Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гушоиши бузургтарин масҷиди Аврупо дар шаҳри Маскав (ВИДЕО)


Масҷиди ҷомеи Маскав

Масҷиди ҷомеи Маскав

Рӯзи 23 сентябр масҷиди ҷомеи шаҳри Маскав баъди бозсозӣ дубора дарҳои худро ба рӯи намозгузорон боз кард. Имсол намози асосии иди Қурбон дар ҳамин масҷид доир мешавад.

Рӯзи 23 сентябр дар шаҳри Маскав баъди бозсозӣ маросими ифтитоҳи дубораи масҷиди ҷомеи маъруф ба “масҷиди Проспект Мира” баргузор шуд. Ба дунболи ифтитоҳи дубора, қарор аст, субҳи 24 сентябр намози асосии иди Қурбони Русия дар ҳамин масҷиди ҷомеъ баргузор шавад.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар расми ифтитоҳи масҷиди ҷомеи Маскав гуфт, ин масҷид баъди бозсозиаш ба бузургтарин масҷиди Аврупо табдил ёфта, соҳиби “як симои наву муосир ва бошукӯҳ” ва “шоистаи пойтахт” шудааст. Ӯ изҳори итминон кард, ки ин масҷид ба яке аз марказҳои муҳими маънавии мусалмонони ҳам Маскав ва ҳам тамоми Русия табдил шуда, “манбаи маърифат ва таблиғи арзишҳои асили Ислом” хоҳад шуд.

Дар расми ифтитоҳи дубораи масҷиди ҷомеи Маскав ҳамчунин раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос ва ҳамчунин сарони ҷумҳуриҳои мухтори мусалмоннишини Русия ширкат карданд.

Дар ин маросим ба намояндагӣ аз Тоҷикистон сафири ин кишвар дар Маскав Имомуддин Сатторов ва раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ширкат доштаанд.

Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 23 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ифтитоҳи дубораи масҷиди Маскавро “як ҳодисаи хеле муҳим ва назаррас” номид ва гуфт: “Воқеан ҳам заҳмати зиёд кашидаанд ва як масҷиди замонавии пуршукӯҳ ва боҳашамат сохтаанд. Мо бовар дорем, ки ин масҷид ба як минбари таблиғи арзишҳои Исломи анъанавӣ, Исломи тарбиятгар табдил хоҳад ёфт. Мо мутмаинем, ки дар ин марказ ҳамеша аз сулҳу созиш, ҳамгироӣ ва ҳусни таҳаммулу ҳусни эҳтиром ҳарф хоҳанд зад ва ҳамаи онҳое ки ба ин масҷид меоянд, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик, аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, ки дини мӯбини Ислом таълим медиҳад, бештар бархӯрдор хоҳанд шуд.”

Масҷиди ҷомеи Маскав аз соли 2005, инак 10 сол боз таҳти тармиму бозсозӣ қарор дошт ва барои бозсозиаш дар маҷмӯъ ҳудуди 170 миллион доллар сарф шудааст. Равил Ғайнутдин, муфтии Русия ахиран гуфт, ки барои бозсозии ин масҷид аз ҳукумати Русия ягон тин нагирифтаанд, балки ин 170 миллиони сарфшуда тақрибан ҳамааш аз ҳисоби хайрияи мардум ба даст омадааст.

Дар пайи бозсозӣ масоҳати масҷиди ҷомеи Маскав 20 маротиба афзуда, беш аз 19 000 метри мураббаъ шудааст ва ҳоло тавони гунҷоиши беш аз 10 000 намозгузорро дорад. Ҳамин тавр, бинои қаблан дуқабатаи масҷид ба 6 қабат расонда шуда, бинои масҷидро 7 гумбази баландиашон то 46 метр ва барашон то 27 метр ва ду манораи баландиашон то 72 метр зиннат медиҳанд. Яке аз ин гумбазҳо шабеҳи гумбази Спасскаяи Кремли Маскав ва гумбази дигараш шабеҳи гумбази Суйимбикаи Кремли шаҳри Қазон, пойтахти Тотористон аст. Бинои қаблии масҷид ҳамагӣ як манора дошт ва толорҳояш танҳо то 2000 намозгузорро мегунҷонд.

Дар чанд толори масҷид экранҳои бузург насб шудаанд, ки ба намозгузорон имкон медиҳад, ҷараёни ваъзгӯии имомон аз толори асосии масҷидро бубинанду бишнаванд. Дар бинои бозсозишудаи масҷид 15 даромадгоҳ ва ҳамчунин лифтҳо ва пандусҳои васеъ барои маъюбон сохта шудаанд.

Масҷиди ҷомеи маъруф ба “масҷиди Проспект Мира”, ки дар танкӯчаи Выползов, 7 дар назди истгоҳи метрои “Проспект Мира” ҷойгир шудааст, баъди масҷиди таърихии пойтахти Русия аз қадимтарин масҷидҳои шаҳри Маскав ба шумор меравад. Ин масҷид дар соли 1904 бар асоси тарҳи меъмори рус Николай Жуков ва бо сармояи тоҷир ва сармоядори тотор Солиҳ Ерзин сохта шудааст.

Дар ҳоли ҳозир дар Маскав 6 масҷиди мусалмонӣ расман амал мекунанд ва ду масҷиди дигар дар ҳоли сохта шудан аст.

Мусалмонон, бино ба омори расмӣ, 14 миллион ё 10 дарсад аз 140 миллион аҳолии Русияро ташкил медиҳанд. Вале манобеи дигар шумори мусалмонон дар Русияро бо 20 миллион нафар баршумурда, мегӯянд, теъдоди мусалмонон дар ин кишвар аз ҳисоби таваллуди зиёд дар оилаҳои мусалмонӣ ва сели муҳоҷирон аз кишварҳои мусалмоннишини Қафқозу Осиёи Марказӣ, пайваста дар ҳоли афзоиш аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG