Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барномаи рушди Созмони миллали муттаҳид дар Тоҷикистон пешбинӣ мекунад, ки соли равон шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия 200 ҳазор нафар коҳиш хоҳад ёфт.

Барномаи рушди Созмони милали муттаҳид дар Тоҷикистон пешбинӣ мекунад, ки соли равон шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия 200 ҳазор нафар коҳиш хоҳад ёфт. Бинобар арзёбии ин созмон, коҳиши шумори муҳоҷирон ва уфти бесобиқаи қурби рубл дар қиболи сомонӣ даромади хонаводаҳои тоҷикро кам ва шумори бекоронро дар Тоҷикистон афзоиш хоҳад дод.

Дар ин росто намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод доранд, ки барои дастгирии соҳибкорон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ оҷилан иқдом кунад.

Матлуба Улҷабоева, раҳбари Анҷумани соҳибкории хурду миёна рӯзи 8 апрел баъд аз муаррифии гузориши Рушди инсонии Барномаи рушди СММ дар Душанбе гуфт, бекор мондани беш аз 200 ҳазор муҳоҷири корӣ

дар кишвар метавонад таркиши иҷтимоиро ба вуҷуд орад. Вай афзуд: “Дар навбати аввал барои созмон додани ҷойҳои корӣ мо бояд бизнесро ҳавасманд кунем. Дар ин шароит мо бояд гирифтани патент ва шаҳодатномаи соҳибкориро содаву осон кунем. Дар мо ҳолати баръакс мушоҳида мешавад. Мо бояд низоми пантентро таъҷилан бозбинӣ кунем, нархи онро поён барем ва имкониятҳои пешбурди тиҷоратро тариқи он бештар кунем.”

Хонум Улҷабоева афзуд, ин ва дигар пешниҳодҳоро ҷиҳати ҳавасмандкунии соҳибкорон барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, анҷумани зери роҳбариаш ҳунӯз моҳи январи соли равон унвонии ҳукумат ирсол карда буд. Вай бовар дорад, ки барои татбиқи он дар амал иродаи сиёсӣ зарур аст. Улҷабоева гуфт, дар сурати таъҷилан наандешидани чунин чораҳо аз сӯи ҳукумат, оқибати бозгашти муҳоҷирон барои кишвар ногувор хоҳад буд.

Дар ин нишаст ба ҷуз аз масъулони Барномаи рушди СММ ва сафирони бархе аз кишварҳо, вазири рушди иқтисод ва намояндагони вазоратхонаҳои блоки иқтисодии ҳукумат низ ҳузур доштанд. Онҳо пешниҳоду арзёбиҳои хонум Улҷабоеваро ғайривоқеӣ хонданд.

Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо таъкиди он ки вазъ дар Тоҷикистон на ба он шакле бӯҳронист, ки Улҷабоева тавсиф мекунад, гуфт: “Мушкилиҳо вуҷуд доранд, аммо ба ҳадде душвор нестанд, ки ин ҷо гуфта шуд. Ҳукумат барои рафъи таъсири бӯҳрон дар кишварҳои шарики иқтисодиамон барномаи мушаххас таҳия кард, ки он то охири сол амалӣ мешавад. Мо вазъиятро зери назар дорем ва ба ҳар тағйир вокуниши солим нишон медиҳем.”

Ҷаноби Ҳикматуллозода афзуд, бар замми таҳия ва қабули барномаи зиддибӯҳронӣ, онҳо бо ҳамтоёни руси худ низ баҳри рафъи мушкилоти муҳоҷират гуфтушунид доранд. Вай афзуд, ки дар ҷаласаи охири байниҳукуматӣ дар Маскав бархе аз созишҳо ба даст омадаанд, ки дар сурати амалӣ шудани он бисёре аз мушкилоти муҳоҷират ҳал хоҳад шуд.

Баҳси гарми ҷомеаи шаҳрвандӣ, соҳибкорон ва ҳукумат дар мавриди бекорӣ дар ҳолест, ки бинобар маълумоти Оҷонсии омор сатҳи бекорӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 2,3 дарсадро ташкил медиҳад. Чунин сатҳи ночизи бекориро ҳатто кишварҳои пешрафтаи дунё мисли Амрикову Олмон надоранд.

Аммо таҳлилгарони Барномаи рушди СММ мегӯянд, ин рақам сатҳи воқеии бекориро нишон намедиҳад. Чунки он танҳо нафаронеро фаро мегирад, ки расман ба хадамоти шуғли маҳалли зисташон муроҷиат карда, бекор эътироф шудаанд. Аз ин рӯ, ба таъкиди таҳлилгарон сатҳи бекории воқеӣ ба маротиб бештар аст, аммо касе дар Тоҷикистон шумори воқеии бекоронро намедонад. Чунки дар ин росто пажӯҳиши махсусе анҷом нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG