва Молдова бо Иттиҳодияи Аврупо “оқибатҳои маргбор” хоҳад дошт. Се кишвари Шӯравии пешин аҳдномаи мазкурро 27 июн имзо карданд. Дар давоми як ҳафтаи баъд аз имзои ин аҳднома мушоҳида мешавад, ки Маскав даст ба чӣ иқдомоте задааст.

Маскав ҳеҷ гоҳ эҳсосоти худро аз ҳамсоягонаш пинҳон надоштааст, аз ҳамсоягоне, ки бо Иттиҳодияи Аврупо робитаҳои наздик барқарор мекунанд. Намунаи он суханони Григорий Карасин -муовини вазири корҳои хориҷаи Русия аст, ки бо ишора ба Украина гуфта буд, имзои чунин қарордод “оқибатҳои маргбор” хоҳад дошт.

Украина бо Иттиҳодияи Аврупо танҳо аҳдномаи ҳамкориҳои иқтисодӣ имзо кард, вале Гурҷистону Молдова ҳамон рӯз ҳам дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ҳам дар бораи таҳкими равобити сиёсӣ бо Аврупо аҳднома имзо карданд.

Зоҳиран кохи Кремли Маскав аз ин кор сахт нороҳат аст ва мебинад, ки се кишвари Шӯравии пешин аз зери дасташ раҳо мешаванд ва нуфузи худро бар онҳо аз даст медиҳад. Русия ҳамеша мекӯшид, ки Украинаву Гурҷистонро аз паймони НАТО дур нигоҳ дорад ва ба Виктор Янукович - раисиҷумҳури пешини Украина фишор меовард, ки дар ин аҳднома имзо нагузорад. Саранҷом Янукович моҳи ноябри соли гузашта аз имзои он саркашӣ кард.

Маскав дар гузаштаҳо воридоти барҷомӣ-оби маъдании Гурҷистон, шаробҳои Молдова ва шоколадҳои Украинаро, ки бо номи "Рошен" ширкати раиси ҷумҳури кунунӣ Петро Порошенко тавлид мекунад, ба қаламрави Русия мамнуъ эълон кард. Барои намуна ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҳам “лаззат”-и таҳримҳои Русия бар зидди меваҳои хушк ва ихроҷи ҳазорон нафар муҳоҷирони тоҷик аз Русияро дар рӯзҳои боздошти халабонони рус чашидаанд.

Ҳоло, ки се кишвари Шӯравии пешин бо Иттиҳодияи Аврупо аҳднома имзо карданд, ба эҳтимоли зиёд Русия бар зидди ин кишварҳо “муҷозот”-и бештарро раво хоҳад дид.

Масалан, 2 июл порламони Молдова ин аҳдномаро ба тасвиб расонд ва дар ҳамон рӯз Маскав эълон кард, ки воридоти гӯшт аз Молдоваро коҳиш медиҳад. Маскав баҳона пеш овардааст, ки ҳолати беҳдоштӣ ё санитарии гӯшти Молдова ба муқаррарот ҷавобгӯ нест. Ба ин таҳримҳо гӯшти гов, гӯсфанд, асб ва хук дохил мешавад. Моҳи сентябри соли гузашта Русия воридоти вино ё шароби Молдоваро мамнуъ эълон карда буд, моле, ки сарчашмаи даромади асъори хориҷӣ ба шумор меравад. Русия баъд аз Иттиҳодияи Аврупо ва Украина барои Молдова севвумин бозори ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

Ба ҷуз аз ин таҳримҳо Приднестровйеи Молдова минтақаи ҷудоихоҳ боқӣ мондааст. Аз замони Шӯравӣ то ҳол дар он ҷо артиши 14-уми Русия мустақар аст ва тундравҳои ин минтақа низ барои Русия бузургтарин “дастовард” ба шумор мераванд.

Обҳои "Боржоми"
Обҳои "Боржоми"

Дар мавриди Украина Русия фикр мекард, ки он яке аз давлатҳои фаъоли Иттиҳодияи Гумрукӣ хоҳад буд. Ҳоло дар ин иттиҳодия Русия, Беларус ва Қазоқистон узвият доранд. Русия мехоҳад дар баробари Иттиҳодияи Аврупо як созмони ҳамвазнро дар ихтиёри худ дошта бошад. Русия аз ҳоло эълон кардааст, ки Украинаро аз қарордоди минтақаи озоди тиҷоратӣ хориҷ хоҳад кард ва Беларусу Қазоқистонро маҷбур кардааст, ки онҳо низ чунин рафтор кунанд. Маскав ҳамчунин гуфтааст, ки дигар маводи хӯрокиро аз Украина ба қаламрави худ иҷоза намедиҳанд, зеро ин мавод бо “микробҳо олуда” мебошанд. Ба ин маҳсулот ширу панир, рӯған ва амсоли он дохил мешавад.

Аммо муносибатҳои Русия ва Гурҷистон аз соли 2008 ба ин сӯ, яъне аз замони ҷанги 5 рӯзаи мухтасар дар моҳи август барои ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи Абхозистон ва Асетияи Ҷанубӣ муташанниҷ боқӣ мемонад.

Пеш аз имзои аҳднома бо Иттиҳодияи Аврупо мақомоти Гурҷистон хушбинона Русияро мутмаин месохтанд, ки ин аҳднома ба муносибот бо Русия халал ворид нахоҳад кард. То ҳол мақомоти гурҷӣ мегӯянд, ки ин аҳднома ба қарордодҳои тиҷоратӣ бо Маскав ва кишварҳои дигари Шӯравии пешин латма нахоҳад зад. Вале моҳи май Русия ҳушдор дода буд, ки Гурҷистон бояд дар бораи оқибатҳои имзои ин аҳднома андеша кунад. Ба эҳтимоли зиёд Русия бори дигар воридоти ҳамон колоҳоро мамнуъ эълон мекунад ва нуктаи дигар ин аст, ки Гурҷистон пойбанди нафти Русия мебошад.

XS
SM
MD
LG