Пайвандҳои дастрасӣ

Серетелӣ ҳайкали муҳоҷири тоҷикро месозад?


ВДНХ, макони ояндаи ҳайкали муҳоҷири тоҷик

ВДНХ, макони ояндаи ҳайкали муҳоҷири тоҷик

Ҳайкалтарошони Нигористони Зураб Серетелӣ дар Маскав ба таҳияи ҳайкали биринҷии муҳоҷири тоҷик машғуланд, ки моҳи ноябри соли равон дар Намоишгоҳи ВДНХ-и пойтахти Русия устувор хоҳад гашт.

Ҳайкалтарошони Нигористони Зураб Серетелӣ дар Маскав ба таҳияи ҳайкали биринҷии муҳоҷири тоҷик машғуланд, ки моҳи ноябри соли равон дар Намоишгоҳи ВДНХ-и пойтахти Русия устувор хоҳад гашт.

Ҳарчанд бархе аз нашрияҳои интернетии Русия хабар доданд, ки тарҳи ин пайкара омода буда, он “Шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми чидани хишти роҳрав” ном хоҳад дошт, ҳайкалтарош Сергий Шагулашвилӣ, яке аз шогирдони пайкарасози маъруф Зураб Серетелӣ мегӯяд, ҳанӯз кормандони ин устохонаи ҳунарӣ ғояҳои гуногуни ҳайкали ояндаро баррасӣ мекунанд. Сергий рӯзи 23-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ба Зураб Константинович пешниҳод шудааст, ки ин ҳайкалро созад. Аммо алҳол коре барои он сурат нагирифта, танҳо фикру андешаҳое дар бораи чигунагии ҳайкали оянда радду бадал мешаванд.”

Ба гуфтаи Сергий Шагулашвилӣ, ангора ё тарҳи ибтидоии ҳайкал то 7-8-уми октябр омода мешавад ва то он вақт дар бораи ҷузъиёти пайкара чизе гуфтан душвор аст.

Аз омода шудани тарҳи пайкара аввалин шуда хабаргузории хусусии “Смиксер” иттилоъ дод ва ба нақл аз бахши мероси фарҳангии ҳукумати шаҳри Маскав гуфт, идеяи гузоштани ҳайкал ба муҳоҷирони кории Тоҷикистонро ҳамчун нишони сипос ба онҳо барои кори сангинашон сокинони Маскав ба миён гузоштанд ва ҳукумати шаҳр ин пешниҳодро пазируфт. Нашрия ба нақл аз ин ниҳоди ҳукумати Маскав менависад: “Шаҳр ин пешниҳодро пазируфт. Соли аввал нест, ки коргарони тоҷик дар беҳбуд ва сабзгардонии Маскав ширкати фаъол доранд. Онҳо дар сохтмонҳо ва бахши роҳҳои пойтахт кор мекунанд.”

Аммо Юлия, корманди дафтари матбуоти бахши мероси фарҳангии шаҳрдории Маскав дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бунёд ва гузоштани ҳайкалҳои нав ба салоҳияти бахши мазкур рабт надорад ва шояд ин иттилоъ дар Департаменти фарҳанги шаҳрдорӣ берун омада бошад. Кормандони ин бахш мегӯянд, ба назари онҳо, хабар аз Кумиссиюни фарҳанг ва иртибототи иҷтимоии Думаи Маскав маншаъ гирифтааст. Аммо ҳайати пешинаи ин кумиссюн ба истеъфо рафта, аввалин ҷаласаи ҳайати нави Думаи Маскав рӯзи 24-уми сентябр баргузор мешавад. Ба пурсиши мо дар идораи ВДНХ-и Маскав гуфтанд, дар бораи эҳтимоли бунёди ҳайкали муҳоҷирони тоҷик маълумоте дар даст надоранд.

