Пайвандҳои дастрасӣ

Даромади Маскав аз ҳисоби муҳоҷирон 4 маротиба афзудааст


Навбати муҳоҷирон дар маркази Сахарово

Навбати муҳоҷирон дар маркази Сахарово

Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин мегӯяд, буҷаи пойтахти Русия имсол аз ҳисоби андозбандии муҳоҷирон 4 маротиба фоидаи бештар ба даст овардааст. Маскав танҳо аз ҳисоби патент соҳиби 2,2 миллиард рубл шудааст.

Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав рӯзи 11 август дар ҷаласаи раёсати ҳукумати пойтахти Русия гуфт, буҷаи Маскав имсол аз ҳисоби андозбанрдии муҳоҷирони корӣ 4 маротиба фоидаи бештар ба даст овардааст. Сергей Собянин бо тавфсиф аз қонунҳои нави муҳоҷирати Русия, ки аз 1 январи соли 2015 ба иҷро дароварда шуд, гуфт: “Ин қонун имкон дод, ки ҳаҷми пардохтҳо ба буҷаи шаҳри Маскав аз ҳисоби андози муҳоҷирон 4 маротиба биафзояд.”

Раҳбари Департаменти сиёсати иқтисодӣ ва рушди шаҳри Маскав Максим Решетников дар ин ҷаласа гуфтааст, аз 1 январ нархи патенти муҳоҷирон дар пойтахти Русия 6,5 маротиба боло бурда шуд ва ҳоло 4 000 рублро дар моҳ ташкил медиҳад. Танҳо аз ҳисоби фурӯши патент ба муҳоҷирон буҷаи Маскав, ба ҳисоби Решетников, имсол 2,2 миллиард рубл, муодили 35 миллион доллар ба даст овардааст.

Аммо муҳоҷирони корӣ мегӯянд, ин фоидаҳои бакарат афзудаи буҷаи Маскав аз ҳисоби тиҳӣ кардани ҷайби муҳоҷирон ҳосил мешавад ва амалан дар баробари пойин рафтани қурби рубл як омили дигари умдаи коҳиши даромади ин қишри бе он ҳам осебпазири бозори кори Русия шудааст.

Содиқ, як муҳоҷири 35-сола аз Тоҷикистон, ки дар Маскав кор мекунад, рӯзи 11 август дар сӯҳбат бо Озодӣ раванди қонунӣ гардондани кору иқомати як муҳоҷири корӣ даро пойтахти Русияро чунин тасвир кард: “Вақте омадед, бояд пеш аз ҳама сабти ном кунед. Ин барои 3 моҳ 3000 рубл мешавад. Баъдан, агар дар Маскав кору зиндагӣ карданӣ бошӣ, бояд ба маркази муҳоҷирон дар Сахарово рафта, дар ивази 21 000 рубл имтиҳони забон супурду ҳуҷҷатҳои дигарро комил кунед. Агар аз имтиҳони забон нагузарад, барои ҳар имтиҳони дигар боз 5000 рубл мегиранд. Ва танҳо баъди супурдани имтиҳону ба даст овардани ҳамаи ин ҳуҷҷатҳо муҳоҷир ҳаққи гирифтани патентро ба даст меорад ва ҳар моҳ барои он бояд 4000 рубл бисупорад. Яъне ҳанӯз то оғози кор дар Маскав бар иловаи пули бе он ҳам гарони роҳкиро аз Тоҷикистон ҳар муҳоҷир камаш 28 000 рубл, баробари қариб 500 доллари амрикоӣ, сарф бояд кунад.”

Сергей Собянин

Сергей Собянин

Шумори муҳоҷирони корӣ дар пойтахти Русия то 1 миллион нафар гуфта мешавад. Шаҳрдори Маскав дар моҳи май гуфта буд, ки аллакай 80 дарсади онҳо соҳиби патент шудаанд. Аммо дар ҷаласаи рӯзи 11 август Сергей Собянин хостори ташдиди боз ҳам бештари назорат бар муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва ҷалби нирӯҳои пулис ба ин манзур шудааст, зеро ба гуфтаи шаҳрдори Маскав, “ҳарчанд тамоми хадамоти лозим фароҳам оварда шуд, на ҳама то ҳол патент гирифтаанд. Шумори муҳоҷироне, ки то ҳол ин корро анҷом надодаанд, хеле зиёд аст.”

Содиқ, ҳамсӯҳбати мо аммо мегӯяд, дар асл муҳоҷири бепатенту беҳуҷҷат дар Маскав қариб намондааст, чунки “бе ҳуҷҷат на ягон кор карда мешавад, на аз хона баромада.”

Ин ҳамсӯҳбати мо аз як тамоюли дигар дар мавриди муҳоҷирони тоҷике, ки дар ҷустуҷӯи кор ба Русия меоянд, низ изҳори нигаронӣ мекунад: “Онҳо аксаран пул қарз карда, билет гирифта, худро то инҷо мерасонанд. Солҳои пеш корро сар карда, қарзҳои худро як бало карда, мепӯшонданд. Вале ҳоло омада, мебинанд, ки ҳанӯз то шурӯи кор бояд қариб 30 000 рубл танҳо барои таҳияи ҳуҷҷату сабти ному патент сарф кунанд. Бисёриҳо ин пулро ёфта наметавонанд ва ночор боз пул қарз карда, ба Тоҷикистон бармегарданд.”

Ҷамъи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия аз 1 то 1,5 миллион нафар гуфта мешавад. Аз ин ҳисоб тақрибан то 300 ҳазор нафараш дар шаҳру вилояти Маскав кору зиндагӣ мекунанд. Муҳоҷирони тоҷик ҳар сол ба Ватан то 4 миллиард доллар пул мефиристанд, ки баробари қариб нисфи иқтисоди Тоҷикистон буда, як омили асосии таъмини суботи иҷтимоӣ дар ин кишвари фақири пасошӯравӣ эътироф мешавад.

Вале омори расмии Бонки миллии Тоҷикистон низ нишон медиҳанд, ки дар нимаи аввали соли равон аз Русия ба ин кишвар 32 дарсад камтар пул ворид шудааст. Бисёриҳо инро ба коҳиши қурби рубли русӣ ва ташдиди сиёсати муҳоҷирати Русия рабт медиҳанд ва мегӯянд, коҳиши ҳаҷми пулҳои интиқолии муҳоҷирон дасти кам то поёни соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG