Пайвандҳои дастрасӣ

Ихроҷ аз Маскав ҳатто барои нақзи қоидаи роҳ


Ҳуҷҷати ронандагии Русия

Ҳуҷҷати ронандагии Русия

Кафили шаҳрдории Маскав Сергей Собянин пешниҳод кардааст, ки муҳоҷирони хориҷиро ҳатто барои вайрон кардани қоидаҳои роҳ аз Русия ихроҷ кунанд.

Сергей Собянин, ки дар пешорӯи интихоботи моҳи сентябри шаҳрдори пойтахти Русия қартаи мубориза бо муҳоҷиронро шиори асосии корзори худ интихоб кардааст, дар ҷаласаи шаҳрдорӣ гуфт, ба Дума – маҷлиси вакилони шаҳри Маскав – алакай чунин пешниҳод ироа шудааст ва онҳо аз вакилон мехоҳанд, ки ин пешниҳодҳоро ҳарчӣ зудтар ба қонунгузорӣ шомил кунанд.

Сергей Собянин, ки дар давраи корзори интихоботӣ расман аз мақом канор рафтаву гӯё танҳо кафили шаҳрдории Маскав аст, ахиран дар ҷаласаи шаҳрдорӣ гуфт: “Пешниҳод мекунем, ки муҳоҷиронеро, ки ба таври мунтазам қонунгузории маъмурии мо, аз ҷумла қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон мекунанд, аз кишвар ихроҷ кунанд ва иҷозаи вуруди дубора ба Русияро надиҳанд. “





Собянин

Собянин

Иҷрокунандаи вазифаи шаҳрдори Маскав ҳамчунин пешниҳод кардааст, то “ронандагони муҳоҷиреро, ки бидуни дарёфти ҳуҷҷати ронандагӣ дар худи Русия пушти фармони мошинҳои боркашву автобусҳо ва мошинҳои дигари тиҷоратӣ менишинанд, барои ду сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум кунанд.”

Ташаббусҳои қонунгузорӣ ба манзури шадидтар кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Русия бахусус дар пайи садамаи рӯзи 13 июл дар атрофи шаҳраки Ознобишинои ноҳияи Подолски вилояти Маскав зиёд шудааст. Дар он рӯз як мошини КМАЗ, ки пур аз шағал буд, ба автобуси мусофиркаш бархӯрд. Дар натиҷа 18 нафар ҳалок ва 47 нафар захмӣ шуданд.

Ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, дар ин алокат ду муҳоҷири тоҷики зодаи шаҳри Кӯлоб Анвари Қудратуллои 23-сола ва Беҳрӯз Эгамови 26-сола низ ҷароҳат бардошта буданд.

Маълум шуд, ронандаи КАМАЗ шаҳрванди Арманистон Грачя Арутюниён алакай 9 дафъа барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат ҷарима баста шуда, бо ҳуҷҷати ронандагии арманӣ пушти фармон менишаст ва ҳуҷҷати ронандагии Русияро аслан надоштааст.


Садамаи хунин дар Ознобишино

Садамаи хунин дар Ознобишино

Баъди ин фалокати пурқурбонӣ сарусадоҳо бо талаби шадидтарин кардани талабот нисбат ба муҳоҷирони ронанда дар Русия бештар шуд.

Феълан дар кумитаи нақлиёти Думаи давлатӣ – маҷлиси поёнии парлумони Русия – тарҳи қонуне ҳам таҳия мешавад, ки истифодаи ҳуҷҷатҳои ронандагии кишварҳои дигарро дар қаламрави Русия манъ ва аз нав супурдани имтиҳони ронандагӣ ва гирифтани ҳуҷҷати ронандагии худи Русияро барои ин тоифа ҳатмӣ мегардонад.

Михаил Брячак, муовини аввали раиси кумитаи нақлиёти Думаи давлатӣ гуфтааст, ин қонун ба эҳтимоли ғолиб алакай дар иҷлоси тирамоҳии парлумон баррасӣ ва тасвиб хоҳад шуд. Михаил Брячак мегӯяд, тибқи тарҳи пешниҳодӣ, муҳоҷироне, ки мехоҳанд дар Русия кори доимӣ дошта бошанд, бояд ҳуҷҷати ронандагии Русияро бигиранд. “Барои онҳое ки алакай бо ҳуҷҷатҳои ронандагии кишварҳои худ кор мекунанд, барои таҳсили дубора, супурдани имтиҳон ва дарёфти ҳуҷҷати ронандагии Русия ним сол фурсат дода мешавад,” – гуфтааст ин вакили Думаи давлатии Русия.

Сиёсатмадорони рус мегӯянд, бисёри муҳоҷирондар кишварҳои худ ҳуҷҷати ронандагиро ҳамту мехаранд ва дар Русия пушти фармон аксаран афроде менишинанд, ки на аз қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дуруст хабар доранд, на аз тарзи рондани мошин.

Аммо коршиносон бо назардошти мизони фасоде ки дар худи Русия ҳаст, самараи ташдиди қонунгузорӣ ва ҳатмӣ кардани доштани ҳуҷҷати ронандагии Русия барои муҳоҷиронро хеле ночиз мешуморанд. Сергей Храпач, раҳбари Иттиҳодияи “Межрегионавтотранс” ба нашрияи “Известия”-и чопи Маскав гуфтааст, “агар муҳоҷир ҳуҷҷати ронандагиро дар ватанаш дар Арманистон ё Тоҷикистон харида бошад, пас ӯ роҳи дар Русия ҳам харидани ин ҳуҷҷатро пайдо хоҳад кард.”


Таксирони тоҷик дар Русия

Таксирони тоҷик дар Русия

Ҳамасола аз 1 то 1,5 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон низ дар ҷустуҷӯи кор ба Русия меравад. Муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар асосан дар сохтмон, бозор ва кишоварзиву чорводорӣ машғули фаъолиятанд. Вале ба ҳисоби созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, шумори он муҳоҷирони тоҷике, ки дар Русия аз ҳисоби таксӣ меронанд ё мошинҳои боркашу мусофиркаш меронанд, низ ба даҳҳо ҳазор мерасад. Акнун ин мардум дар сурати тағйири қонунгузории Русия маҷбур мешаванд, ҳуҷҷатҳои тоҷикии худро бо ҳуҷҷати ронандагии русӣ иваз кунанд. Яъне боз як харҷи изофӣ аз ҳисоби муҳоҷир, балки аз ҳисоби нони даҳони зану фарзанди ӯ.

Бино ба ҳисобҳо, дарёфти ҳуҷҷати ронандагии Русия сар карда аз таҳсил дар мактаби ронандагӣ, гирифтани тамоми асноди тиббии лозим ва супурдани ҳарду имтиҳони ҳам аз қоидаҳои роҳ ва ҳам ронандагӣ барои як нафар аз 700 то 1000 доллар тамом мешавад. Ва он ҳам бидуни пардохтҳое, ки барои “мулоим” кардани дили имтиҳонгир ё нафароне, ки бояд ба шумо санади тиббӣ диҳанд, лозим мешавад.

Бахши русии Радиои Озодӣ дар як мизигирди видеоӣ ин масъаларо матраҳ кардааст, ки оё муҳоҷирон аз номзадҳо ба мақоми шаҳрдори Маскав бояд чиро мунтазир бошанд ва чиро - не? Ин сӯҳбатро метавонед аз навори зер тамошо кунед:


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG