Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи раисиҷумҳури собиқи Миср Муҳаммад Мурсӣ ва 14 тан аз ёрони ӯ баъди алайҳи ҳокимони низомӣ шиор партофтани муттаҳамон қатъ шуд.

Қозии парвандаи раисиҷумҳури собиқи Миср Муҳаммад Мурсӣ ва 14 тан аз ёрони ӯ рӯзи 4 ноябр муҳокимаи ин парвандаи пурсарусадоро қатъ кард, чунки муттаҳамон бо шиорпартоиҳо бо ин мазмун ки "Нест бод ҳукумати низомӣ!" ҷараёни муҳокимаро тахриб карданд. Мурсӣ эълон кард, ки "ман раисиҷумҳури қонуниам ва аз додгоҳ талаб мекунам, ки ба ин мазҳака поён диҳад."

Ин нахустин зуҳури Мурсӣ дар мазҳари ом аз замони барканориаш аз мақом дар таърихи 3 июл буд. Оқои Мурсӣ дар маконе номаълум аз сӯи артиш нигоҳ дошта мешуд.

Мурсӣ ва 14 тан аз раҳбарони дигари Ихвонулмуслимин ба таҳрики хушунатҳое, ки мунҷар ба марги даҳҳо нафар дар эътирозҳои моҳи ноябри соли 2012 шудаанд, айбдор мешаванд. Дар сурати дар додгоҳ ба гарданашон дайн шудани ин иттиҳом, ба Мурсӣ ва ёрони ӯ ҳукми қатл таҳдид мекунад. Тарафдорони Мурсӣ аммо ин иттиҳомотро сохта номида, ба эътирозҳои оммавӣ даъват мекунанд.

Мурсии ислогаро дар моҳи июни соли 2012 дар нахустин интихоботи демократӣ дар таърихи Ҷумҳурии Мисри Араб раисиҷумҳур иинтихоб шуд, вале ҳамагӣ як сол баъд дар пайи эътирозҳои густардаи мардум тавассути низомиҳо аз мақом барканор карда шуд.


Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср рӯзи душанбеи 4 ноябр барои муҳокима ба иттиҳоми таҳрик ба хушунат ва қатли мухолифон, бо як чархболи артиш ба додгоҳ оварда шуд. Хабаргузории расмии Миср маҳали додгоҳи Муҳаммад Мурсиро донишгоҳи пулиси Қоҳира эълон кард. Раиси пешини Миср қарор аст, ҳамроҳ бо 14 узви баландпояи гурӯҳи "Ихвонулмуслмимин" ба иттиҳомоте аз ҷумла, таҳрик ба қатл дар тазоҳуроти Кохи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи июни соли гузашта, муҳокима мешавад.

Бино ба гузоришҳо, наздик ба 20 ҳазор корманди пулис ва сарбоз масъули назорати вазъи амниятӣ шудаанд. Маҳалли додгоҳи Муҳаммад Мурсӣ дуруст ҷоест, ки пештар Ҳуснӣ Муборак, ҳокими пешини Миср муҳокима шуда буд.

Дар рӯзҳои гузашта бисёре аз донишгоҳҳои он кишвар саҳнаи тазоҳурот, эътирозот ва даргириҳое буд, ки то кунун идома дорад. Хонаводаи раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср гуфтанд, дар мурофиаи додгоҳӣ ширкат нахоҳанд кард. Онҳо дар айни ҳол эълон кардаанд, ки машруияти додгоҳро ба расмият намешиносанд. "Ихвонулмуслимин" ки Муҳаммад Мурсӣ ба он вобаста аст низ ин муҳокимаро "тамошои хандаовар" хондааст.

Аз сӯи дигар ҳаводорони давлати муваққат ва низомиёне, ки Мурсиро аз қудрат барканор карданд, муҳокимаи ӯро озмуне барои "нақшаи роҳ" номидаанд, ки қарор аст он кишварро пас аз эътирозот ва хушунатҳои моҳҳои гузашта ба интихобот ва интиқоли қудрат ба давлати нав, раҳнамун шавад.

Муҳаммад Мурсӣ аз 30-юми июн, пас аз, ки дар пайи эътирозҳои густурда аз қудрат барканор шуд, дар боздошт ба сар мебарад. Сарнагунии ӯ эътирозҳои дигарро дар пай дошт, ки ҳаводорони ӯ ба роҳ андохтанд.Тайи моҳҳои гузашта ин эътирозҳо борҳо ба хушунат печиданд ва садҳо нафар дар пайи онҳо ҷони худро аз даст додаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG