Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав ба Душанбе: Тирамоҳро нигоҳ кунед


Вазорати энержии Русия мегӯяд, шартномаи содироти маҳсулоти нафтии озод аз боҷи гумрукӣ ба Тоҷикистон то ҳол дар марҳилаи тасвиб қарор дорад.

Интизор меравад, ин паймон баъд аз бозгашти вакилони парлумони Русия аз таътили тобистона тасвиб шавад. Ин дар ҳолест, ки тибқи созиши моҳи октябри соли гузашта, ки дар рӯзҳои сафари раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон ҳосил шуда, қарордодаш моҳи феврали соли равон дар Маскав ба имзо расид, маҳсулоти нафтии Русия мебоист аз аввали баҳор бидуни боҷи гумрукӣ ба Тоҷикистон ворид карда мешуд.

Александр Кременетский, сухангӯи вазорати энержии Русия рӯзи 24-уми июл дар як мусоҳибаи катбӣ ба радиои Озодӣ гуфт, шартномаи байнидавлатӣ роҷеъ ба лағви боҷи маҳсулоти нафтӣ ҳанӯз моҳи феврали соли равон таҳия ва тасдиқ шудааст: «Тавре дар ёддошти тафоҳуми моҳи октябр муайян шуда буд, тарҳи созишномаи байнидавлатӣ то моҳи феврали соли равон байни вазоратҳо имзо шуд. Дар ҳоли ҳозир ин созишнома дар Думаи давлатии Русия аст ва тасвиби он баъди бозгашти вакилон аз рухсатӣ дар иҷлосияи тирамоҳӣ баррасӣ мешавад.»


Пӯлод Муҳиддинов
Пӯлод Муҳиддинов
Тарафи Тоҷикистон ҳам мегӯяд, масъала дар рӯи қоғаз кайҳо ҳал шудааст. Пӯлод Муҳиддинов, муовини вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон гуфт, созишнома бахше аз бастаи умумии асноди байнидавлатист: «Ин созишнома бояд якҷо бо бастаи дигар созишномаҳо миёни ду кишвар имзо шавад ва масъалаи тасвиби баъдии ин ҳуҷҷат ба салоҳияти вазорати корҳои хориҷист.»

Ба дарозо кашидани тасвиби қарордод ба Тоҷикистон чӣ зарар меорад? Тибқи созишнмоаи имзошуда мебоист Русия алакай дар соли равон ба Тоҷикистон бидуни боҷи гумрукӣ як миллион тонна бензин, солярка, мазут ва дигар фаровардаҳои нафтӣ медод. Аммо ҳафт моҳи сол алакай мегузарад ва гумон намеравад, ки дар фурсати боқимонда Душанбе битавонад ин миқдори бузурги маҳсулоти нафтиро аз Русия ворид кунад.

Гузашта аз ин, шарте дар миён аст, ки ягон литр аз ин маҳсулот ба кишвари савум фурӯхта нашавад. Дар лоиҳаи ин шартнома омадааст, дар сурати содир карда шудани ин маҳсулот ба кишвари савум Русия пас аз як огоҳӣ ҳақ дорад, аҳдномаро ба таври якҷониба бекор кунад.

Дар ҳоли ҳозир, Тоҷикистон барои ҳар тонна бензин ба Русия 332 доллар боҷи гумрукӣ мепардозад. Ин ба маъноест ки тақрибан 2 сомонӣ дар нархи ҳар литри бензине ки аз Русия меояд, аз ҳисоби ҳамин боҷ аст. Ба ҳисоби коршиносон, Тоҷикистон танҳо аз ҳисоби боҷи гумрукии бензин ва соляркаи Русия ҳамасола 200 миллион доллар зарар мебинад ва дар сурати лағви боҷи гумуркӣ ин маблағи кишвар захира мешавад.


Рашид Ғанӣ Абдулло
Рашид Ғанӣ Абдулло
Таҳлилгари тоҷик Рашид Ғанӣ Абдулло мегӯяд, Русия аз Тоҷикистон мунтазири тасвиби ҳарчӣ зудтари созишномаи пойгоҳи 201 аст: «Аммо Тоҷикистон бар ин аст, ки агар созишномаи пойгоҳ тасвиб шавад, Русия шояд дигар шартномаҳои қаблан тавофуқшударо имзо накунад. Бинобар ин, Тоҷикистон то дар Русия тасвиб шудани бастаи созишномаҳо ва мавриди амал қарор гирифтани онҳо кӯшиш дорад, созишномаи пойгоҳи Русияро тасвиб накунад.» Коршиноси тоҷик мегӯяд, созишномаи пойгоҳи 201аз камтарин абзори таъсири Тоҷикистон ба Русия аст ва Душанбе мекӯшад аз он ҳадди аксари истифодаро кунад.

Бо ин ҳол, Русия сар аз моҳи августи соли равон боҷи гумрукиро 3 дарсад боло бурда, ба 342 доллар барои як тонна бензин мерасонад. Ҳамчунин ҷониби Қирғизистон эълон кард, ки реэкспорти маҳсулоти нафтиро ба Тоҷикистон комилан қатъ ҳоҳад кард. Қирғизистон ба фарқ аз Тоҷикистон маҳсулоти нафтии Русияро бидуни боҷи гумрукӣ ворид мекунад. Бо назардошти ин омилҳо коршиносон ҳадс мезананд, ки нархи фуровардаҳои нафтӣ дар Тоҷикистон дар ҳафтаҳои наздик шояд то 20 дарсад боло биравад.

Нархи як литри бензин дар сӯхтфурӯшиҳои Душанбе ҳоло беш аз 6 сомонист. То соли 2010, ки Русия болои содироти маводи сӯхташ ба Тоҷикистон боҷи гумрукӣ эъмол кард, як литр бензин дар пойтахти Тоҷикистон ҳамагӣ 2 сомониву 20 дирам буд.
XS
SM
MD
LG