Роҷеъ ба эҳтимоли гузоштани шудани ҳайкали муҳоҷири тоҷик дар Маскав сафири Тоҷикистон дар Русия, Имомуддин Сатторов, гуфт, агар чунин тарҳе дар миён аст, “ҳайкал бояд бо риояти эҳтироми қоил ба шаъну эътибори мардуми соҳибқирон ва дорои таъриху фарҳанги бою қадимаи мо гузошта шавад. Он бояд тавре қомат афрозад, ки пеш аз ҳама мояи ифтихори тоҷикону Тоҷикистон дар ҷомиаи Русия ва ҷаҳон бошад, василаи эҳтироми тарафайни ду миллати бузург, дӯст ва шарикони воқеӣ бишавад.”

Сафир ба зарурати ҳамкории пайкарасозон бо сафорати Тоҷикистон дар Русия таъкид кард. Бо ин ҳадаф рӯзи 23-юми сентябр намояндаи расмии Сафорати ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод бо мушовир ва ёвари Зураб Серетелӣ -- Сергий Шагулшивили мулоқот кард ва қарор шуд, ангораи ҳайкал аз назари сафорат ва ҷомеаи зиёиёни тоҷикистонии муқими Маскав гузарад. Ба гуфтаи Шагулшивили ҳайати эҷодии Нигористони Серетелӣ ба ҳамаи ҳассосиятҳои марбута таваҷҷуҳи хос нишон хоҳад дод. Ин дар ҳолест, ки дар бархе аз шабакаҳои иҷтимоӣ тарҳи ҳайкал бо ишора ба унвони он, яъне “Шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми чидани хишти роҳрав” баҳсҳоеро ба миён овардааст, ки пайкарасозон мехоҳанд, муҳоҷири тоҷикро дар ҳоле тасвир кунанд, ки назди раҳгузарон зону задааст.

Дар ин дидор Муҳаммад Эгамзод гуфтааст, "Тоҷикон агарчӣ бар ивази дастмузди ночиз заҳмати бисёр дар ободии ин шаҳр мекашанд, меҳнати эшон нишонаи созандагӣ, бунёдкорӣ ва ободгарист. Агар сокинони шахр воқеан ба ин заҳмати хамватанони ман эҳтиром гузоштанӣ бошанд, ин тарҳ бояд аз зовияи танҳо ва танҳо эҳтирому арҷгузорӣ ба онҳо рӯйи кор ояд, на чизи дигар!" Дар посух Сергий Шагулшивили гуфтааст, нахустин ангораҳои ҳайкал дар ҳафтаи аввали моҳи октябр ба намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Русия нишон дода хоҳад шуд.

Аз ҷониби бархе аз рӯшанфикрони тоҷик пешниҳод шуда буд, ки дар шаҳри Душанбе ҳайкали муҳоҷири тоҷик, ки кишварро дар солҳои сахти баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ аз гуруснагӣ наҷот дода, дар солҳои баъд сармояи гардон мондани иқтисоди Тоҷикистонро таъмин намуд, гузошта шавад. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар ин бора расман изҳори назар накардаанд.

Хабари бунёди ҳайкали муҳоҷири тоҷик дар Маскав дар ҳоле нашр мешавад, ки мақомоти пойтахти Русия шикастани кинотеатри “Тоҷикистон”-ро оғоз намуд, ки яке аз рамзҳои эҳтиром ва дӯстии мардуми Маскав бо Тоҷикистон буда, соли 1982 сохта шудааст. Дар ҷои он як маркази тафреҳӣ сохта мешавад, аммо гумон намеравад, номи “Тоҷикистон” боқӣ монад. Департаменти фарҳанги ҳукумати Маскав дар посух ба пурсиши Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз дар бораи номи иншоот тасмиме гирифта нашудааст ва номгузории он дар марҳилаи ниҳоии сохтмон, дар соли 2016 гирифта хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки дар шаҳри Душанбе Майдони 800-солагии Маскав мавҷуд аст. Он дар соли 1947 чунин ном гирифт ва дар соли 2011 бозсозӣ шуда, дар канори он тарабхонаи “Маскав” дарҳои худро боз кард.

Охирин видео аз кинотеатри "Тоҷикистон" дар Маскав (Наворбардор Умед Бобоматов, хабарнигори Радиои Озодӣ)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG