Пайвандҳои дастрасӣ

"Тоҷикистон"-ро дар Маскав хароб мекунанд


Кинотеатри “Тоҷикистон” дар Маскав

Кинотеатри “Тоҷикистон” дар Маскав

Мақомоти Маскав тасмим гирифтаанд, дар ҷои кинотеатри “Тоҷикистон” дар минтақаи Строгинои пойтахти Русия як маркази фарҳангиву фароғатии ҷадид бино кунанд.

Департаменти сохтмони шаҳрдории Маскав барои тахриби кинотеатри “Тоҷикистон” 3,5 миллион рубл, муодили тақрибан 115 000 доллар ҷудо карда, барои интихоби ширкати масъули тахриби ин бино озмун ҳам эълон кардааст. Барои тахриби ин кинотеатри воқеъ дар ҳавзаи маъмурии шимолу шарқии Маскав ҳадди аксар шашуним моҳ фурсат додаанд.

Дар эълони расмии ин озмун гуфта мешавад, “як бинои сеқабатаи кинотеатри сохти соли 1982 бо масоҳати умумии 6 998 метри мураббаъ, воқеъ дар кӯчаи маршал Катуков, хонаи рақами 8, демонтаж мешавад. “ Ин кинотеатр бо ду толораш аз соли 2001 ҳамчун толори кинову консерт амал мекард.

Бино бар Барномаи сармоягузории ҳадафмандонаи шаҳри Маскав барои солҳои 2014-2016, қарор аст, дар ҷои кинотеатри “Тоҷикистон” маркази фарҳангиву фароғатии муосир бунёд шавад. Ин марказ, ба эҳтимоли ғолиб, дигар номи “Тоҷикистон”-ро нахоҳад дошт.

Кинотеатри "Тоҷикистон", акси солҳои 80

Кинотеатри "Тоҷикистон", акси солҳои 80

Кинотеатри “Тоҷикистон”, ки дар байни сокинони минтақаи Строгино бо номи “Кишлак” (“Қишлоқ”) маъруф будааст, соли 1982, вақте Иттиҳоди Шӯравӣ ҳанӯз побароҷо буд, сохта шуда, ба нишони арҷгузорӣ ба дӯстии халқҳои Шӯравӣ, ки як меҳвари бунёдии СССР ба шумор мерафт, номи яке аз “ҷумҳуриҳои дӯсту бародар”-ро гирифт.

Ба номи ҷумҳуриҳои шӯравӣ ё пойтахтҳои ин ҷумҳуриҳо ва ё кишварҳои лагери сотсиалистӣ гузоштани исми кинотеатру фурӯшгоҳҳо дар Иттиҳоди Шӯравӣ як амри маъмул, балки аз ҷумла хаттимашҳои он давлат ба шумор мерафт. Сарони давлати Шӯравӣ бо ин гӯё таъкид мекарданд, ки ба ҳамаи халқҳои пайваста ба роҳи бунёди сотсиализму коммунизм баробар арҷ мегузоранд. Дар ҳамон айём буд, ки дар Маскав кӯчаи Тоҷикистону гастрономи “Тоҷикистон” ва ҳам кинотеатри “Тоҷикистон” пайдо шуд. Монанди кӯчаву кинотеатри “Киргизия”, ё “Узбакистон”, ё “Ташкент” ва амсоли ин.

Кӯчаи Тоҷикистон дар Прага

Кӯчаи Тоҷикистон дар Прага

Чунин шеваи номгузорӣ танҳо хоси Маскав ваё пойтахтҳои дигари Шӯравӣ набуд, балки тамоми давлатҳои блоки коммунистиро фаро мегирифт. Барои мисол, дар шаҳри Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех низ як маҳаллаи алоҳидае ҳаст, ки исми тамоми кӯчаҳояш ба номи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказист. Ин маҳаллаи борат аз 6 кӯча дар баробари Kirgizská (Қирғизистон), Kazašská (Қазоқистон), Turkmenská (Туркманистон), Uzbecká (Узбакистон) ва Taškentská, ки ба шарафи Тошканд – пойтахти Узбакистон - номгузорӣ шудааст, як кӯчаи алоҳидаи Tádžická, яъне Тоҷикистон ҳам дорад.

Аммо ба фарқ аз кишварҳои Шӯравии собиқ, ки дар ҷараёни маъракаи ҳазфи мероси он замон, аз ҷумла номгузории исми кӯчаву иншоотро бозбинӣ ва дар аксари маворид номгузории он давронро тақрибан ба пуррагӣ ҳазф карданд, ба назар мерасад, ки дар Прага касе дар чунин фикр нест. Балки дар инҷо ин номҳоро мехоҳанд ҳамчун мероси як қисмати кӯтоҳу фоҷиабор, вале ба ҳар сурат, як қисмати таърихи худ ҳифз кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG